Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 12 сарбози асири украиниро бо 9 сарбози худ табдил кардааст


Русияву Украина аз ин пештар дар моҳи октябр чандин асирони ҷангии худро иваз карданд.
Русияву Украина аз ин пештар дар моҳи октябр чандин асирони ҷангии худро иваз карданд.

Русияву Украина аз табодули нави асирон хабар доданд. Ба гуфтаи ду тараф, онҳо 12 асири украинӣ ва 9 сарбози русро бо ҳам иваз кардаанд.

Андрей Йермак, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина рӯзи 26-уми ноябр дар Твиттер навишт: “Ба мо муяссар шуд, 12 украиниро раҳо кунем. Сарбозони мо, ки Мариупол, неругоҳи атомии Чернобил ва Ҷазираи Морро муҳофизат мекарданд, ба хона бармегарданд.”

Вазорати дифои Русия гуфт, дар “натиҷаи музокирот” Украина 9 асири ҷангии Русияро озод кардааст.

XS
SM
MD
LG