Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" садои занонро дар радиоҳои Афғонистон хомӯш карданд, Лино хонашин шуд. САДО


Ровиёни зан дар як радиои Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Ровиёни зан дар як радиои Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Лино Муҳаммадӣ бо номи мустаори Исро Сиррат се соли охир ҳамчун муҷрӣ ё гӯяндаи барномаҳои тафреҳӣ ва хабархони радиои маҳаллии “Барин” дар вилояти Парвони Афғонистон кор кардааст. Ин радио махсус барои духтарону бонувон барномаҳо таҳия мекард.

Хонум Муҳаммадӣ мегӯяд, ду моҳ пеш, қабл аз суқути Парвон, ду узви "Толибон" дар шаҳри Чоряккор ӯро дар кӯча латукӯб карда, таҳдид намудаанд, ки мекушанд. Ӯ мегӯяд, аз кору барномаҳо ва даромади моҳонааш дар радио хеле розӣ буд, ҳоло ба як духтари хонашин табдил шудааст.

"Вақте зад, пурсидам, "чӣ мушкил дорӣ? Чӣ мехоҳӣ?" Силаи дуюм, силаи сеюмро зад. Боз гуфтам, “ту чӣ мушкил дорӣ? Чаро маро латукӯб мекунӣ?” Гуфт, “хомӯш шав, ки дар фарқат (дар байни сарат) мезанам”. Баъди ин телефонамро ба замин заданд. Гуфтанд, “ҳар духтареро, ки бо расона кор мекунад, пайдо кунем, ҳамон замон дар фарқаш мезанем", -- нақл кард Лино Муҳаммадӣ.

Навид Қодирӣ масъули радиои “Барин” дар Парвон аст. Ба гуфтаи ӯ, то омадани “Толибон” беш аз 30 бону дар ин шабака кор мекарданд. Қодирӣ дар суҳбат бо радиои “Афғонистони Озод” гуфт, барои таъсису роҳандозии ин шабака 30 ҳазор доллар сарф кард ва ҳамакнун бо баста шудани он тамоми пулу заҳматҳояш барбод рафт.

Ӯ мегӯяд, сиёсати радиои “Барин” “ба ҳеч сурат қобили қабули “аморати исломӣ” нест. "Ҳатто гуфтанд, ки эълонҳоятонро бардоред, чӣ расад ба барномаҳои тафреҳиву дигару дигар. Аз ин рӯ, бо сиёсате, ки радиои мо пайгирӣ мекунад, фикр накунам, он дубора фаъол шавад. Сармояе, ки мо ба он ҷо сармоягузорӣ кардем, ҳамааш аз байн рафт", -- гила кард ӯ.

Гузоришро дар инҷо бишнавед:

Садои хомӯши занон дар радиоҳои Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
Линки мустақим

Дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳам аз миёни 11 шабакаи радиоиву се телевизиони хусусӣ, радиоҳои “Ҳарими зан” ва “Садои бонувон” махсус барои духтарону занон барномаҳо таҳия мекард. Масъулини ин шабакаҳо гуфтанд, бо зери назари “Толибон” гузаштани қудрат, дигар ҳеч зан наметавонад дар ин шабакаҳо кор кунад.

Майизуддин Аҳмадӣ, як масъули масоили матбуоти “Толибон” дар вилояти Бадахшон, мегӯяд, мақомот ҳанӯз “ҳеч тасмиме дар заминаи кори бонувон дар расонаҳо” нагирифтаанд.

Ӯ гуфт: "Ин ки занон дар расонаҳо чӣ гуна метавонанд, саҳми фаъоле дошта бошанду хабару гузориш таҳия бикунанд, "аморати исломӣ” пасонтар маълумот хоҳад дод. Ҳоло як вазъияти изтирорӣ аст ва тавре ишора кардам, аморати исломӣ каме банд аст."

Пас аз ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон дар миёнаҳои моҳи августи имсол, матбуот, аз ҷумла, матбуоти мустақил, ки давоми 20 соли гузашта дар ин кишвар ба таври фаровон нашр мешуд, бо маҳдудиятҳои сахт рӯбарӯ гардид.

Аз ҷумла, занон дар расонаҳо мисли гузашта дигар кор карда наметавонанд ва нашри мусиқӣ низ дар шабакаҳои радиоӣ манъ шудааст. Як чунин қарори вижае дар бораи манъи нашри мусиқӣ тавассути радиоҳо дар вилоятҳои Тахор, Бадахшон, Кундуз, Бағлон ва Парвон чанд ҳафта ба ин сӯ амал мекунад.

Бонувони маҳаллие, ки ба монанди Лино Муҳаммадӣ дар ин расонаҳо кор мекарданд, интизоранд, ки оё мақомоти "Толибон" ба онҳо иҷозаи кор медиҳанд ё на.

XS
SM
MD
LG