Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқибати зилзила дар Афғонистон. "Мардум пайиҳам гӯр мекананд"


Теъдоди маҷруҳон аз 1500 нафар зиёдтар будааст.
Теъдоди маҷруҳон аз 1500 нафар зиёдтар будааст.

Теъдоди қурбониёни заминларзаи қавӣ, ки шарқи Афғонистонро бомдоди 22-уми июн такон дод, ба марзи 1000 нафар наздик шудааст. Ба гуфтаи мақомот, чунин зилзила дар 20 соли ахир дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон дида нашуда буд ва асосан рустоҳои дурдастро вайрон кардааст.

Мавлавӣ Шарафуддин Муслим, муовини вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Толибон дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: “Бар асоси иттилооте, ки то ҳол ба даст овардем, на камтар аз 920 нафар кушта шудаанд ва 610 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин иттилооти муқаддамотӣ аст ва шояд теъдоди қурбониён бештар шавад.”

Муҳаммад Амин Ҳузайфа, сардори Раёсти фарҳангу иттилоот дар Пактико ва хабаргузории "Бохтар" гуфтаанд, ки заминларза тақрибан 1000 нафарро кушта ва 1500 тани дигарро маҷруҳ кардааст. Ҳузайфа гуфтааст, ки "мардум пайиҳам гӯр мекананд" ва мумкин аст, талафот зиёдтар шавад.

Зилзилаи 6.1 дараҷаӣ асосан ба вилоятҳои Пактико ва Хӯст осеб расонд. Салоҳуддин Аюбӣ, як намояндаи вазорати умури дохилии Толибон гуфт, ки чархболҳо бо маъмурони имдодӣ ва кумакҳои башарӣ ба маҳалли фалокат шитофтаанд. Ӯ афзуд, азбаски баъзе аз рустоҳо дар куҳистон ва ҷойҳои дурдаст ҷойгиранд, ба даст овардани иттило вақт мегирад, аз ин сабаб шояд талафот аз заминларза бештар шавад.

Видеоҳо аз Пактико нишон медиҳанд, ки осебдидагонро ба чархбол интиқол медиҳанд ва теъдоди дигаре дар замин муолиҷа мегиранд. Билол Каримӣ яке аз сухангӯёни ҳукумати Толибон дар Твиттер навиштааст, ки дар натиҷаи заминларза садҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд, вале ҷузъиёти дигаре дар ин бора надодааст.

Идораи Зилзиласанҷии Амрико гуфт, ки заминларза бо неруи 6.1 дараҷа субҳи 22-уми июн бахшҳое аз Афғонистону Покистонро такон додааст. Марказҳои зилзиласанҷии Аврупо ва Олмон неруи заминларзаро 6 дараҷа гуфтаанд. Бино ба гузориши Идораи Зилзиласанҷии Амрико маркази заминларза дар 46 километрии шаҳри Хӯст дар ҷанубушарқи Афғонистон ва дар умқи 51 километр будааст.

Заминларзаро дар Покистону Афғонистону Ҳинд ва аз ҷумла Тоҷикистон ва бештар аз 119 миллион нафар эҳсос кардаанд. Баъди заминларзаи маргборе, ки соли 2002 дар шимоли Афғонистон тақрибан 1000 нафарро кушт, фалокати 22-уми ин бадтарин заминларза дар ду даҳсолаи ахир дар ин кишвар аст.

Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон дар як баёнияе ба аҳли хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст. Муҳаммад Ҳасан Охунд, нахуствазири Толибон ҷаласаи изтирориеро дар Кохи раиси ҷумҳур даъват карда ва масъалаи кумак ба осебдидагон дар Хӯст ва Пактикоро баррасӣ кардааст. Ромиз Алиакбаров, ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милал дар Афғонистон дар Твиттер навиштааст, ки “кӯмакҳо дар роҳанд.”

Фалокат дар Афғонистон дар замоне рух дод, ки ин кишвари таҳти назорати Толибон дар инзивои байналмилалӣ мондааст ва дучори буҳрони башарӣ аст. Муассисаҳои имдодии Созмони Милал мегӯянд, барои расидагӣ бо мушкилот рафъи буҳрон миллиардҳо доллар зарур аст.

XS
SM
MD
LG