Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: "Як раҳбари мардумӣ бояд дорои кадом хислатҳо бошад?"


Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Дуруд ҳаммеҳани азизам!

Ҳатман хабари аз вазифа рафтани Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро дида, ё шунидаӣ. Ҳатто агар надида бошӣ, ишколе надорад, чун он чӣ мехоҳам, бо ту дар миён бигзорам, сирфан дар бораи худоҳофизии як сиёсатмадор нест.

Он чӣ маро водор карда, то дубора бо ту сари суҳбатро боз кунам, нақшест, ки як сиёсатмадор тавониста на танҳо дар кишвари худ, балки дар арсаи байналмилал ифо кунад.

“Бузургтарин сармояи як сиёсатмадор эътимоди мардумаш аст. Аз мардуми Олмон ба хотири эътимоде, ки дар тӯли ин муддат ба ман доштанд, сипосгузорам!” Ин ҷумлаест, ки Ангела Меркел дар суҳбати охиринаш гуфт ва он ҳамчунон дар гӯши ман пажвок мекунад.

Ин сиёсатмадор, ки тайи 16 соли охир раёсати кишварро ба уҳда дошт, аввалин садри аъзами зан дар таърихи Олмон аст. Дар муддати раҳбарияш Олмон бо буҳронҳои фаровоне, ба мисли

  • буҳрони молии соли 2008,
  • буҳрони Фукушима ва гузаштан аз энержии атомӣ,
  • буҳрони евро,
  • буҳрони паноҳҷӯён дар соли 2015,
  • буҳрони Брекзит,
  • буҳронҳои иқлимӣ ва ниҳоятан
  • буҳрони коронавирус мувоҷеҳ шудааст.

Ӯ чӣ тавр тавониста, дар чунин замонҳои буҳронӣ мудирияти кишварро ба дӯш бикашад ва бовари мардумро аз даст надиҳад?

Аслан чӣ касе метавонист, ҳадс бизанад, зане, ки дар соли 2000-ум ҳамчун “роҳи ҳалле муваққатӣ” барои раҳбарии Ҳизби демократ-масеҳии Олмон интихоб шуд, танҳо пас аз гузашти панҷ сол битавонад дар курсии садри аъзами Олмон такя бизанад ва зимоми идораи кишварро ба даст бигирад!?

Ангела Меркел
Ангела Меркел

Зане, ки тавонист, дар ҷомеаи сиёсии то он замон “мардона”-и Олмон ворид шавад ва онро ба гунае мутаҳаввил гардонад, ки ҳоло ин кишвар ҷузви даҳгонаи пешрафтатарин кишварҳои дунёст. Ӯ дар сохтани Олмоне саҳм дорад, ки яке аз беҳтарин иқтисодҳои дунёро дорост. Акнун, ки аз мансабаш канор меравад, Олмонеро ба мардумаш месупорад, ки дар рутбаи севуми феҳрасти кишварҳои бартари соли 2021 ҷойгир аст.

Фикр мекунам, агар ҳар касе дар бораи зиндагӣ ва корномаи ин сиёсатмадор ҷустуҷӯ бикунад, хеле зуд метавонад далели ин ҳама муҳаббат, эҳтиром ва эътимоди мардуми Олмонро нисбат ба ӯ пайдо кунад.

Фарқи Меркел аз сарони баъзе кишварҳои осиёӣ

Меркел бар хилофи сарони хеле аз кишварҳои осиёӣ барои худаш қасру кӯшк насохтааст. Бино ба гузориши бисёре аз расонаҳо, ӯ дар хонаи сеҳуҷрагие дар Берлин зиндагӣ мекунад ва тақрибан ҳар шарҳрванди Олмон аз нишонии хонааш огоҳ аст. Ва Ангела Меркел новобаста аз симаташ, мисли ҳар шаҳрванди одии дигар, барои харид ба фурӯшгоҳ мерафт. Ӯ бидуни нақша ва омодагиҳои пешакӣ байни мардум мерафт ва бо онҳо ҳамсуҳбат мешуд.

Ҳамчунин, натанҳо дар замони ҷашну ид ба ёдаш мерасид, ки ба мардум табрик бигӯяд, балки дар замони вуқӯи сониҳа, ё мусибате ҳатман ба мардум таслият арз мекард ва ба қавле дар ҳар ҳолат ҳавои мардумашро дошт.

Дар арсаи сиёсӣ шахсоне, ки битавонанд роҳат ва бо оромиши қалбӣ аз маснади қудрат канора бигиранд, ангуштшумор ҳастанд. Бо назардошти он ки Меркел дар суҳбати охираш роҳат мегуфт, аз ин ба баъд метавонад фурсати бештаре барои истироҳат ва мутолиа дошта бошад, метавон гуфт, ӯ низ аз зумраи ҳамин гурӯҳи ангуштшумор аст.

Дар 14-15 солагӣ ба сиёсат ва шинохти сиёсатмадорҳои муваффақ ва нақши занон дар сиёсати ҷаҳон алоқа пайдо кардам. Ёдам ҳаст, ки чӣ тавр маҷзуби китоби “The Iron Lady” (Бонуи оҳанин) шуда будам, ки дар бораи зиндагӣ ва корномаи Маргарет Тэтчер аст. Ӯ ҳам аз камшумор занон дар олами сиёсат аст, ки 11 сол мансаби нахуствазирии Англияро бар уҳда дошт. Он замон пас аз итмоми он китоб ба ин фикр мекардам, ки лобуд чун ҷомеаи аврупоӣ мутафовит аст, Маргарет Тэтчер муваффақ ба касби чунин ҷойгоҳ ва лақабе шудааст. То ин ки китоби “Ҳақиқати ман”-и Индира Гандиро мутолиа кардам.

Ҳар чӣ бештар бо ин ришта ошно мешудам, боварам ба ин ки занон низ метавонанд корномаи муваффақе дар арсаи сиёсӣ касб кунанд, бештару бештар мешуд. Албатта, он чӣ бароям аҳамияти хос дошт, тағийроти муваффақиятомез ва пешрафте буд, ки ин ё он сиёсатмадор метавонист дар кишвараш рақам бизанад, на мард ё зан буданаш.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Лек дурӯғ мешавад, агар бигӯям соли 2013, вақте Ойниҳол Бобоназарова номзад барои интихоботи раисҷумҳурии Тоҷикистон шуд, ҳаяҷонзада ва кунҷков набудам. Он рӯзҳо ҳис мекардам, шояд қарор аст дар Тоҷикистон чунин иттифоқи таърихие рух бидиҳад ва зане бар курсии раёсати ҷумҳурӣ биншинад. Аммо шуд он чизе, ки ҳама шоҳидаш будем. Ҳатто барои сабти расмӣ шудани ин шанси торихӣ имкон надоданд ва шамими баҳори тағйирот, қабл аз пароканда шудан, дар ҳаво маҳв шуд.

Мардумӣ, оддӣ ё ғайримардумӣ?

Солҳост, расонаҳои ҳукуматӣ ва дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат президенти кишварро ҳамчун роҳбари мардумӣ муаррифӣ мекунанд. Ту чӣ фикр мекунӣ, ҳаммеҳанам, як раҳбари мардумӣ бояд дорои кадом хислатҳо бошад? Оё раҳбари мардумӣ касест, ки барои мардумаш дастнорас аст ва танҳо он қисм аз мардум ҳаққи ҳамсуҳбат шудан бо ӯро доранд, ки аз қабл маълум шуда бошад пеши ӯ аз мушкилот ҳарф нахоҳанд зад? Аслан фарқи раҳбари мардумӣ, оддӣ ё ғайримардумӣ дар чист?

Ҳаммеҳанам, ҳамсуҳбати дерин, то замоне ба ин пурсишҳо меандешӣ, иҷоза бидеҳ, чанд хотираи кӯтоҳеро бароят таъриф кунам, ки шояд ту низ намунаи онро дар сандуқи хотиротат дошта бошӣ.

Чун суҳбат аз раҳбари мардумӣ шуд ва раисҷумҳури кишвар рӯзи 21-уми декабр мисли ҳамеша паёми солона дорад, ёди ин хотираҳо уфтодам. Вақте дар мактаб мехондам, рӯзҳои бахусусе буданд, ки ҳамсинфонамон, онҳое, ки дар наздикии мактаб хона доштанд, телевизионеро меоварданд, то якҷоя паёми раисҷумҳурро бибинем.

Агар ин иттифоқ амали иҷборӣ он тавре, ки он замонҳо мегуфтем, “фармон аз боло” намебуд, ҳатман бо диққату иштиёқ ба тамошои он машғул мешудем. Аммо чун инсон аз бунёд дар муқобили ончӣ иҷборист, исён мекунад, телевизион дар рӯи мизи муаллим барои худаш садо дар меоварду ҳамсинфон гурӯҳ-гурӯҳ канори ҳам нишаста ба пич-пич машғул мешуданд.

Дар донишгоҳ низ авзоъ тақрибан ҳамин тавр буд, бо ин тафовут, ки донишкадаи рӯзноманигорӣ бо телевизон муҷаҳҳаз буду чун имкон дошт, омӯзгоре дар рафти дарс бигӯяд фалонӣ, “мавзуъҳои асосии паёми имсола чӣ буд?” иддаи муайяне ба он таваҷҷуҳ мекарданд. Гурӯҳи дигар пас аз нашри матни комили он як бор рӯи сатрҳо чашм медавониданд.

Албатта, ин назари ман аст ва имкон дорад туи азиз бо он мувофиқ набошӣ. Ба назари ту кадом роҳ бештар мардумӣ будани як роҳбарро нишон медиҳад? Вақте тамоми суҳбатҳо дар доираи як сенарияи аз қабл омодашуда сурат мегирад, хуб аст? Ё ҳангоме ки мардум метавонанд озодона аз мушкилот, пешниҳодҳо ва дағдағаҳояшон бо раисҷумҳур ҳарф бизананд, беҳтар аст?

Дар тамоми кишварҳои демократии дунё, дидорҳои махсус барои суҳбате озод байни рӯзноманигорону раисҷумҳур ё мардуми одию раисҷумҳур, донишҷӯёну раисҷумҳур баргузор мешаванд. Чун ин ҳаққи муссалами ҳар шаҳрванд аст, ки бидонад, нафаре, ки барои хидмат кардан ба ӯ ва ҳаммеҳанонаш итихоб шудааст, чӣ гуна одамест, назараш дар бораи ин ё он мавзуъ чист? Барои рушд ва пешрафти кишвар чӣ корҳоро амалӣ карда ва чӣ корҳоеро дар нақша дорад? Раисҷумҳури кишвари ҳуқуқбунёд ва демократӣ медонад, ки интихоб шуда то хидмат бикунад, пас табиист, ки муваззаф аст, ба мардум аз амалкардҳояш ҳисобот бидиҳад.

Ҳар бор, ки чизе мегӯям, як нафари беному нишон пайдо мешавад, ки бигӯяд ту фақат аз камбуд мегӯӣ, агар ягон пешниҳод дошта бошӣ бигӯ, вагарна нанавис. Ту ҳаммеҳани азизу меҳрубонам ҳам, ки ҳар дафъа ҷавобе барои додан ба он нафар дорӣ. Аз ту мамнунам! Лекин биё як бор ҳам ба гуфти он ошнои беномамон амал кунем. Пас, пешниҳод мекунам, имсол ба ҷои паёми “иҷборӣ” суҳбате озод бо мардум ва барои мардум баргузор карда шавад. Дидоре озод ва бидуни сонсур (сензура)!

Пешопеш бигӯям, чун аҷаб нест, ки дар вақти лозим “коронавирус” баҳона бишавад. Кормандони гиромии ҳукумат, оқои раисҷумҳур, дар асри 21 ҳастем дигар! Акнун ташкил кардани дидор ва суҳбате онлайнӣ коре фантастикӣ ва хориҷ аз тавони башар нест!

Назари ту дар ин бора чист, ҳаммеҳан?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG