Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Украина пешниҳодро барои боздошти Порошенко рад кард


Петро Порошенко дар иҳотаи тарафдоронаш, 19-уми январи 2022
Петро Порошенко дар иҳотаи тарафдоронаш, 19-уми январи 2022

Додгоҳи Украина дархости додситонҳоро барои судури амри боздошти Петро Порошенко, раиси ҷумҳури собиқ, дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, рад кардааст.

Петро Порошенко рӯзи 19-уми январ дар Додгоҳи ноҳияи Пешерск дар Киев ҳозир шуд, ки дар наздикии он садҳо тарафдораш бо парафшонии парчамҳо тазоҳурот мекарданд ва барои муддати кӯтоҳе бо маъмурони пулис даргир шуданд.

Додрас гуфт, шарт нест, ки Порошенко дар боздоштгоҳ бошад, вале ҳар вақте додситонҳо хостанд, бояд барои бозпурсӣ ба назди онҳо ҳозир шавад.

Айни замон додгоҳ ба Петро Порошенко амр додааст, ки дар Киев бимонад ва шиносномаашро ба мақомоти амниятӣ супорад. Порошенко гуфт, аз ин қарори додгоҳ шикоят мебарад, зеро шиносномааш барои пеш бурдани фаъолиятҳои сиёсиаш зарур аст.

Баъди баррасии парванда, Петро Порошенко ба тарафдоронаш пайваст ва ҳамроҳи онҳо ба самти қароргоҳи раиси ҷумҳурӣ ҳаракат кард.

Додситонӣ хоста буд, ки раиси ҷумҳури собиқ ва яке аз сарватмандтарини шахсони Украина барои берун мондан аз боздоштгоҳ бештар аз 37 миллион доллар васиқа гузорад. Парвандаи ҷиноӣ ба зидди Петро Порошенко мояи нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG