Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомаву тоқии тоҷикии коррупсия, интихоботи сарнавиштсоз барои коммунистҳо


Ҳафтавори навтаъсиси "Одаму Олам" дар як матлаби таҳлилӣ бо номи "Дар соярушаниҳои интихобот" имконоти эҳтимолии муваффаққияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро аз ширкат дар интихоботи қарибулвуқуи парлумонӣ ба баррасӣ гирифтааст. Ба назари таҳлилгари ҳафтавор, агар интихоботи ояндаи парлумонӣ воқеан дар руҳияи демократӣ сурат бигирад, аз руи натоиҷи он мақоми аввал ба Ҳизби Халқии Демократӣ, мақоми дуввум ба Ҳизби Сотсиал-Демократӣ, зинаи сеюм ба Ҳизби Наҳзати Ислом ва ҷойҳои чоруму панҷум ба Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон тааллуқ мегирад.
"Одаму олам" навиштааст, ҳизби ҳоким аксари мутлақи овозҳои Душанбеву атрофи он, вилояти Хатлон ва Бадахшон ва қисми ками вилояти Суғдро соҳиб мешавад.
Ба назари таҳлилгари ҳафтавор, Ҳизби Сотсиал-Демократ дар муқоиса бо дигарон аз вилояти Суғд бештар пуштибонӣ меёбад. Ҳизби Наҳзат дар вилояти Суғд бештари овозҳоро дар навоҳии Масчоҳ, Уротеппа, Айнӣ, Исфара ва як қисми Зафаробод ва каму беш дар навоҳии атрофи Душанбе ба даст меорад.
Таҳлилгари "Одаму Олам" интихоботи ояндаро барои коммунистҳо як интихоботи сарнавиштсоз номида, гуфтааст, аз натоиҷи он масъалаи буду набуди коммунистҳо рушан хоҳад шуд, аз ин ру хулоса кардааст ҳафтанома, коммунистҳо дар интихоботи ояндаи парлумонии Тоҷикиситон на барои курсиҳои парлумон, балки барои бақои худ мубориза хоҳанд бурд.
Имконоти Ҳизби Демократ низ барои дарёфти раъйҳо аз нигоҳи таҳлилгари "Одаму Олам" маҳдуд арзёбӣ шудааст. Ба тахмини ҳафтавор, ин ҳизб дар марказ қариб, ки соҳиби овозҳои лозимӣ намегардад. Ба гуфтаи таҳлилгар, имкон дорад ин ҳизб аз вилояти Хатлон ва Рашт барои як ҷой раъй ба даст оварад.
"Неруи Сухан" дар шумораи навбатиаш мусоҳибаеро бо ширкаткунандаи конфронси байналмилалӣ дар Оксфорд оид ба мубориза зидди коррупсия Муҳиддин Кабирӣ ба табъ расонидааст. Ҳафтавор бо ишора ба рушди коррупсия дар Тоҷикистон аз қавли мусоҳиби худ навиштааст, "Мо ба ин падидаи номатлуб дар кишвари худ ҷомаву тоқии тоҷикӣ пушонидаем."
"Неруи Сухан" навиштааст, ки коррупсия дар ҳама шакл ва ҳаҷм барои ҷомеа хавфнок аст, вале хатарноктар он аст, ки ин падида дар Тоҷикистон ба як падидаи маъмулӣ ва ҷузъи ҳаёти ҳарруза ва фарҳанги ҷомеа табдил ёфтааст.
Мусоҳиби "Неруи Сухан" омилҳои асосии рушди коррупсия дар Тоҷикистонро ба тақсими нодурусти қудрат миёни шохаҳои ҳокимият, сиёсати нодурусти иҷтимоиву иқтисодӣ ва набуди шафофият дар кори шохаҳои ҳокимияти давлатӣ марбут дониста, барои муборизаи муаассир ба зидди он ирода ва ҷуръати сиёсии президент ва парлумонро як омили таъсиргузор тавсиф намудааст.
Ҳафтаномаи "Рузи Нав" зери рубрикаи мавзуи ҳафта як матлаберо бо номи "Одами худӣ" нашр кардааст. Дар ин матлаб муаллиф навиштааст, ки имрузҳо миёни ҷомеаи Тоҷикистон руҳияеро эҳсос кардан мумкин аст, ки дар он эътироз ва норизоиятӣ нисбати истиқлолияти Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар ин руҳияҳо муттаасифона на умеду боварӣ ба худ, балки ба ҳукумати дигарест, амсоли ин, ки Ленин меояду Тоҷикистонро обод мекунад.
"Рузи Нав" бо матраҳ сохтани ин суол, ки чаро мо на ба худ, балки ба бегона бовар дорем, натиҷагирӣ намудааст, ки дар ҷомеаи тоҷик як одами бегона метавонад, одами худӣ гардад, аммо худиҳои мо солҳои сол бегона мемонад.
XS
SM
MD
LG