Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД аз Русия хост, парвандаи зани муҳоҷирро одилона таҳқиқ кунанд


Навори лаҳзаи ҷанҷол миёни ошпази гурҷӣ ва зани тоҷик дар ошхонае дар Маскав
Навори лаҳзаи ҷанҷол миёни ошпази гурҷӣ ва зани тоҷик дар ошхонае дар Маскав

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз Русия хост, парвандаи як зани муҳоҷирро, ки ба куштани ошпазе дар Маскав гумонбар аст, одилона таҳқиқ кунанд.

Мақомоти Русия Сайёра Дусаеваи 36-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 4-уми январи имсол ба иттиҳоми даст доштан дар куштор боздошт карданд.

Ӯ ба он гумонбар аст, ки ҳангоми ҷанҷол ошпази ошхонаи гурҷиро бо корд задааст.

Ҳамкорони Сайёра ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, "ҷанҷол пас аз шӯхӣ ва дастдарозии мард ба зан оғоз ёфт."

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе рӯзи 10-уми январ гуфт, “ошпази тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб карда, нисбат ба ӯ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дидааст. Шаъну шарафи ӯро паст задааст. Номбурда маҷбур шудааст, барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад.”

Ин қаҳвахонаи гурҷӣ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав ҷойгир аст.

Дар наворҳое, ки зоҳиран аз дурбини ошхона ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки мард аз мӯйи сари зан дошта, ӯро латукӯб мекунад. Дар навор дида мешавад, ки зан ба қафаси синаи мард мезанад.

Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба вуҷуд овард. Баъзе аз корбарони тоҷик навиштаанд, ки кирдори зан набояд ҳамчун куштор, балки кӯшиши ҳимоят аз худ баррасӣ шавад.

Бар асоси ҳисобҳои расмӣ аз ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик наздик ба 80 ҳазор зани тоҷик дар Русия кор мекунанд. Шароити кор барои занони тоҷик дар Русия душвор гуфта мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG