Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Узбекистон 15 оҳу меорад


Аскар Давлатбеков, як масъули Академияи миллии илмҳои Қирғизистон гуфт, қарор аст, аз Узбекистон ба он кишвар 15 оҳу оварда шавад

Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина қарордоде ба имзо расида, раванди интиқоли ҳайвонҳо ба Қирғизистон оғоз шудааст.

"Оҳуҳо дар Қирғизистон пурра нобуд шуданд. Онҳо соли 2007 буданд, ман шахсан се оҳуро дида будам. Вале баъдан талошҳои мо барои пайдо кардани онҳо бенатиҷа буданд. Мо моҳи оянда оҳуҳоро меорем ва ҳар сол шумори онҳоро бештар мекунем", - гуфт вай.

Оҳу ба Китоби сурхи Қирғизистон шомил карда шудааст. Қонунгузории ин кишвар барои шикори оҳу як миллион сом ҷарима пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG