Ҳукумат ва мухолифон чӣ гуна созиш карданд?

Радиои Озодӣ

Аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон 25 сол гузашт. Мақомоти Тоҷикистон солҳо боз қарордоди сулҳро намунаи барҷастаи кори худ нишон медиҳанд ва ин таҷрибаро барои ҳалли низоъ дар Афғонистону гӯшаҳои дигари ҷангзадаи дунё муҳим мешуморанд. Намояндагони мухолифон аз он норозиянд, ки ҳукумат натанҳо ба ваъдааш дар мавриди тақсими қудрат наистод, балки сулҳро ҳосили талошҳои як ҷониб донисту онҳоро пурра аз саҳнаи сиёсӣ ронд ва иддаеро зиндониву гуруҳеро фирорӣ кард. Баъзеҳо дар бораи осебпазир шудани сулҳи тоҷикон дар солҳои охир мегӯянд, аммо ин санад, ки имзояш дар ҳашт давр ва беш аз се сол тӯл кашид ва ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ поён бахшид, чӣ гуна ба даст омад?

5-19-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 1994. МАСКАВ, РУСИЯ. ДАВРИ АВВАЛ

(Намояндагони ҳайатҳо)

Даври нахустини музокироти сулҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон ва ҳукумати Тоҷикистон зери сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид дар Маскав баргузор шуд. Ҳайати ҳукуматро вазири меҳнат Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати мухолифонро раиси Кумитаи ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ Отахон Латифӣ роҳбарӣ карданд. Масъалаи асосӣ "ҳалли сиёсии вазъияти Тоҷикистон"; "фирориёну муҳоҷирони иҷборӣ" ва "сохтори конститутсионӣ" буд. Ҳукумат оташбаси беқайду шарт ва бозгардони паноҳандагонро талаб мекард. Мухолифон истеъфои Шӯрои олӣ, яъне ҳукуматро мехостанд, зеро мегуфтанд, дар иҷлоси Хуҷанд бо вуҷуди даъвату ваъдаҳои барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ як табаддулоти порлумонӣ ба амал омад ва ин ҳукумат ғайриқонунӣ буда, кишварро идора карда наметавонад. Дар ин давр "Рӯзномаи музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ"; "протокол дар хусуси ташкили Кумисюни муштарак дар марвиди гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ"; "изҳорот дар бораи нигоҳдории мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" ва "баёния дар бораи ҷамъбасти давраи аввали гуфтушунид" имзо шуд.

18-26-УМИ ИЮНИ СОЛИ 1994. ТЕҲРОН, ЭРОН. ДАВРИ ДУВУМ

Дар ин даври гуфтушунид дар маркази Эрон ба ҷуз “Баёнияи муштарак оид ба натиҷаи давраи дуюми гуфтушуниди байни тоҷикон" санади дигаре ба имзо нарасид. Онро Отахон Латифӣ ва Шукурҷон Зуҳуров раҳбарӣ доштанд. Иддае даври дувуми музокиротро "номуваффақ" ном мебаранд. Мақомот мегӯянд, ҳайати ҳукуматӣ тарҳи Созишномаро дар бораи оташбас ва қатъи амалиёти дигари душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон пешниҳод карда буд. Бо айни ном Созмони Милал низ тарҳи худро ироа кардааст. Абдунабӣ Сатторзода, намояндаи пешини мухолифон, дар як суҳбаташ тасдиқ кардааст, ки "Созишномаи назорат бар оташбаси муваққатӣ дар Теҳрон омода шуд, вале он вақт ба имзо нарасид. Онро баъди як ё ду моҳ имзо карданд. Бинобар ин ба он ҳеч розӣ шуда наметавонам, ки мегӯянд, даври дувуми музокирот номуваффақ буд."

20-УМИ ОКТЯБР – 1-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 1994. ИСЛОМОБОД, ПОКИСТОН. ДАВРИ СЕВУМ

(Намояндагони ҳайатҳо дар Исломобод, соли 1994)

Ҳайати мухолифонро Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, муовини аввали раиси Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн ва ҳайати ҳукуматиро Абдумаҷид Достиев, муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон раҳбарӣ карданд. Дар поёни ин давр “Протокол дар бораи кумиюсни муштараки татбиқи Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар” имзо шуд. Ба ин ҳуҷҷат номи 27-нафариро аз ду тараф барои табодул замима кардаанд. Бо поёни даври севум дар музокироти байни тоҷикон фосилаи дарозтаре ба миён омад. Дар даври севуми музокирот Иёлоти Муттаҳида изҳор доштааст, мехоҳад, ба ҳайси нозир ширкат кунад. Иттиҳоди мухолифони тоҷик ба чунин ширкат ризоият дод, вале тарафи ҳукумат рад кард. Дар аксар нишастҳои баъдӣ намояндагони Амрико ба ҳайси меҳмон дар гуфтушунид ширкат мекарданд.

17-19-УМИ МАЙИ СОЛИ 1995. КОБУЛ, АФҒОНИСТОН. МУЛОҚОТИ САТҲИ ОЛӢ

(Мулоқоти нахустини президент Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Кобул, 1995)

Дар ҳоле ки гуфтушуниди ҳукумат ва оппозитсиюн ба бунбаст расидаву дармонда буд ва як "нерӯи сеюм" мехост, рӯйи саҳна ояд, рӯзи 3-юми апрели соли 1995 дар Тошканд мулоқоти президенти Узбакистон Ислом Каримов бо ҳайате аз мухолифони тоҷик барпо шуд. Дар он Каримов пешниҳод кард, даври чаҳоруми гуфтушуниди сулҳ дар Тошканд баргузор шавад. Чанде нагузашта дар Кобул мулоқоти ғайриодии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба вуқӯъ пайваст. Тарафҳо дар изҳороте гуфтанд, "ба хотири рафъи низоъ… сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт". Таърихнигор Иброҳим Усмонов мегӯяд, "мулоқот роҳро ба идомаи гуфтушунид боз кард". Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар яке аз суҳбатҳояш бо Радиои Озодӣ дар бемористони Мюнхен гуфта буд, “агарчи содда буд… зербинои сулҳи Тоҷикистон шуд. Ҳама чизи баъдӣ бар пояи он тавофуқоти шифоҳии байни мо сурат гирифт.”

21-УМИ МАЙ – 1-УМИ ИЮНИ СОЛИ 1995. АЛМАТО, ҚАЗОҚИСТОН. ДАВРИ ЧАҲОРУМ

(Теҳрон, соли 1994)

Ҳайати мухолифинро Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раиси ИНОТ ва ҳайати ҳукуматиро Маҳмадсаид Убайдуллоев, муовини нахуствазири Тоҷикистон раҳбарӣ карданд. Дар музокирот намояндагони кишварҳои нозир ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳам буданд. Ҷонибҳо "масъалаи бунёдии сохтори конститутсионӣ ва тақвияти давлатдории Тоҷикистонро баррасӣ карданд". Гуфтушунидҳо бо қабули изҳорот "дар бораи натиҷаи давраи чорум анҷом ёфтанд.” Президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев шахсан ба баҳси тарафҳо дахл кард ва андешаи даъвати Форуми халқҳои Тоҷикистонро, ки қаблан Ислом Каримов ба миён гузошта буд, пуштибонӣ намуд.

1995 – 1996. АШҚОБОД, ТУРКМАНИСТОН. ДАВРИ ПАНҶУМ

(Теҳрон, соли 1995)

Ин даври музокиротро “бетанаффус” меноманд. Даври нисбатан тӯлонитари музокирот дар се марҳила ва дар солҳои 1995-1996 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор шуд. Марҳилаи аввал аз 30-юми ноябр то 22-юми декабри соли 1995 баргузор шуд. Ҳайатҳоро Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарӣ карданд. Дар поёни ин бахш “изҳороти муштарак ва изҳороти раис қабул гардид.” Марҳилаи дувум аз 26-уми январ то 19-уми феврали соли 1996 дар пойтахти Туркманистон гузашт. Дар ин марҳила ҳайати ҳукуматиро Талбак Назаров роҳбарӣ дошт. Роҳбари ҳайати мухолифин Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода буд. Дар поёни нишаст “Эъломияи Ашқобод дар бораи ҷамъбасти марҳалаи дуюми гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ зери сарпарастии СММ қабул шуд.” Марҳилаи севумро аз 8 то 21-уми июли соли 1996 дар Ашқобод баргузор карданд. Дар ҷараёни музокирот тарафҳо “Изҳороти муштарак дар бораи қатъи амалиёти ҷангӣ ва риояи Созишномаи Теҳрон”; “Протокол дар бораи иҷрои амали башардӯстона роҷеъ ба табодули асирони ҳарбӣ ва маҳбусон”; “Баёнияи муштарак дар бораи ҷамъбасти марҳилаи сеюми гуфтушуниди байни тоҷикон дар Ашқобод”-ро имзо карданд.

5-19-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 1997. ТЕҲРОН, ЭРОН. ДАВРИ ШАШУМ

Ҳайати мухолифонро Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раиси ИНОТ ва ҳайати ҳукуматиро Талбак Назаров, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон раҳбарӣ карданд. Масъалаи асосӣ таҳияи “Низомномаи Кумисюни оштии миллӣ” буд. Дар натиҷаи музокирот “Протокол оид ба масъалаҳои гурезаҳо” қабул шуд, яъне "ба таври ихтиёрӣ, бехатар ва боиззат баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои зисти доимиашон". Ҳукумат вазифадор шуд, фирориёнро ба ҷойи изист таъмин карда, ба онҳо ёрии молӣ ва башардӯстона расонад. Ҳамчунин дар санад гуфтаанд, фирориён барои иштирок дар тазоҳуроту муборизаҳои сиёсӣ ва ҷанги дохилӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нахоҳанд шуд.

26-УМИ ФЕВРАЛ – 8-УМИ МАРТИ СОЛИ 1997. МАСКАВ, РУСИЯ. ДАВРИ ҲАФТУМ

(Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдумаҷид Достиев)

Ин даври музокирот дигарбора дар пойтахти Русия гузашт. Ҳайатҳоро Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Талбак Назаров раҳбарӣ карданд. Дар ин давр “Протоколи масъалаҳои низомӣ” имзо шуд. Дар санад гуфта шудааст, “реинтегратсия, халъи силоҳ ва пароканда намудани гурӯҳҳои мусаллаҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик давра ба давра амалӣ карда мешавад ва пурра ба сохторҳои ҳукуматӣ ворид шудани он то 1-уми июли соли 1998 пешбинӣ шудааст".

8-17-УМИ АПРЕЛИ 1997. ТЕҲРОН, ЭРОН. ДАВРИ ҲАШТУМ

Саид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси ИНОТ, Борис Елтсин - раисҷумҳури Русия, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, муовини аввали раиси ИНОТ ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз имзои созишномаи сулҳ. 27-уми июни соли 1997

Даври охирини музокирот байни тоҷикон низ аз ду марҳила иборат аст. Марҳилаи аввал аз 8 то 17-уми апрели соли 1997 дар Теҳрон гузашт. Ҳайатҳоро Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Талбак Назаров роҳбарӣ карданд. Мавзӯи асосии баҳс "Протоколи масъалаҳои низомӣ буд". Марҳалаи дуюм аз 22 то 28-уми майи соли 1997 дар Теҳрон гузашт. "Протокол дар бораи кафилони татбиқи Созишномаи умумии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" ва "Декларатсияи Теҳрон" қабул шуд. Ҷонибҳо ба Созмони Милал дар марвиди додани кафолат муроҷиат карданд. Ҳамчунин Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Узбекистон розӣ шуданд, ҳамчун кафилони сиёсӣ ва маънавии иҷрои Созишномаи умумӣ аз ҳарду тараф баромад мекунанд.

27-УМИ ИЮНИ СОЛИ 1997. МАСКАВ, РУСИЯ

Лаҳзаи имзо шудани созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик

Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон "Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон" имзо шуд ва ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт. 9-уми сентябри ҳамон сол лидерони оппозитсиюн ба Душанбе баргаштанд ва 16-уми сентябр Кумисюни оштии миллӣ ба раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба кор сар кард. Ин имкон дод, то ҳазорҳо гуреза ба ватан баргарданду таҳдоби ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ гузошта шавад, вале бо гузашти 25 сол, сарфи назар аз афви эълоншуда, бештари ҷонибдорони мухолифон ё кушта шуданд ё ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ ё ба хориҷ аз кишвар фирор карданд. Сутунмуҳраи Иттиҳоди мухолифони тоҷик -- Ҳизби наҳзати исломӣ дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор ва аз сӯйи Додгоҳи олӣ террористӣ эълон шуд. Созмонҳои дигари узви ин иттиҳод ё пароканда шуданд ё тағйири мавзеъ намуданд. Мақомот ҳамвора аз талошҳои як ҷониб барои расидан ба сулҳ мегӯянд ва ваҳдати миллиро пойдор мешуморанд. Намояндагони мухолифон онро осебпазир медонанд.