Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мигрант Медиа" -- саҳифаи вижаи муҳоҷирон дар Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Саҳифаи вижаи муҳоҷирон дар Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ (тарҳи Радиои Озодӣ) бо камоли хушҳолӣ саҳифаи "Мигрант Медиа"-ро муаррифӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир мавзӯи муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз мавзуъҳои муҳим аст. Айни замон Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон кишварҳои асосии таъминкунандаи муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳастанд.

Қазоқистон ҳам дар солҳои охир муҳоҷирони ин се кишвари Осиёи Марказиро ҷалб мекунад. Маблағе, ки муҳоҷирони корӣ ба кишварҳои худ мефиристанд, василаи зиндагии бисёре аз сокинон аст ва амалан манбаи доимии сармоягузорӣ ба иқтисоди давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои гуногун, моҳи майи соли 2021 дар ҳудуди Русия наздик ба 2,5 миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузур дошт. Теъдоди онҳо дар 1,5 соли охир тақрибан 35-40 дарсад кам шудааст.

Сарфи назар аз ин, ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба мушкилоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, бадбинии қавмӣ ва ғайра рӯ ба рӯ мешаванд.

Тарҳи "Мигрант Медиа" ба хубтар огоҳ кардани муҳоҷирон аз ҳаққу ҳуқуқи худ, уҳдадориҳо ва тартиби будубош дар кишвари муҳоҷирпазир равона шудааст. Хабардор будан – мусаллаҳ будан аст! Мо тасмим дорем, муҳоҷиронро аз рӯйдодҳои навтарин огоҳ кунем, ки барояш муҳим ҳастанд.

Дар сомонаи centralasian.org бар иловаи хабарҳои минтақавиву ҷаҳонӣ метавонед, бо саҳифаи нави "Мигрант Медиа" ошно шавед ва аз хабару гузоришҳои барои муҳоҷирон муҳим огоҳӣ бигиред. Ҳамзамон, ин хабарҳо дар саҳифаи Телеграм дастрас ҳастанд: https://t.me/migrantsmedia

Айни замон ин хабарҳо бо забони русӣ нашр мешаванд ва дар оянда мумкин аст, тарҷумаи онҳо бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад.

XS
SM
MD
LG