Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон аз сулҳ гуфт, вале ба мухолифон ишорае накард


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз, 27-уми июн, аз замони имзои созишномае, ки ба ҷанги хунин ва панҷсолаи дохилӣ дар Тоҷикистон поён дод, 25 соли расо гузашт.

Дар ҳамин рӯз дар соли 1997 ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон дар Маскав созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карданд. Он заминаро барои хатми даргирӣ ва ташкили ҳукумати фарогир муҳайё кард.

Аз он рӯз то кунун 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як паём бахшида ба ин рӯз гуфтааст, ҳифзи суботу оромӣ ҳоло яке аз муҳимтарин вазифаи ҳар як сокини кишвар аст.

Дар ин паём аз 26-уми июн омадааст, “дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ҳеч ишорае ба мухолифон накардааст, ки ҳоло теъдоде аз онҳову тарафдоронашон дар хориҷа зиндагӣ мекунанд. Ӯро барои аз саҳнаи сиёсӣ рондани мухолифони пешин ва дигарандешон дар чанд соли ахир сахт танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG