Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои тоҷику узбек барандагони Ҷоми президенти Тоҷикистон шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни мардон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 24-27-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир гардид, дар ёздаҳ вазн ва муштзанҳои Узбекистон дар ду вазни дигар ғолиб шуданд.

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ, рӯзи 29-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бори аввал баргузор шуд, 87 варзишгар аз Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карда, дар сездаҳ вазн рақобат карданд".

Дар ёздаҳ вазн муштзанҳои тоҷик пирӯз шуданд. Усмонҷон Мирзоев дар вазни 48 кило, Меҳроҷ Ҳомидов дар вазни 51 кило, Муҳамадалӣ Ҳасанов дар вазни 54 кило, Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кило, Абдураҳим Ёқубов дар вазни 60 кило, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило, Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кило, Абдумалик Болтаев дар вазни 74,5 кило, Шаббос Неъматуллоев дар вазни 80 кило, Наврӯз Ҷафоев дар вазни 86 кило ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни беш аз 92 кило барои ҷойҳои аввал бо медалҳои тило ва Ҷоми президенти Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Дар ду вазн муштзанҳои узбекистонӣ ғолиб омаданд. Сулаймон Латипов дар вазни 66,5 кило дар финал бар ҳамватанаш Уткурбек Абдулқодиров дастболо шуд. Намояндаи дигари Узбекистон Бобур Юлдошев дар вазни то 92 кило дар даври ниҳоӣ Насим Шариповро аз Тоҷикистон шикаст дод.

“Ҳамакнун варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки аз 30-юми октябр то 13-уми ниябр дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон – доир мегардад, омодагӣ мебинанд”, - гуфт Мансур Муҳиддинов.

XS
SM
MD
LG