Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия писари Саидқиёмиддини Ғозиро озод кард. Ӯ бо дархости Душанбе дар боздошт буд


Баракатулло Ғозиев, писари Саидқиёмиддини Ғозӣ
Баракатулло Ғозиев, писари Саидқиёмиддини Ғозӣ

Додгоҳи Русия писари Саидқиёмиддини Ғозӣ, як рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро озод кардааст.

Баракатулло Ғозиеви 35-сола моҳи августи имсол бо талаби Тоҷикистон дар шаҳри Қазон дастгир шуд.

Хешовандони Баракатулло 22-юми сентябр гуфтанд, азбаски мақомоти Тоҷикистон бар асоси муқаррароти Русия дар муддати 40 рӯз дархости истирдодро нафиристоданд, ӯро аз боздошт раҳо кардаанд. Пештар онҳо аз имкони фиристода шудани ӯ ба Тоҷикистон ва эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш нигарон буданд.

Мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар қазияи Баракатулло Ғозиев маълум нест. Кӯшиши мо барои тамос бо намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа то ин дам бенатиҷа буд.

Як манбаъ дар Додситонии кул бе зикри ном гуфт, "мақомот танҳо дар як ҳолат шахси мавриди ҷустуҷӯро суроғ намекунанд, агар қарори додгоҳ дар бораи кофтукоб ва ба ҳабс гирифтани ӯ бекор шуда бошад." Аммо мусоҳиби мо нагуфт, ки оё қарори ҷустуҷӯ ва ҳабси Баракатулло Ғозиев дар Тоҷикистон бекор шудааст ё не.

Ӯро мақомоти Тоҷикистон ба барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ муттаҳам карда, дар ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ қарор дода буданд. Мақомот ҳамчунин Баракатулло Ғозиевро ба хиёнат ба ватан муттаҳам карда, гуфта буданд, ӯ гуё дар шабакаи Инстаграм "ақидаҳои мазҳаби шиаро тарғиб мекард".

Пештар ду бародари Баракатулло Ғозиев бо гуноҳи тундгароӣ ва хиёнат ба давлат дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Худи Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуда, ба 25 сол зиндон маҳкум гардид. Ӯ дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

XS
SM
MD
LG