Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол беш аз 30 ҳазор мошин аз Русия ба Тоҷикистон омадааст


Дар як соли ахир, ба вижа пас аз оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина, зиёда аз 30 ҳазор мошини сабукрав бо рақаму нишонии минтақаҳои Русия ба Тоҷикистон омадааст.

Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, соҳибони мошинҳо шаҳрвандони Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон буданд.

Нома рӯзи 26-уми январ дастрас шуд. Ҳоло ҳаракати мошинҳо бо рақаму нишонии минтақаҳои Русия дар роҳҳои Тоҷикистон афзудааст. Соҳибони баъзе аз онҳо гуфтанд, шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро доранд ва пас аз эълони сафарбарии нерӯҳои иловагӣ ба артиш, муваққатан ба кишвар баргаштанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар охири моҳи октябри соли гузашта гуфт, ки пас аз фармони басеҷ ё "мобилизатсия" 30 ҳазор шаҳрванди Русия ба Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар омадаанд.

Басеҷ ё мобилизатсия моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуд. Мақомоти Русия гуфта буданд, ба ин маърака афроди душаҳрвандӣ, ки таҷрибаи хидмат дар артишро доранд, низ ҷалб хоҳанд шуд.

Ба ҳисобҳои расмӣ, садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли 2022 тақрибан 120 ҳазор нафар ин санадро гирифтаанд.

Тайи ёздаҳ моҳи ҷанг, ҷасадҳои даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз тарафи Русия дар Украина меҷангиданд, ба кишвар интиқол ёфтаанд. Ҳамчунин ҷасадҳои шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия муҳлати ҷазои худро сипарӣ мекарданд ва ба гуфтаи наздиконаш ба ҷанги Украина бурда шуданд, ба ватан оварда шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG