Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтареро, ки баданаш дар Русия сухта буд, ба Тоҷикистон бурданд. ВИДЕО


Шаҳнозаро аз Русия ба Тоҷикистон бурданд.
Шаҳнозаро аз Русия ба Тоҷикистон бурданд.

Шаҳноза Наврӯзоваи 10-сола, духтари як муҳоҷири тоҷик, ки дар сӯхторе дар ноҳияи Белоярскии Русия ҷароҳат бардошта буд, ҳамроҳ бо падараш ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург хабар дод, ки бо кумаки онҳо рӯзи 17-уми декабр ин падар бо духтари бемораш ба Тоҷикистон баргаштанд.

Хонаи иҷораи Аминбек Наврӯзов, муҳоҷири тоҷик шаби 21-уми сентябри имсол оташ гирифта буд. Дар ин сухтор ҳамсару чор фарзанди муҳоҷир ҷароҳат бардоштанд. Ҳамсару фарзандони дигари Наврӯзов, ки ҷароҳати сабук бардошта буданд, ба Тоҷикистон баргаштанд, вале Шаҳноза дар бахши эҳёгарии беморхона бистарӣ буд.

Консулгарии Тоҷикистон дар хабарномае рӯзи 18-уми декабр гуфтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикон дар Екатеринбург ба ин хонавода кумаки моливу ҳуқуқӣ расонидаанд.

“Аминбек Наврӯзов ва фарзанди ҳанӯз бемораш Шаҳноза--ҳамроҳи ҳамшираи шафқати вобастакардашуда хонум Назира--бо тайёраи ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии" ба шаҳри бостонии Хуҷанд, ба Ватани азизу маҳбуб, баргаштанд.”,--гуфта шудааст, дар хабарномаи Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург.

Шаҳноза ҳанӯз пурра сиҳат нашудааст ва ӯро рӯи кати вижа ба Тоҷикистон бурданд. Аминбек Наврӯзов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмим доранд, табобатро дар Хуҷанд идома диҳанд.

“Ман дар Русия шароит барои истодан надоштам. Консулгарӣ кумак кард, муҳоҷирон кумак карданд, ҳазор раҳмат, лекин ба фикрам табобати духтарам дар Тоҷикистон осонтар аст.”—гуфт ӯ.

Видеои Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаро инҷо бинед:

Ба сари оилаи муҳоҷири тоҷик дар Русия "бадбахтӣ" омад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Ин муҳоҷири 43-солаи тоҷик 11 моҳ пеш бо зану фарзандон барои кор дар як хоҷагии кишоварзӣ ба ноҳияи Белоярский рафта буд. Ба гуфтааш, дар хонаи як сокини маҳаллӣ, ки зодаи Узбекистон будааст, кору зиндагӣ мекарданд.

Дар сухтори рӯзи 21-уми сентябр тамоми либосу шиноснома ва санадҳои хонаводаи муҳоҷири тоҷик сӯхтааст. Расонаҳои Русия сабаби сухторро ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ гуфта буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG