Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ИМА: "Ҳама гуна баҳсҳо аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шаванд"


Принсипҳои эҳтиром ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳои узви маҳфили С5+1 дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА таъкид шуд. Дар изҳороти хотимавие, ки рӯзи 28-уми сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки «ширкатдорон инчунин ба аҳамияти пойдории сулҳ ва амният ва ҳам ҳалли ҳама гуна баҳсҳо аз роҳҳои дипломатӣ таъкид карданд».

Мулоқоти навбатии дипломатҳои баландпояи Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбекистон ва Туркманистон бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 22-юми сентябр дар ҷараёни иҷлосияи 77-уми Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд. Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард. Дар изҳороте, ки дар вебсайти Департаменти давлатии ИМА нашр шуд, мушаххасан аз низои марзии пурқурбонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 14-17-уми сентябр сар заду ҳарду тараф ҳамдигарро дар «таҷовуз» ба қаламрави ҳамдигар бо истифода аз силоҳҳои сангин гунаҳгор карданд, ёд нашудааст. Вале ин ҳодиса мояи нигаронии ҷиддии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла ИМА гардид.

Аз минбари Маҷмаи кулли СММ раҳбарони ҳайатҳои давлатии ин кишварҳо – президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамдигарро дар доман задани ин низоъ гунаҳгор карданд. Рӯзи 23-уми сентябр вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон - Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубаев бо Розмари Анн ДиКарло, муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ «дар бораи вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар ва омодагии худро барои идомаи музокирот ба хотири ҳалли сулҳомези масъала баён карданд”.

Дар изҳороти баъди ҷаласаи С5+1, ки аз соли 2015 ба ин сӯ чун маҳфили машваратии вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ИМА амал мекунад, инчунин гуфта шудааст, ки дар ҷараёни он ба идомаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва мулоқотҳо дар доираи ин чаҳорчӯб таъкид шудааст. Ба хотири тавсеаи ҳамкориҳо дар ин чаҳорчӯб ширкатдорон аз таъсиси котиботи маҳфили С5+1 хабар доданд. «Онҳо инчунин ташаббусҳои марбут ба амнияти иқтисодии минтақавӣ ва иртибототро баррасӣ карданд, ки ҳадафаш таъмини амнияти ғизоӣ ва энержӣ ва ҳам тақвияти ӯҳдадориҳо дар масоили ҳуқуқи башар мебошад”, омадааст дар матни изҳорот.

Идомаи дастгирии рушди соҳибкорӣ, муқобила бо тағйироти иқлим, технологияҳои сабз, рушди босуботи кӯҳ ва мудирияти об, тамрину омӯзишҳо ва рафтуомади инсонҳо аз дигар мавзӯъҳои мавриди пуштибонӣ дар доираи ҳамкориҳо номида шуд. Ширкатдорон таъкид намуданд, ки мулоқоти гурӯҳҳои

маҳфили C5+1 дар мавзӯи иқтисод, энерживу муҳити зист, амният ва гурӯҳҳои кории C5+1 ба таври мунтазам идома хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG