Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати боздошти 4 муҳоҷири тоҷик дар Русия дароз шуд


Дар ҳамла ба вагони муҳоҷирон дар Иркутск ду кас ҷон бохтанд. Ҳодиса моҳи ноябри соли 2021 рӯй дод
Дар ҳамла ба вагони муҳоҷирон дар Иркутск ду кас ҷон бохтанд. Ҳодиса моҳи ноябри соли 2021 рӯй дод

Додгоҳи Русия муҳлати тафтиши парвандаи чаҳор муҳоҷири тоҷикро, ки моҳи ноябри соли гузашта вагонашон оташ гирифта буд, то 12-уми июни имсол дароз кард.

Бори севум аст, ки муҳлати тафтиши парвандаи муҳоҷирони тоҷик дароз карда мешавад. Ба гуфтаи як мусоҳиби мо, ки аз тафтишот огоҳ аст, аксар шоҳидон як тарафи баҳсанд ва рӯзи ҳодиса бо ҷавонҳои тоҷик ҷанҷол кардаанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, "онҳо ҳамчун шоҳиди беғараз набояд ба тафтишот шоҳидӣ медоданд."

Онҳо гуфтаанд, рӯзи ҳодиса муҳоҷирон ба сокинони маҳаллӣ таҳдид карда, ду ҷавони маҳалиро латукӯб кардаанд. Иддаое, ки муҳоҷирон дар додгоҳ рад кардаанд.

Шаби 12-уми ноябри соли 2021 сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Заларии вилояти Иркутск ба вагони ҳафт муҳоҷири тоҷик ҳамла карданд. Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд ва мақомот чаҳор ҳамроҳашонро боздошт карданд.

Мақомоти тоҷик ва пайвандонашон онҳоро бегуноҳ медонанд. Матбуоти Русия дар ибтидо хабар дод, ки гуё муҳоҷирони тоҷик рӯзи ҳодиса дар назди мағоза ба ҷавонони маҳаллӣ ҷанҷол кардаанд ва онҳо шабона вагонро оташ зада, бо ин роҳ қасос гирифтаанд. Ҳоло як корманди пулиси маҳаллӣ ва се сокини маҳаллӣ низ дар боздоштанд. Мақомоти тафтишотии вилояти Иркутск дар ин бора ҳеч иттилое намедиҳанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки ҳодисаро пайгирӣ дорад. Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, низ дар ин бора охири соли гузашта бо ҳамтои русаш Сергей Лавров суҳбат дошт.

Модарони чаҳор муҳоҷир дар номае аз президент Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, занг зада, барои раҳоии писаронашон кумак расонад.

Дар Русия бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва шикоятҳо аз муҳокимаҳои ноодилона ва бегуноҳ ба зиндон маҳкум шудани онҳо зиёд аст.

XS
SM
MD
LG