Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон дигарбора Остона мешавад. Пойтахти Қазоқистон номи пешинаашро мегирад


Ду осмонхароши шаҳри Нурсултон.
Ду осмонхароши шаҳри Нурсултон.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар як ҳаракати дигар барои фосила гирифтан аз президенти пешин ризоят додааст, ки номи пойтахти кишварро аз Нурсултон ба Остона табдил диҳанд.

Руслан Желдибой, сухангӯи Тоқаев рӯзи 13-уми сентябр дар Фейсбук навишт, ки раиси ҷумҳур пешниҳоди гуруҳе аз вакилонро пазируфтааст ва акнун онро ба тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ ва ё Конститутсияи Қазоқистон илова мекунанд.

Рӯзи 2-уми сентябр аъзои Ҳизби Қазоқистони нав дар порлумон пешниҳод карданд, ки номи Остонаро, ки ба хотири раиси ҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоев, Нурсултон ном гузоштанд, баргардонанд.

Тоқаев соли 2019 номи Остонаро ба Нурсултон иваз кард ва як рӯз баъд аз онки Назарбоев пас аз тақрибан 30 соли ҳукмронӣ аз мақомаш истеъфо дод ва Тоқаевро вориси худ эълон кард.

Бо вуҷуди рафтан аз мақом, Назарбоев ҳамчун раиси Шӯрои амнияти миллӣ қудрати зиёдеро дар даст дошт ва ҳам унвони “элбосӣ”-ро, ки ба маънии пешвои миллат аст. Шаҳрвандони зиёде аз дар аҳди ҳукмронии ӯ аз саркӯб ва маҳдуд шудани ҳуқуқи худ шикоят мекарданд.

Эҳсоси манфии онҳо дар моҳи январи соли 2022 хуруҷ кард ва ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ печид. Намоишҳои эътирозӣ аввал ба зидди гарон шудани қимати маводи сӯхт буд, вале баъдан ба нооромӣ ва хунрезӣ кашид.

Тазоҳургарон аз ришвахорӣ дар аҳди Назарбоев ва хешутаборбозӣ мегуфтанд, ки ба оилаи раиси ҷумҳури собиқ ва атрофиёни ӯ имкон дод, сарвати зиёде ба даст биёранд. Мардуми оддӣ мегуфтанд, ки аз сарвати зиёди Қазоқистони саршор аз захираҳои нафту газ баҳра намебаранд.

Қосимҷомарт Тоқаев баъди ин тазоҳурот, Нурсултон Назарбоевро аз мақоми раиси Шӯрои амнияти миллӣ маҳрум кард ва ин вазифаро худаш гирифт. Баъдан теъдоде аз хешовандону шарикони Назарбоевро аз мақомҳояшон дар ҳукумат барканор кард ва баъзе истеъфо доданд. Чанде ҳам бо иттиҳомоти ришвахорӣ боздошт шуданд.

Моҳи июни имсол Тоқаев, пешниҳод кард, ки Қонуни асосии Қазоқистон ислоҳ карда шавад ва номи Назарбоев ва мақоми “элбосӣ” – и ӯро аз ин санади кишвар бардоранд.

Мунтақидони давлат мегӯянд, ки пешниҳодҳои Қосимҷомарт Тоқаев асосан намоишӣ аст ва сохтори автократии кишварро, ки солҳо боз олуда ба ришвахориву хешутаборбозист, тағйир намедиҳад. Руслан Желдибой, сухангӯи Тоқаев дар Фейсбук навиштааст: “Айни замон раиси ҷумҳур нақши таърихии Назарбоев дар таҳкими давлатдории муосир ва таъсиси пойтахти кишварро эътироф мекунад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG