Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари бози Тоҷикистон ба кӣ хуш меояд?


Соҷидаи Мирзо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни дидору гуфтӯгу бо Линн Паско, ноиби вазири хориҷаи Амрико, гуфт, Тоҷикистон ба равобити наздик бо Ийолоти Муттаҳида арҷ мегузорад ва барои бунёди муносибати боз ҳам наздиктар, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ, низомӣ ва иҷтимоӣ омода шудааст. Дар навбати худ Ҷаноби Паско гуфт, ки ҳукумати Амрико аз равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва талошҳои худро дар ин самт боз ҳам афзун хоҳад кард. Равобити Душанбе бо Вашингтон аз оғози маъракаи зиддитерроризм дар Афғонистон, аз ҷумла иҷозаи истифодаи ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз аз ҷониби нируҳои эътилоф, густариш ёфт. Ба гуфтаи иддае, ин ҳамкорӣ Тоҷикистонро бо давлатҳои дигари Ғарбу Аврупо наздик ва мақомоти онро соҳиби обрӯву эътибор ва сармояи сиёсӣ намуд. Аммо мақомоти ин кишвар пазироӣ дар Кохи сафед ва Қасри Елисей, танинандозии суруду барафроштани парчами миллиро барои Тоҷикистон кофӣ намедонанд. Ин кишвар мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ дорад ва аз шарикони ғарбии худ кӯмакҳои воқеии молӣ мехоҳад. Чизеро, ки ба гуфтаи коршиносон дар тӯли 10 соли истиқлолият натавонист аз Русия бигирад.
Коршиносн мегӯянд, ҳар қадар равобити низомиву сиёсии Тоҷикистон бо давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла бо Амрико наздиктар мешавад, рахнаи бинои равобити он бо Русия ба ҳамон андоза меафзояд. Онҳо чанд таҳаввулотеро ҳамчун далели ноҳамвории муносибати Маскаву Душанбе номбар мекунанд. Авваллан, бо вуҷуди музокироту машваратҳои тулонӣ, Маскав натавонист ҳузури нирӯҳои марзбони худро дар Тоҷикистон тамдид кунад. Ва қарор аст, марзбонҳои Русия то соли 2005-ум ихтиёри марзро пурра ба сарҳадбонони тоҷик супоранд. Бар иловаи ин, музокироти таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба бунбаст ворид шуд ва нирӯҳои он аз маркази пойтахт ба канораҳои шаҳр кӯчиданд. Ба гуфтаи коршиносон, Душанбе аз рафтори Маскав, ки аз рӯи одати даврони Шӯравӣ мехоҳад, дар Тоҷикистон ҳузури ройгон дошта бошад, норозӣ, вале Маскав вонамуд мекунад, ки ҳама чиз таҳти назорат аст.
Бо ин ҳол, оё метавон гуфт, ки мавқеъи Душанбе дар баробари шарики қадимиаш тағйир ёфтааст, яъне Тоҷикистон аз Маскав дилсард ва ба Ғарб дилгарм шудааст? Ман ин пурсишро бо таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ дар миён гузоштам. Вай гуфт: "Аслан дар муносибатҳо байни давлатҳо на ягон муҳаббат аст ва на ягон кароҳат, аслан ҳисобу китоби сиёсист. Муддате чунин шароите буд, ки Амрико дар минтақа ҳузур надошт ва ҳузури ягонаи қавӣ ҳузури Русия буд ва Тоҷикистон агар мехост ҳам, илоҷ надошт ғайр аз тавваҷҷӯҳ ба Русия - ин аз як тараф. Аз тарафи дигар бо вуруди Амрико, вуруди сиёсиаш вуруди молиявиаш рух дод. Ҳамзамон тайи солҳои истиқлолият аз Русия ба Тоҷикистон як миллиарду дусад миллион доллар ворид гашт ва ин Тоҷикистонро водор мекунад, ки бо Русия ҳам робитаҳои хубе дошта бошад. Пас худи шароит дар Осиёи Миёна маҷбур мекунад, ки Тоҷикистон ҳам бо Русия, ҳам бо Амрико ва ҳам Чину Покистону Эрон робитаҳои муфидро барқарор намояд."
Коршиносон мегӯянд, мақомоти сиёсии Маскав ҳассоияти ин марҳиларо, ки Тоҷикистон интихоби дигар пайдо кардааст, дарк мекунанд ва аз фишори рӯирост ба мақомоти он худдорӣ меварзанд. Кремл гоҳо изҳороти тезу тунди генералҳои Русияро, ки бештар ҳушдорро мемонанд, нармтар месозад ва хабарҳои хуруҷи эҳтимолии низомиёнаш аз Тоҷикистонро ҳарза мехонад. Александр Умнов, таҳлилгари рус мегуяд, Тоҷикистон ба сифати як кишвари мустақил ҳақ дорад, шарики стартегӣ ва ё ҳамкори иқтисодияшро худаш маълум кунад. Русия мегӯяд Умнов, то замоне ба ин раванд дахолат намекунад, ки агар ин ҳамкорӣ ба зарари он анҷом нашавад: "Русия танҳо дар он сурате метавонад, равобити ин ё он кишварро бо Амрико манфӣ арзёбӣ кунад, ки ин равобит ба амнияти он таҳдид намояд. Ба андешаи ман, феълан чунин нест ва ҳарчанд миёни Амрикову Русия то ҳанӯз раванди баррасии равобит дар қолаби пешин, яъне сабқат барои тавсиаи нуфуз вуҷуд дорад, аммо ҳоло онҳоро як ҳадафи муштарак ба ҳам меорад ва он ҳам аз байн бурдани заминаҳои терроризми байналмилалӣ аст. Осиёи Марказӣ яке аз майдонҳои эҳтимолии ин падидаи хатарнок аст ва ташшаккули давлатдории Тоҷикистон дар натиҷаи таҳкими равобит бо Амрико барои Русия низ фоидаовар аст."
Президент Раҳмонов мегӯяд, ки дар пешбурди равобит бо давлатҳои хориҷӣ Тоҷикистон аз сиёсати бисёрсамтӣ пайгирӣ мекунад ва дарҳои худро ба рӯи ҳамаи хоҳишмандон боз мегузорад. Аммо то ҳол ба истиснои сафарҳои ташрифотӣ ва ваъдаву баёнияҳои маъмулӣ, кам давлате ёфт шудааст, ки барои сармоягузории ҷиддӣ ба иқтисодӣ Тоҷикистон иқдом карда бошад.
XS
SM
MD
LG