Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон пули муҳоҷиронро "муҳим" хонд


Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар як ҷаласа бо ширкати роҳбарони бонкҳои кишвар гуфтааст, пулҳои фиристодаи муҳоҷирати корӣ барои иқтисоди кишвар муҳим аст. Ин ҷаласа шаш моҳ пеш баргузор шуда, ҷузъиёти онро тоза маҷаллаи Бонки Миллӣ нашр кардааст.

Нашрияи "Бонкдорӣ, тараққиёт, ҷаҳонишавӣ" аз қавли раиси Бонки миллӣ навиштааст, "пулҳои интиқолӣ аз муҳоҷирон омиле мебошад, ки ба ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, хусусан ба устувории пули миллӣ ва нигоҳ доштани қобилияти харидории аҳолӣ таъсири мусбат расонда, ба самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва сиёсати фискалии давлат мусоидат менамоянд".

Дар ин нишаст Ҳоким Холиқзода омори пулҳои фиристодаи муҳоҷиронро ошкор накардааст. Ӯ танҳо гуфтааст, сарфи назар аз пайомадҳои бемории COVID-19 интиқоли пулҳои муҳоҷирон дар ним соли аввали соли гузашта назар ба як сол пеш зиёдтар шудааст.

Изҳороти Раиси Бонки миллӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки роҳбари қаблии ин ниҳод талош мекард, нақши пулҳои муҳоҷиронро дар иқтисод камранг ҷилва диҳад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси пешини Бонки миллӣ, моҳи январи соли 2017 зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, болои пули муҳоҷирони тоҷик ва таъсири он ба иқтисоди кишвар "аксент" ё таъкид накунед.

“Иқтисоди мо ба ҷуз аз пули муҳоҷирон чизи дигар надорад?"-, суол гузошта буд Нурмуҳаммадзода. Изҳороти онвақтаи раиси вақти Бонки миллӣ вокунишҳои зиёдро ба миён оварда буд.

Тоҷикистон яке аз он кишварҳои ҷаҳон аст, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ мебошад. Бино ба оморҳои гуногун дар Русия андаке бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Солона онҳо ба кишвар миллиардҳо доллар мефиристанд, то оилаҳояшон рӯз гузаронанд ва зиндагии муносибтаре дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG