Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кушта ва ёздаҳ захмӣ. Ҳамлаҳои мушакии Русия ба Киев


Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ ба Киев ва шаҳри Черкасий дар рӯзи 26-уми июн камаш ду нафар кушта ва 11 тани дигар захмӣ шудаанд.

Баъди зарар дидани ду бинои истиқоматӣ, Виталий Кличко, шаҳрдори Киев ба маҳалли ҳодиса рафт ва гуфт, дар инҷо як нафар кушта ва 6 тани дигар ба шумули як кӯдаки 7-сола захмӣ шудаанд.

Русия гуфт, гузоришҳо дар бораи ҳамла ба ҷойҳои аҳолинишин “бофта” ҳастанд ва низомиёни рӯз як корхонаи аслиҳасозиро ҳадаф гирифтаанд.

Виталий Кличко ҳамлаҳои мушакиро як талоши Русия барои “тарсонидани украиниҳо” дар остонаи нишасти сарони НАТО номид, ки қарор аст, рӯзҳои 28-30-юми июн дар Мадрид баргузор шавад.

Шаҳри Черкасий, ки то ҳол аз ҳамлаҳои Русия эмин монда буд, рӯзи 26-уми июн шоҳиди чанд таркиш шуд. Ба гуфтаи мақомот, дар инҷо 1 нафар кушта ва 5 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG