Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқӣ дар Афғонистон ва интиқоди Толибон аз Узбекистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бебарқиҳо дар сармои шадиди Афғонистон боиси интиқоди ҳукумати Толибон аз Узбекистон шудааст.

Амирхон Муттақӣ, Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон рӯзи 22-юми январ зимни суханронӣ дар як ҳамоиш дар Кобул аз Узбекистон интиқод кард, ки содироти барқро дар шароити душвор қатъ кардааст. Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ба Узбекистон ин шоҳбайти Саъдиро хондааст, ки "Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст...".

Ӯ аз Узбекистон хостааст дар ин зимистони сард ва душвор дар бахши интиқоли барқ ба Афғонистон ба ваъдаи худ вафо кунад. "Ба он ваъдаи худ пойбанд бимонанд, ки ба ширкати "Брешно" ваъда кардааст, ки беш аз 400 мегаватт барқро ба Афғонистон фароҳам месозад. Мутаассифона, ки он барқро акнун қатъ кардаанд ва шаҳрвандон бо мушкил рӯбарӯ мебошанд".

Ҳикматулло Охунзода, раиси ширкати Брешно, ки зери раҳбарии ҳукумати Толибон мебошад, дар паёме ба Радиои Афғонистон Озод сабаби қатъи барқ дар Кобул ва дигар вилоятҳоро мушкили техникӣ дар Узбекистон хонд. Аммо Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон мегӯяд, ки Узбекистон барқро ба Афғонистон қатъ кардааст.

Сокинони Кобул мегӯянд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат барқ мегиранд. Ба гуфтаи онҳо, барқ вақте меоянд, ки мардум хобанд ва ҳеҷ ниёзе ба он надоранд".

Фараҳноз, як сокини шаҳри Кобул хитоб ба ҳукумати Толибон мегӯяд, "шумо аксҳои чароғони Кобулро нашр карда будед, куҷо аст ин барқи хаёлӣ, ки мо худ наметавонем бубинем? Чаро мушкилоти барқро ҳал намекунанд? 24 соат дар вебсайти Брешно эъломия мегузоранд, ки барқ дуруст мешавад, ин қадар мегаватт дар 24 соат намефаҳмам буда ва` набуда. Ман намефаҳмам ин барқи хаёлӣ ба куҷо васл мешавад?"

Набуди барқ дар Кобул ва вилоятҳои дигари Афғонистон сабаб шудааст, мардум барои гарм кардани хонаҳояшон аз газ ва ангиштсанг истифода кунанд. Истифода аз ин маводи сӯхт ҳам сабаби ҷон бохтани даҳҳо тан шудааст.

Сокинони Кобул дар ҳоле аз набуди барқ интиқод мекунанд, ки ҳукумати Толибон чанде пеш аз ду қарордоди барқ миёни Афғонистон, Узбекистон ва Тоҷикистон хабар дода буд.

Мақомоти ҳукумати Толибон охири ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки бар асари сардиҳо беш аз 100 нафар дар Афғонистон ҷон бохтанд. Минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумули Афғонистон ин мавсим сардтарин зимистонҳоро дар солҳои ахир таҷриба мекунанд.

Рӯзҳои ахир дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мардум аз бебарқӣ ва камбуди маводи сӯхт шикоят мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG