Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Русия як муҳоҷири тоҷикро "сафед" кард


Додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистонро ғайриқонунӣ донист ва онро бекор кард.

Ташрифбек Маҳмадсаидови 40-сола аз ҷумлаи даҳҳо муҳоҷире буд, ки аввали моҳи декабр, бинобар мушкил доштан дар санадҳояш, дар Русия дастгир ва ба Тоҷикистон ронда шуд.

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 28-уми декабр қарори додгоҳи ноҳияи Кузмини ин шаҳрро бекор кард ва роҳи бозгашти дубораи шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия кушод.

Муҳаммад Собиров, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки аз Ташрифбек дар додгоҳ намояндагӣ кардааст, гуфт, бекор шудани қарори нафаре, ки аллакай дар ватан қарор дорад, камсобиқа аст. Ӯ афзуд, “додгоҳи зинаи поёнӣ ин муҳоҷири тоҷикро беасос ихроҷ карда буд ва онро додгоҳи шаҳрӣ ислоҳ кард.”

Ташрифбек Маҳмадсаидов, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфт барои бозгашт ба Маскав омодагӣ мегирад. Ӯ то замони ихроҷ ҳашт сол дар Русия дар сохтмон кор кардааст ва ҳамсару фарзандаш ҳоло дар Маскав ҳастанд.

Наздик ба 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли охир аз Русия ронда шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз хориҷ мекунанд.

Каримҷон Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ҳангоми содир кардани қарори ихроҷи муҳоҷирон дар додгоҳ ба маводи пешниҳодкардаи пулис такя мекунанд, ки на ҳамеша воқеият дорад.

“Онҳо фикр мекунанд, ки пулис ҳеҷ вақт далели бемантиқ пешниҳод намекунад ва шаҳрвандони Тоҷикистонро хориҷ мекунанд. Қисми зиёди шаҳрвандон аз ҳуқуқи худ бехабаранд ва аз ин рӯ хомӯш мемонанд. Онҳоро метарсонанд, ки агар даъво кардед, тариқи боздоштгоҳ мефиристем ва як ё ду моҳ дар он ҷо мемонед. Аз ин хотир бисёриҳо хомӯширо ихтиёр мекунанд,” – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, ҳангоми баррасии чунин парвандаҳо дар додгоҳ ҳатто маводи пешниҳодии вакилони мудофеи муҳоҷирон қабул карда намешаванд. Ёров мегӯяд, дар Русия баръакси тоҷикон нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои дигар, масалан Украина, Қирғизистон ва ҳатто Узбекистон, чунин муносибат раво дида намешавад.

Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Онҳо мегӯянд, ба сабаби набудани ҷои кору маоши муносиб дар кишвар ба онҷо рафтаанд.

XS
SM
MD
LG