Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қазоқ баъди даъват ба таҳрими Назарбоев боздошт шуд


Фаъоли мадании қазоқ Алима Абдирова 22-юми сентябр дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон дар ҷараёни ҳамоиши эътирозии инфиродӣ боздошт шуд. Кормандони пулис ҳомии ҳуқуқ Олга Климоноваро низ, ки рафти эътирозро ба навор мегирифт, бо худ бурданд.

Дар ин бора худи Абдирова хабар дод. Ӯ гуфт, барои баргузор кардани эътирози инфиродӣ дар рӯзҳои 21-23 сентябр иҷозат гирифта буд. Фаъоли мадании қазоқ дар рӯзи нахустини эътирози худ аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки зидди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таҳрим эълом кунад. Дар натиҷа 22-юми сентябр, дар рӯзи дувуми эътироз дастгир карда шуд.

Сардори пулиси вилояти Оқтеппа Айбек Копенов тасдиқ кард, ки Абдироваро боздошт кардаанд. Абдирова мегӯяд, 21-уми сентябр аз ҳукумати Оқтеппа занг зада, ӯро огаҳ карданд, ки "формати огоҳкуниро нақз кардааст" ва эҳтимол аст, пулис вайро боздошт кунад. Вале фаъоли маданӣ гуфтааст, қоидаеро вайрон накардааст.

Алима Абдирова дар эътирозҳои инфиродии 16-18 сентябри соли равон ҳам Иттиҳоди Аврупоро ба таҳрими Назарбоев даъват карда буд. Ба гуфтаи вай, таъқибҳои сиёсии шаҳрвандон ва нақзи ҳуқуқи инсон дар давраи раҳбарии Назарбоев ба як таҷрибаи маъмулӣ табдил ёфта буд.

XS
SM
MD
LG