Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фадеев: Фарзандони муҳоҷироне, ки русиро намедонанд, ба мактаб қабул нашаванд


Яке аз мактабҳои Русия
Яке аз мактабҳои Русия

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия, Валерий Фадеев, гуфт, фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактабҳои русӣ қабул шаванд.

Ин суханҳои ӯ дар робита ба пешниҳоди Оҷонси федеролии умури миллатҳо дар бораи таъсиси марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон дар Русия дар канали "Телеграм"-и ин шӯро нашр шуд.

Дар мулоқоти ахири президенти Русия Владимир Путин бо раиси Оҷонси федеролии умури миллатҳо Игор Баринов марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон баррасӣ шуд.

Путин гуфт, "мардум бояд дарк кунанд, ки вақте ба Русия меоянд, бояд урфу одати моро эҳтиром кунанд, қонунҳои кишварро донанд ва риоя намоянд".

Ба назари Фадеев, вақте фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд, "таълими тамоми синфҳо халалдор мешавад".

"На танҳо кӯдакони рус, балки худи меҳмонон низ азият мекашанд. Агар онҳо чизе нафаҳманд, дар бораи раванди таълим чӣ гуна суҳбат кардан мумкин аст? Ин гуна кудакон бояд ба давраҳои ҳарсолаи омӯзиши забони русӣ фиристода шаванд ва танҳо баъд аз он ба синфҳои умумӣ қабул шаванд," - афзуд ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG