Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи комиссияи муштараки Тоҷикистону Афғонистон


Як комиссияи муштараки Тоҷикистону Афғонистон бо ширкати муовини сарвазири Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров ва фармондеҳи нируҳои марзбонии Афғонистон Самеъуллоҳи Қатра дар минтақаи марзии Дарвоз ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти марзӣ ташкили ҷаласа додааст. Дар пайи ин нишаст як тафоҳумномае дар заминаи рафъи мушкилоти марзӣ ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад, бар асари инфиҷорот ва амалиётҳои куҳшикофӣ дар сохтмони роҳи Кулоб-Хоруғ хисороти зиёде ба деҳкадаҳо ва роҳҳои пиёдарави минтаҳаҳои марзии Афғонистон расидааст. Тахриби роҳҳо ва манозили маскунии сокинони Афғонистон бар асари амалиёти инфиҷории роҳсозони тоҷику Туркия борҳо боиси норизоятии афғонҳо шуда ва онҳо чанд навбат ҷониби роҳсозон тирандозӣ кардаанд. Бино бар ин гуна мушкилот, дар гузашта борҳо фаъолияти роҳсозон барои муддати кутоҳ, вале таъхир шудааст. Афғонҳо бо таҳдиди силоҳ роҳсозони тоҷикро аз идомаи кор боз доштаанд. Акнун ба гуфтаи Довуди Панҷшерӣ - сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба дунболи музокироти дуруза ҷонибҳо дар мавриди ҳалли ин мушкилот ба тавофуқ расидаанд ва амалиёти инфиҷори куҳ дубора аз сар гирифта мешавад.
Ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки хисороти ворида ба ҷониби Афғонистон аз ҷониби ширкатҳои роҳсозӣ пардохта хоҳад шуд. Довуди Панҷшерӣ сафири Тоҷикистон дар Душанбе дар ин робита мегуяд: "Ба тавофуқ расидем, то як санади таҳририе ба имзо бирасад, то ки ҳар гоҳ дар асари амалиёти корӣ ва инфиҷороти роҳ, роҳи ҷониби афғонии мардумони Дарвоз ба мушкил мувоҷеҳ шавад, ҷониби ширкати туркӣ рафъи ин мушкил бикунад ва роҳро ба таври давомдор тармим намояд. Ва агар эҳтимолан зараре ба тарафи афғонӣ бирасад, барои ин рафъи зарар низ тасмим гирифта шавад."
Оқои Панҷшерӣ ҳамчунин гуфт, дар асоси шароити тафоҳумнома ҷониби афғонӣ уҳдадор шудааст, ки дар ҳеҷ сурате дигар кори роҳсозонро муттавақиф ва барои амалиёти куҳшикофӣ монеъа эҷод накунад. Роҳи миёни Кулоб ва Қалъаи Хум дар минтақаи мазкур, яъне аз Девдара то Хостав аз ҷониби ду ширкати Туркия, ки дар як тендери байналмилалӣ баранда шудаанд, сохта мешавад. Ин ширкатҳо то ду соли дигар бояд сохтмони ин қитъаи роҳро ба анҷом бирасонанд. Ва дар сурати тахриб шудан, ба деҳкадаҳои Афғонистон низ тибқи тавофуқ хисоротро ин ширкатҳо пардохт хоҳанд кард.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG