Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоки сурх, думи гов, пашми буз. Шеваи кори як танӯрсоз дар Бохтар. ВИДЕО


Раҳматулло Рашидов, як танӯрсоз аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аст
Раҳматулло Рашидов, як танӯрсоз аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аст

Раҳматулло Рашидов, як танӯрсоз аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аст, ки аз маҳсулоти табиӣ танӯр месозад.

Ҳоло бозорҳоро танӯрҳои сементӣ пур кардааст, вале Раҳматулло ҳанӯз ҳам бо усули қадимӣ кор мекунад.

Ӯ хоки барои сохтани танӯрро аз ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Левакант меорад. Танӯрҳои сохтаи ӯ умри тӯлонӣ доранд ва ба сиҳатии сокинон зиён намерасонад. “Таркибаш хоки сурх аст, думи гов ва пашми буз аст, ки омехта карда мехелем. Танӯрҳои мухталиф месозем, барои нонҳои калон, мизоҷон фармоиш медиҳанд. Мо ба хости дили онҳо омода мекунем,”—гуфт ӯ.

Танӯрсозӣ барои Раҳматулло ҳунари аволдӣ аст. Ӯ ин ҳунарро аз падару бобояш омӯхтааст ва онро ба фарзандонаш меомӯзад.

Раҳматулло мегӯяд, ҳафт фарзандро по пули ҷаъмовардаи танӯрсозӣ бузург карда аст.

Танӯрҳои сохтаи ӯ аз 400 то 1500 сомонӣ арзиш доранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Хоки сурх, думи гов, пашми буз. Шеваи кори як танӯрсоз дар Бохтар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG