Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе дар коми оташ, ҷойи аҳзоби сиёсӣ дар тахтаи шоҳмот, бозгашти Муҳаммадрузӣ


Дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе дуконе оташ гирифт. Алангаи оташ барқосо дигар дуконҳоро ҳам фаро гирифт ва пас аз даме нисфи бозор дар коми оташ месухт. Фурушандаҳову харидорон дар талвоса ҳамдигарро тела додаву якдигарро зери по карда, роҳи гурез меҷустанд. Аз гузаргоҳҳои танги бозор берун баромадан на ба ҳар кас муяссар мешуд. Пас аз ним соати шуруъи ҳодиса мошинҳои сухторнишон омаданд, аммо гузаргоҳҳои хурди миёни растаҳо имкон намедод, ки сухторнишонон ба ҷои ҳодиса наздик шаванд. Забонаҳои оташ торафт паҳн шуда, дукону растаҳои навро фаро мегирифт. Барои роҳ кушодан ба мошини сухторнишон аз қисми низомӣ ду танк оварда шуд. Пас аз муборизаи дуру дарозе оташ хомуш карда шуд. Аммо дар натиҷа 15 нафар ҳалок ва 300 нафари дигар захмҳои гуногун бардоштанд.
Ҳодисаи мазкур рух надодааст ва он айни ҳол танҳо маҳсули тахайюли муаллифи матлаби «Душанбе месузад, агар оташ гирад?» мебошад. Ин мақола дар «Неруи Сухан» нашр гардидааст ва дар он аз иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ дар ағлаби кулли муассисоту маконҳо сухан меравад. Муаллиф бинои серошёнаи маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод»-ро мисол меорад, ки агар Худо накардаву дар он сухтор сар занад, қисми зиёди нашрияҳо бе корманд хоҳанд монд. Зеро дари баъзе ошёнаҳо маҳкам ва ё аз як тараф девор гирифта шудаанд.
Аммо мавзуъи баҳси аксари нашрияҳои мустақил дар ин ҳафта на бечорагии Душанбе дар сухтор, балки аҳзоби сиёсӣ, интихоботи карибулвуқуъи парлумонӣ ва дидори Эмомалӣ Раҳмонов - раисҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммадрузӣ Искандаров ва Саламшоҳ Муҳаббатов буд. Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар суҳбат бо Раҷаби Мирзо - сармуҳаррири «Рузи Нав» гуфтааст, сабаби тарки Душанбе кардани у тафтиши фаъолияти у дар корхонаи давлатии «Тоҷикгаз» аз ҷониби прокуратураи генералӣ ва Кумитаи назорати молиявӣ будааст. Аз Раҷаби Мирзо мепурсам, ки ба суолаш оид ба он ки ташаббуси дидор бо президент аз кадом ҷониб сурат гирифтааст, Муҳаммадрузӣ Искандаров чӣ посух дод: «Муҳаммадрузӣ Искандаров чунин посух доданд, ки ташаббус аз ҷониби онҳо нест. Балки ташаббус дар заминаи он ба вуҷуд омадааст, ки пас аз баррасии фаъолияти Муҳаммадрузӣ Искандаров ба ҳайси раиси «Тоҷикгаз» аз ҷониби прокуратураи генералӣ хулосаҳо мусбат буданд ва президент мусоидат бар он кардаст, ки ҳамин вохурӣ ташкил шавад.»
«Рузи Нав» дар арафаи интихоботи парлумонӣ матлаберо оид ба дараҷаи қудратнокӣ ва имконоти қудратёбии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон нашр кардааст. Дар мавриди аъзои бешумор ва имконоти сершумори Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон муаллиф навиштааст, сабаби ҳамаи ин дар раъси ҳизб будани президент мебошад. Зеро одамон ба хотири мансаб талош мекунанд, то узви ин ҳизб гарданд. Ба навиштаи муаллифи мақола Аҳмади Иброҳим аз шаҳри Кулоб, азбаски Тоҷикистон дар асл истиқлоли сиёсӣ надорад, бо фишори созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ ҳизби ҳоким дар сурати тазйиқ болои аҳзоби дигар метавонад ба монеаҳо дучор ояд. Бино ба пешгуии муаллиф, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро яҳудиёни сари қудратбудаи Амрико ба сари давлат омадан нахоҳанд гузошт. Аммо ин ҳизб метавонад, афроди алоҳидаеро омода сохта, ба сари қудрат орад, ки мақбули ҳамагон гарданд. Чунин хислатро муаллиф дар симои Муҳиддин Кабирӣ - ноибраиси феълии Ҳизби Наҳзат дидааст, ба шарте ки то интихоботи президентӣ у аз узвияти Ҳизби Наҳзат даст кашад. Эҳёи Ҳизби Коммунист орзуи дигар амалинашавандаи аъзои он мебошад, ҳатто агар Ленин ҳам аз Кремл бархоста, сари ин ҳизб ояд, омадааст дар мақола. Барои коммунистон беҳтар аст, ки ба сафи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ шомил гарданд ва ғояҳои марксизм-ленинизмро дар заминаҳои ин ҳизб татбиқ созанд. Эҳёи фаъолияти густардаи Ҳизби Демократи Тоҷикистонро муаллифи матлаб ба маҳорату кордонии раиси он Муҳаммадрузӣ Искандаров вобаста донистааст. Раҳматулло Зойиров- агар Ҳизби Сотсиал - Демократро дар ҳар кадом давлати Ғарб таъсис медод, бешубҳа ба зудӣ сари қудрат меомад. Аммо мардуми оддии Тоҷикистон мақсаду мароми ин ҳизбро айни ҳол то дараҷае сарфаҳм намераванд. Фардои ин ҳизбро дурахшон дида, муаллиф онро ҳамчунин иттиҳоди ҳуқуқдонҳои касбӣ муаррифӣ намудааст ва навиштааст, ин ҳизб холи бештар ба даст меорад, агар ба қазияи Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон бетафовут намонад. Аъзои Ҳизби Сотсиалистиро беҳтар аст ба Ҳизби Сотсиал - Демократ дохил шаванд, навиштааст муаллиф.
Дар ҳамин ҳол, дар як пурсиши «Рузи Нав» вобаста ба интихоботи парлумонӣ, Шариф Рафиев ном сокини ноҳияи Восеъ ба суол бо суол посух дода гуфтааст, оё овози мардум метавонад, чизеро тағйир бидиҳад? Шариф гуфтааст: «Муҳим он нест, ки чӣ гуна овоз медиҳанд, муҳим он аст, ки чӣ тавр овозҳоро ҳисоб мекунанд, тавре ки дар мо одат шудааст.»
Уилям Пейтон - намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҳам пешгуие вобаста ба вазъи иҷтимоии Тоҷикистон кардааст. Дар суҳбат бо ҳафтавори «Азия-Плюс» ҷаноби Пейтон гуфтааст, дар охири соли ҷорӣ теъдоди маризони мубталои СПИД дар Тоҷикистон метавонад 5000 нафарро ташкил диҳад.
XS
SM
MD
LG