Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Зеленский аз G7 силоҳи вазнин мехоҳад


Дар ҳоле ки Русия ба ҳамлаҳои худ ба шаҳрҳои гуногуни Украина идома медиҳад, интизор меравад, президенти Украина Владимир Зеленский 28-уми июн аз сарони G7 (ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон) фиристодани силоҳҳои вазнинро бихоҳад.

Фармондеҳии низомии Украина рӯзи 27-уми июн гуфт, минтақаи Одесса дар ҷануби Украина ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои Русия қарор гирифтааст.

Як рӯз пеш нерӯҳои русӣ шаҳри Киев ва минтақаҳои дигарро ҳадаф қарор дода буданд.

"Зарбаҳо ба минтақаҳои аҳолинишин чанд биноро дар масоҳати 500 метр вайрон кард", -- омадааст дар хабари фармондеҳӣ. Ба иттилои манбаъ, оташнишонҳо ҳанӯз талош доранд, ки алангаҳои оташро хомӯш кунанд.

Рӯзи 26-уми июн Украина хабар дод, ки Русия ҳамлаҳои мушакии худро афзоиш дод ва минтақаҳои гуногун аз Лвов то Киев зери ҳамла монданд.

Бар асари ҳамлаи рӯзи 26-уми июн ба Киев ва шаҳри Черкасий дастикам 2 нафар ҷон бохта, 11 нафари дигар, аз ҷумла як духтари 7-сола захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG