Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: қарори ҳамла ба Украинаро худи Путин қабул мекунад


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, хатари ин вуҷуд дорад, ки бӯҳрони Украина аз назорат берун равад. Байден рӯзи чоршанбе дар Вашингтон гуфт, агар Маскав талош кунад, ки ба Украина ҳамла кунад, бонкҳои Русия аз ҳаққи анҷоми амалиёти пулӣ бо доллар маҳрум мешаванд.

Ҷо Байден рӯзи чоршанбе дар як нишасти матбуотӣ дар Кохи Сафед гуфт, вазъ дар Украина ба осонӣ метавонад аз назорат хориҷ шавад. Раҳбари Амрико гуфт, ба назари ӯ президенти Русия Владимир Путин хостори як ҷанги васеъмиқёс нест ва ҳар қарори вобаста ба эҳтимоли ҳамла ба Украинаро худи ӯ қабул мекунад.

Ҷо Байден гуфт, "ман фақат ба ҳамин чиз дилпур ҳастам, ки ин қарорро фақат ва фақат Путин қабул мекунад. Ҳеч як нафари дигар ин корро карда наметавонад ва касе ҳам ба ӯ таъсир гузошта наметавонад. Қарорро худи ӯ қабул мекунад. Гумони ман ин аст, ки тасмими ӯ баста ба он аст, ки бо чӣ табъе субҳ бедор мешавад."

Байден афзуд, рафтори Русия беҷавоб намемонад ва Вашингтону ҳампаймонҳояш бо шеваи сахте вокуниш хоҳанд кард. Аз ҷумла, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки бонкҳои Русия аз муомила бо доллар маҳрум мешаванд.

"Агар онҳо ҳамла кунанд, баҳояшро пардохт мекунанд. Бонкҳояшон бо доллар муомила карда наметавонанд,"-афзуд раиси ҷумҳури Амрико.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Байден гуфт, агар Русия ба Украина ҳамла кунад, ҳолаш бад мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Вазъи марз дар Украина дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Киев ва ҳампаймонҳои ғарбии он аз cафарбар шудани даҳҳо ҳазор сарбози рус дар марз бо Украина дар ташвиш мебошанд.

Русия ҳама гуна эҳтимоли омодагӣ ба ҳуҷуми низомӣ ба Украинаро рад мекунад ва ба Амрикову НАТО шарт гузоштааст. Аз ҷумла, Маскав мехоҳад, ки онҳо аз қабули Украина ба узвияти НАТО даст кашанд.

XS
SM
MD
LG