Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, тарс додани хабарнигоронро бас кунанд


Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро шадидан маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 4-уми октябр паси дарҳои баста Ғурбатиро бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум намуд. Худаш гуфтааст, гуноҳе надорад.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз журналистон, мегӯяд, "CPJ ҳукми сангин ва ноодилонаро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳкум мекунад."

"Ба назар мерасад, он ҳосили нороҳатии мақомоти Тоҷикистон аз маъруфияти журналистикаи иҷтимоӣ аст, ки Ғурбативу ҳамкораш Далери Имомалӣ дар ин соҳа кор мекарданд."

Ӯ талаб кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон билофосила Абдуллоҳ Ғурбативу Далери Имомалӣ ва журналистони дигари боздоштшударо раҳо кунанд. CPJ мегӯяд, онҳо барои хабарнигорӣ дастгир шудаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, маъракаи тарс додани рӯзноманигоронро бас кунанд.

Дар панҷ моҳи охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам ду нафари онҳо ба зиндон маҳкум шуданд. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гашта ва худашон ҳушдор гирифтаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

26-сола аст ва солҳои охир ҳамчун журналисту блогери мустақил кор мекард. Дар гузоришҳояш дар Ютуб масоили ҳассоси иҷтимоиро ба баҳс гирифта, аз кори мақомот башиддат танқид мекард. Дар гузашта дар хабаргузории "Азия-Плюс", нашрияи "Пайк" ва Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи майи соли 2020 ду дафъа мавриди ҳамла қарор гирифт. Бори аввали дар назди хонааш дар Душанбе ва бори дувум замоне ки мехост аз вазъи сокинони селзадаи Хуросон гузориш диҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG