Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико трактори беронанда месозанд. ВИДЕО


Тракторҳои беронанда меоянд, деҳқон бекор мемонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Тракторҳои беронанда меоянд, деҳқон бекор мемонад?

Шояд рӯзе дар саросари ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон, киштзорҳои азими пахтаро тракторҳои беронанда коркард кунанд.

Ронанда ҳам метавонад, зери сояи дарахте нишаста ва аз телефони ҳамроҳаш, тракторро рӯзи дароз машғул нигаҳ дорад.

Ин навъи трактор, ки намунааш дар Амрико истеҳсол шудааст, бо як замимаи телефонӣ идора мешаванд ва худашон кишт мекунанду медараванд.

Игино Кафиеро, аз ширкати "Беар Флаг Роботикс" мегӯяд: “Вақте ин кишвар таъсис ёфт, тақрибан 50 дар сади амрикоиҳо кишоварз буданд, ҳоло камтар аз 1 дар садро ташкил медиҳанд. Ин як абзори нав барои босамар кардани кори кишоварзон аст."

Трактори беронанда аз ширкати "Ҷон Дир", бо истифода аз дурбинҳои компютерӣ, ҳуши маснуӣ, ҳаракат мекунад. Аммо кишоварзон киштукорро ба дасти ин деҳқони сунъӣ месупоранд?

Дуг Нимз, кишоварзи амрикоӣ мегӯяд, "ман дар замима ҳаҷми сузишворӣ, замини киштношударо дида метавонам, агар чизи ношиносе буд, трактор меистад ва маро огаҳ мекунад, ки метавонам, аз дигар роҳ равам."

Дурбинҳои назоратӣ имкон медиҳанд, ҳар вақт ки хостед, киштзорро бубинед. Тухмиро дақиқ мегузорад. Доруҳои кимиёвиро ба ҳамон ҷои рустанӣ мепошад, ки зарурат дорад ва аз ин роҳ пулро сарфаҷӯӣ мекунад ва ба табиат зиён намерасонад.

Ба гуфтаи кишоварзон, муҳимтарин фоидаи трактор, сарфаҷӯии вақт аст.

Сара Рокер, дар заминҳои начандон бузургаш дар Монтана лаблабуи қанд, гандум ва лӯбиё кишт мекунад.

“Байни тракторе, ки ҳоло ман дорам ва трактори беронанда фарқи бузурге ҳаст. Ба шарофати технологияи нав, ман метавонам, замини бештар кишт кунам, ҳосили бештар бигирам,”—гуфт ӯ.

Трактори ширкати "Ҷон Дир", охири ҳамин сол дастраси кишоварзон мегардад.

XS
SM
MD
LG