Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои решакан кардани ришвахорӣ, тоҷики нав одами нодаркор, қурбониёни бегуноҳи минаҳои марзӣ


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо зиёиёни кишвар, ки 20 март дар Душанбе баргузор гардид, мавзуи аслии саҳафоти рузномаҳо дар ин ҳафта мебошад. Бахши аъзами ҳафтаномаҳо ба масъалаи озодии сухан, ки президент дар суханронии худ таъкид кард, таваҷҷуҳ кардаанд. «Мо - гуфтааст президент - тарафдори онем, ки журналистон ҷасурона камбудиҳои ҷомеаро ошкор ва гунаҳкоронро танқид кунанд, дар роҳи ҳалли мушкилоту боло бардоштани сатҳи фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардум мусоидат намоянд. Аммо нашрияи "Вечерний Душанбе" нигаронии департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҷеъ ба муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо васоити омми ахбори кишварро чоп кардааст. Намояндаи Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар яке аз нишастҳои шурои ин созмон дар шаҳри Вена гуфтааст, матбуоти мустақил дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва шаффоф гузаштани интихобот нақши ниҳоят муҳимро мебозад. Аммо тули соли гузашта ба Қонун оид ба васоити ахбори умуми Тоҷикистон чанд тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки дар ҳақиқат боиси назорати давлат аз болои расонаҳои хабарӣ ва тавсиаи имконоти фасоду ришвахорӣ мегарданд.
"Азия Плюс" бо суоли Чӣ тавр мушкили коррупсияро ҳал кунем? Дар сайти худ ба хонандагон муроҷиат кардааст. Панҷоҳу ду дар сади посухдодагон роҳи ҳалли ришвахориро дар ҳукми қатли вазирони ришвахор дидаанд.
Русия омода аст, қарзи худро аз Тоҷикистон дар шакли мулкӣ бигирад, гуфтааст Максим Пешков - сафири Маскав дар Тоҷикистон. Дар мусоҳибаи вижае, ки нашрияи "Бизнес и Политика" бо Максим Пешков анҷом додааст, сафири Русия аз манфиати ин тарзи пардохти қарз барои ҳар ду давлат сухан рондааст. Муҳоҷирати кории тоҷикон дар Русияро сафир ёрии башардустонаи бавосита номидааст. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2003 танҳо тавассути банкҳо ин муҳоҷирон беш аз 250 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Аммо сабаби мушкилоти бешумори мардикорони сершумори тоҷик дар Русияро сафири рус дар сафари ғайрилегалӣ ва надонистани забону қонунҳо донистааст.
Аммо дар матлабе дар "Рузи Нав", гуфта шудааст, ки омили аслии таҳқири тоҷикон дар Русия на дар надонистани забон, балки дар ТОҶИК будани онҳо мебошад . Ин матлаб "Тоҷики нав, одами нодаркор" ном дошта, муаллиф навиштааст, дар Русия ҳатто вйетнамиҳову хитоиҳо, ки ҷуз "здрасте" ва "дасвидания" дигар ҳарфе ба русӣ намедонанд, аз тоҷикон камтар таҳқир мебинанд. Зеро ин мардикорон ҳомие аз ҳуқуқи хеш надоранд. Ба мардикори равии ҷавонони имрузро Хуршеди Атовулло - муаллифи мақолаи мазкур ба ҷанги зидди фашизмравии ҷавонони солҳои чил шабоҳат додааст.
Вале дар ҳамин ҳол қариб ҳар фарди қобилу ноқобили кор роҳи ягонаи дарёфти як бурда нонро дар Русия мебинад. "Рузи Нав" аз роҳгузарон пурсидааст, чаро то ҳол онҳо ба Русия нарафтаанд? Мирзошариф Тоҷиддинов-як мардикори бозори Шоҳмансур посух додааст, ки у маблағи хариди чиптаро надорад. Мирзошариф гуфтааст: «Пул ёбам, як руз ҳам дар Тоҷикистон намеистам.» Поёни иқтибос.
Ҳаёти тоҷикони бурунмарзӣ, аммо на дар Русия, балки дар Узбакистон дар навиштае дар "Азия Плюс" баррасӣ шудааст. Дар мақола омадааст, тибқи омори расмӣ дар ин ҷумҳурии ҳаммарз ҳудуди ду миллион тоҷик зиндагӣ мекунанд, аммо шумори ҳақиқии тоҷикон метавонад, қариб даҳ баробар бештар бошад.
"Бизнес и Политика" дар як мақола дар баробари кушта шудани сокинони Тоҷикистон бар асари таркиши минаҳои Узбакистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Муаллиф Гулнора Раҳмонова навиштааст, Узбакистон руирост ҳама гуна созишномаҳои байналмилалии манъи истифода аз минаҳои зидди пиёдагардро дағалона вайрон месозад. Тибқи омори дар навишта овардашуда, тули чор соли охир дар марзи Тоҷикистону Узбакистон дар ҳудуди вилояти Суғд 82 ҳодисаи таркиши мина қайд шудааст, ки дар натиҷаи он 55 нафар шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистон шаҳодати маргро чашида, даҳҳо нафари дигар захмҳои вазнин бардоштаанд. Аммо Узбакистон ҳамоно минагузориро идома медиҳад, омадааст дар мақола.
XS
SM
MD
LG