Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сол зиндон. Як сокини Файзободро барои задани вакил ҷазо додаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сокини ноҳияи Файзободро бо гуноҳи бо табар задани вакили деҳа ба 15 сол зиндони низомаш сангин маҳкум карданд.

Ҳодиса моҳи октябри соли 2021 рӯй дода, ҳукм моҳи апрели имсол содир шудааст. Тафсилоташро Додситонии кулли Тоҷикистон 13-уми май расонаӣ кард.

Мавқеи наздикон ё вакили мудофеи маҳкумшуда дастрас нест.

Додситонии кул дар баёнияе гуфт, Нуриддин Камолов, сокини деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод, 24-уми октябри соли гузашта вакили деҳа Қурбоналӣ Давлатовро барои роҳнамоӣ кардани маъмурони Хадамоти оташнишонӣ ба хонааш бо табар задааст.

Он замон Камоловро ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ бо истифода аз асбоби худсохт муттаҳам карданд. "Нуриддин Камолов бо табар ба Қурбоналӣ Давлатов ҳамла кардааст, ки дар натиҷа гарданаш захм бардошта, дасташ шикаст," – гуфтанд дар ин ниҳод.

Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи ин сокини ноҳияи Файзободро бар асоси моддаи "суиқасд ба куштор" баррасӣ кардааст. Маълум нест, ки дар мурофиа чӣ гузашта ва Нуриддин Камолов сабаби рафторашро чӣ гуна шарҳ дода.

Вакили деҳа дар Тоҷикистон як вазифаи ҷамъиятӣ аст. Онҳо аз буҷаи давлат маош намегиранд, аммо ба ниҳодҳои давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояшон дар маҳал ёрӣ медиҳанд.

Кормандони Хадамоти оташнишонӣ бо баҳонаи пешгирӣ аз сӯхтор дар манзили мардум ва корхонаҳо санҷиш мегузаронанд. Дар Идораи оташнишонии ноҳияи Файзобод гуфтанд, ин як санҷиши маъмулӣ буд.

Баъзе аз сокинон аз зиёдаравии онҳо ва инчунин нозирони барқ шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG