Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба имтиҳони озмоишии забони давлатӣ омода мешавад


Соли 2023 барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон, ба таври озмоишӣ, имтиҳони забони давлатӣ ҷорӣ мешавад.

Дар навбати аввал онро қазоқтабороне месупоранд, ки дар санадҳояшон миллаташон нишон дода нашудааст. Дар ин бора вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Тамара Дуйсенова хабар дод.

Вазир илова кардааст, ки тибқи консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати он кишвар, то соли 2027 барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон донистани забони қазоқӣ, таърих ва Конститутсияи он кишвар роҳандозӣ хоҳад шуд.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳукумати Қазоқистон тарҳи қонунеро таҳия кард, ки бар асоси он, мақомот метавонанд, дархости касонеро барои дарёфти шаҳрвандӣ рад кунанд, ки забони давлатӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории миллиро намедонанд.

XS
SM
MD
LG