Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон интихоботи палатаи болоии порлумон доир мешавад


Сенати Қазоқистон.
Сенати Қазоқистон.

Интихоботи Сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон ба рӯзи 14-уми январи соли 2023 таъйин шуд. Фармонро дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, президенти он кишвар, рӯзи 26-уми ноябр имзо кард.

Интихоботи Сенат дар робита ба хатми муҳлати салоҳиятҳои вакилон сурат мегирад.

Бино ба тағйироти нав ба Конститутсияи Қазоқистон, президент акнун ҳаққи таъйини 10 узви сенатро дорад. Дар ҳоле ки то ин замон президент 15 узви сенатро таъйин мекард.

Аъзои сенат аз сӯи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ интихоб мешаванд. Дар умум, Сенати Қазоқистон 50 узв дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG