Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев баъди ду ҳафтаи беназмиҳо дар Қазоқистон сукуташро шикаст


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Раиси ҷумҳурии нахустини Қазоқистон, ки аз 28-уми декабри соли 2021 ба ин сӯ дар мазҳари ом пайдо нашуда ва дар пайванд ба беназмиҳои кишвараш изҳори назаре накарда буд, аз худ дарак дод. Нурсултон Назарбоеви 81-сола рӯзи 18-уми январи имсол дар як суханронии видеоӣ гуфт, "миёни элитаҳои сиёсии кишвар ҳеч ихтилофе вуҷуд надорад".

Дар пасманзари беназмиҳои моҳи январи имсол гузоришҳо нашр шуданд, ки Назарбоев ва аъзои хонаводааш эҳтимол ба хориҷа рафтаанд. Раиси ҷумҳурии нахустини Қазоқистон дар паёми видеоӣ гуфт, "ман дар соли 2019 тамоми ваколатҳои президентиро ба Қосимҷомарт Тоқаев супурдам ва аз он вақт боз нафақахӯрам. Дар пойтахт ҳастам ва ҳеч гоҳ кишварро тарк накардаам."

Вай афзуд, дар замони ҳукуматдориаш дар Қазоқистон, ба дастовардҳои зиёде ноил шудааст ва аз мардум хост, президенти феълӣ Қосимҷомарт Тоқаевро дастгирӣ кунанд.

Назарбоев дар бахше аз паёми видеоӣ ба забони қазоқӣ мегӯяд, "гурӯҳҳои созмонёфтаи ифротӣ ошӯб бардоштанд, ҳамлаҳои террористӣ анҷом доданд" ва "дар натиҷаи он" мардуми осоишта осеб диданд. Вай гуфт, "ба шарофати тасмимҳои таъхирнопазири Тоқаев" давлат наҷот ёфт.

Баъзе аз коршиносон тахмин мезананд, ки видео аз чанд ҷояш "таҳрир" шудааст.

Нурсултон Назарбоев, ки се даҳсола Қазоқистонро раҳбарӣ мекард, ду сол пеш аз мансаби президенти канор рафта, вале ҳамчун “Элбаси” (Пешвои миллат), раиси доимии Шӯрои амният ва раиси Ҳизби ҳокими "Нур Отан" шуд.

Бо оғози нооромиҳои аввали моҳи январ, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии ин кишвар, гуфт, раёсати Шӯрои амниятро ӯ ба уҳда дорад. Маълум нест, тағйирот чӣ гуна сурат гирифтааст, вале шахсони наздик ба Назарбоев гуфтанд, ӯ вазифаро бо ихтиёри худ супурдааст.

Дар оғози моҳи январи имсол бо сабаби гаронии гази моеъ дар Қазоқистон мардум эътироз карданд. Ин эътироз дар Алмаато ба хушунат печид ва дар даргириҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Президенти Қазоқистон гуфт, "террористон" ба ин кишвар ҳамла кардаанд, вале далеле рӯшане наовард. Бо даъвати ӯ кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон, ба Қазоқистон нерӯ фиристоданд. Ин тасмим норозигиҳоро дар дохилу хориҷ дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG