Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон бештар аз 100 нақлиёти тиббӣ мехарад


Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июн созишномаи дарёфти 3 миллион доллар грантро бо Бонки Аврупоӣ баррасӣ карданд.

Жаркинбек Қосимбеков, иҷрокунандаи вазифаи вазири тандурустии Қирғизистон гуфт, бо ин маблағ бештар аз 100 нақлиёти тиббӣ харида мешавад.

"Пойгоҳи фарсудаи техникиву моддии низоми тандурустӣ имкон намедиҳад, ки ба аҳолӣ хадамоти босифат расонида шавад", - гуфт иҷрокунандаи вазифаи вазир.

Вай илова кард, ки пештар ба аҳолии 500-600-ҳазории Бишкек 60 тими ёрии таъҷилӣ хидмат мерасонд. Аммо ҳоло, ки аҳолӣ афзудааст, ҳамарӯза 45-50 тими ёрии таъҷилӣ дар хизмати аҳолӣ аст.

XS
SM
MD
LG