Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тамеко" - фарзанди "Востоккредмет" ва "Компсап Коммодитиз"


Корхонаи муштараки Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо номи «Тамеко» дар шаҳри Чкаловск, 8 километрии Хуҷанд, дар наздиктарин рӯзҳо ба кор шурӯъ хоҳад кард. Ин корхонаи муштарак ахиран дар заминаи бузургтарин корхонаи коркарди уран дар Тоҷикистон, мавсум ба «Востокредмет» таъсис шуда, ба истеҳсоли ферромолибден ва ё фӯлоди молибден ихтисос дорад. Аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида фирмаи коркарди маъдани «Комсап Коммодитиз» бо «Востокредмет» паймони ҳамкорӣ имзо кардааст.
Музаффар Юнусов - муовини сарвари ин корхона дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тавофуқи густариши ҳамкори миёни корхонаи давлатии «Востокредмет» бо фирмаи амрикоии «Комсап» дар пайи ҳамкориҳои иқтисодии ин ду корхона тӯли 7 соли ахир ба даст омадааст: «Мо аз тарзи кори ҳамдигар бохабарем. То соли 2001 мо бо ин фирмаи амрикоӣ ба коркарди шиалит ва волфрамид машғул будем. Соли гузашта ҳамроҳи фирмаи «Комсап» 410 тонна гудохтаи ферромолибден истеҳсол кардем. Ба наздикӣ аз Чин ашёи хом гирифтем ва боз ба ҳосил кардани ферромолибден сар мекунем. Ният дорем, имсол то ҳазор тонна гудохтаи ин фулузро истеҳсол намоем.»
Оқои Юнусов афзуд, маблағгузорӣ барои корхонаи муштараки «Тамеко» асосан аз ҷониби фирмаи амрикоӣ сурат гирифтааст. Мутахассисони тоҷику амрикоӣ дар ҳамдастӣ технологияи корхонаи «Востокредмет» - ро барои истеҳсоли ферромолибден такмил додаанд. Ба гуфтаи вай, 1 тонна фӯлоди молибден дар бозори ҷаҳонӣ наздики 25 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад.
Музаффар Юнусов таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Тамеко» - ро як иқдоми нави ҷиддӣ дар самти дигаргунсозии ихтисоси корхонаи «Востокредмет» арзёбӣ кард. Корхонаи "Фулузоти нодири Шарқ" ва ё «Востокредмет» аслан 49 сол қабл, барои коркарди уран таъсис ёфта, фаъолияти худро то соли 2001 дар ҳамин самт идома медод. Маводи хом ба ин корхона бештар аз Русия ва Узбакистону Қазоқистон ворид мегашт. Аммо ба гуфтаи оқои Юнусов, бо тамом шудани захираи маъдани уран дар конҳои Тоҷикистон ва гусаста шудани риштаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои собиқи шӯравӣ фаъолияти корхонаи «Востокредмет» низ дар заминаи коркарди уран аз 3 сол қабл қатъ шудааст.
Ба ҳамин тарик, ҳамакнун дар назар аст, корхонаи «Востокредмет» дар ҳамдастӣ бо фирмаи «Комсап Коммодитиз» барои истеҳсол ва коркарди фулузоти қимматбаҳо мувофиқ гардонда шавад. Ба гуфтаи Алимхон Тӯраев - намояндаи ин фирма дар Тоҷикистон - «Комсап Лимитед» бо намояндагиҳояш дар Русияву Чин, Ҷопон ва бархе аз кишварҳои Аврупову Осиёи ҷанубу шарқӣ муддати си сол ба тиҷорат ва маблағгузории корхонаҳои саноатӣ машғул аст. Ӯ дар мавриди корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико - «Тамеко» афзуд, соли оянда қудрати солонаи он то ба истеҳсоли ду - дуним ҳазор тон гудохтаи ферромолибден боло бурда хоҳад шуд. Ҳамчунин корхона 100 нафарро бо ҷойи корӣ ва маош таъмин хоҳад кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Чкаловск - Хуҷанд
XS
SM
MD
LG