Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Шӯрои паноҳандагони Норвегия аз шикасти иқтисодии Афғонистон


Мардикорбозоре дар Афғонистон. Мардони бекору даромад ин ҷо бо умеди пайдо шудани кори кироя меоянд
Мардикорбозоре дар Афғонистон. Мардони бекору даромад ин ҷо бо умеди пайдо шудани кори кироя меоянд

Шӯрои паноҳандагони Норвегия ҳушдор дод, ки Афғонистон дар остонаи як шикасти иқтисодӣ қарор дорад ва ин кишвар баъди суқути ҳукумат дар моҳи август ва сари кор омадани “Толибон” бо як фоҷеаи башарӣ рӯбарӯ шудааст.

Ян Эгеланд, дабири кулли ин шӯро бо нашри изҳороте рӯзи 27-уми сентябр гуфт, “Иқтисоди Афғонистон аз назорат хориҷ мешавад. Низоми расмии бонкӣ метавонад ҳар лаҳза шикаст хӯрад, чун бо набуди пули нақд рӯбарӯ шудааст. Ман бо оилаҳое ҳамсӯҳбат шудам, ки мегӯянд, рӯзашонро бо як пиёла чою нони қоқ сиёҳ мекунанд”. Рӯзи 15-ми сентябр “Толибон” шаҳри Кобулро ишғол карданд ва баъди ин бисёр кишварҳои хориҷӣ сафоратҳои худро баста, дороиву кӯмакҳои башардӯстона ба ҳукумати Афғонистонро масдуд карданд. Ин ҳолат вазъи башариро бӯҳронӣ кардааст.

Эгеланд гуфт, садҳо ҳазор мардуми беҷошуда дар дохили Афғонистон ба сарпаноҳ, либос ва ғизо ниёз доранд. Ӯ гуфт, бахусус дар остонаи сардиҳои шадид, ки то -20 дараҷаи Селсия мерасад, ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ба таври оҷил лозим мешавад.

Аз моҳи январи имсол 664 ҳазор нафар дар саросари Афғонистон беҷо шуда, шумори умумии мардуми бехонаву дармонда дар ин кишвар 3,5 миллион нафарро ташкил додааст.

Дар изҳороти Эгеланд омадааст, ки дар Афғонистон аз ҳар се нафар як нафараш “шадидан гурусна” аст ва 93 дарсади хоҷагиҳо дар ин кишвар ҳафтаи гузашта ғизои кофӣ надоштанд. Дар ин бора як таҳқиқоти Барномаи ҷаҳонии озуқа хабар дод, ки пурсиши худро телефонӣ анҷом додааст. Дар изҳорот омадааст, ки “донорҳо бояд сари тасмимҳои оҷил ва корсоз тамаркуз кунанд, то ки барои кӯдакон, занон ва мардон, ки наметавонанд интизор нишинанд, ба таври изтирорӣ ёрӣ расонанд”.

Дар изҳорот омадааст, ки аз 32 миллион сокини Афғонистон беш аз 18 миллион нафараш ба таври мустақим аз кӯмакҳои башардӯстона вобаста мебошад. Оғози моҳи сентябр ҷомеаи байналмилалӣ беш аз 1,2 миллиард доллар кӯмаки башариро ба Афғонистон пешкаш намуд. Афғонистон давоми 20 соли охир аз маблағгузории байналмилалӣ вобаста буд ва сеяки буҷаи давлатӣ ҳам аз ҳамин ҳисоб такмил мешуд.

XS
SM
MD
LG