Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коммерсант": Кремл ба интихобот бо ширкати Путин омодагӣ мебинад


Кремл барои пешбарии номзадии Владимир Путин дар интихоботи навбатии президентӣ омодагӣ мебинад.

Нашрияи "Коммерсант" рӯзи 13-уми январ бо истинод ба манбаъҳои худ навишт, ки эҳтимол интихоботи президентии Русия, моҳи марти соли 2024 баргузор шавад. Ба навиштаи расонаҳои Русия новобаста ба вазъ дар ин кишвар ва ҷаҳон, Владимир Путин дар ин интихобот ширкат хоҳад кард.

Путин, ки аз соли 2000- ум дар курсии раиси ҷумҳури Русия нишастааст, тасмими пешбарии номзадиашро дар интихоботи навбатӣ ҳанӯз расман эълом накардааст. Аммо таҳлилгарон сенарияҳои гуногуни интихоботиро баррасӣ доранд.

Бар асоси тағйирот ба Қонуни асосии Русия ба Владимир Путин, ки соли 2024 давраи президентияш ба охир мерасад, имконият дода шуд, то дар интихоботи солҳои 2024 – 2030 ҳам номзадии худро пешбарӣ кунад.

Қарор аст, моҳи сентябри имсол дар Русия интихоботи раисони вилоят ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шавад. Яке аз манбаъҳои “Коммерсант” мегӯяд, дар ин интихоботҳо "баъзе тасмимҳо" санҷида хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ бо шароитҳои вижае сурат мегиранд, ки Кремл дар интихоботи президентӣ бо онҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.

Владимир Путини 70 сола дар солҳои 2000 ва 2004 барои ду давра раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ӯ дар соли 2012, пас аз чаҳор соли як "қалъабандӣ"-и мансаби президентӣ бо рафиқаш, Дмитрий Медведев, ба курсии президентӣ баргашт.

XS
SM
MD
LG