Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Афғонистон берун шуд ва аз "ҳукумати фарогир" гуфт


Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати пешини Афғонистон, ки баъди дубора ба қудрат расидани Толибон натавониста буд, аз кишвар хориҷ шавад, рӯзи 30-юми апрел иҷоза ёфтааст, Кобулро тарк кунад.

Ӯ дар саҳифаи расмиаш дар Твиттер гуфт, барои муддати кӯтоҳе “ба ҳадафи гузарондани айёми ид бо хонавода” ватанро тарк мекунад.

Манобеъ дар ҳукумати Толибон тасдиқ кардаанд, ки доктор Абдуллоҳ аз Кобул ба хориҷ рафтааст.

Бо онки гуфта нашудааст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба куҷо меравад, хонаводаи ин мақоми баландпояи ҳукумати пешин дар Ҳиндустон ба сар мебаранд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, пас аз расидани Толибон ба Кобул дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон монданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ таҳти назорати Толибон ба сар мебурд, вале пайваста бо аъзои ҷомеаи маданӣ ва баъзе аз сиёсатмадорону намояндагони хориҷӣ дар Кобул дидор мекард.

То кунун равшан нест, ки оё Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин низ аз Кобул хориҷ шудааст ё не.

Карзай чанде қабл дар суҳбат бо шуморе аз расонаҳои байнулмилалӣ тасдиқ карда буд, ки ӯву доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ иҷозаи хориҷ шудан аз Кобулро надоранд.

Доктор Абдуллоҳ ҳангоми эълони хабари берун шуданаш аз Кобул фаро расидани Иди Фитрро ба мардуми Афғонистон табрик гуфта, афзудааст, “Афғонистон ба як ҳукумати фарогир ниёз дорад, то битавонад ба мушкилоти кишвар расидагӣ кунад”.

Вай ибрози омодагӣ кардааст, ки барои амалӣ шудани ормону хостҳои мардуми Афғонистон дар канорашон хоҳад монд.

Маълум нест, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дубора ба Афғонистон бармегардад ё не.

XS
SM
MD
LG