Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагии душанбегии Siemens Бонки Осиёии Рушдро ба додгоҳ мекашад


Намояндаи ширкати "Сименс" (Siemens) баргузории як тендер ва ё озмунро дар охири соли гузашта аз тарафи Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе ғайриқонунӣ арзёбӣ кард. Тавфиқ Абдулҳай Ато, роҳбари дафтари ширкати "Телдиго"-и Белгия дар Душанбе, ки ҳамзамон аз ширкати "Сименс" низ намояндагӣ мекунад, дар як нишасти хабарӣ гуфт, масъулини Бонки Осиёии Рушд бидуни омӯзиши дақиқ ва далоили қотеъ асноди ширкати "Сименс"-ро ҷиҳати иштирок дар ин тендер бозпас гардонидааст. Ва ба ҳамин тариқ ширкати "Сименс" ҳаққи иштирок дар ин тендерро аз даст додааст.
Оқои Тавфиқ мегӯяд: "Бар асоси ҳамагуна меъёрҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон асноди ин тендер беэътибор дониста шавад, вале баъдан пас аз гузашти фосилае бо ҳузури ҳадди ақал се ширкати довталаб такроран баргузор шавад."
Ёдовар мешавем, ширкати собиқи "Барқи тоҷик" ва Бонки Осиёии Рушд дар моҳи декабри соли гузашта барои татбиқи барномаи "Бозсозии бахши энержӣ" , ки аз сӯи вазорати энергетикаи Тоҷикистон омода шудааст, як озмуни байналмилалӣ доир кард. Ҳадафи ин барнома таҷдиду бозсозии системаи энержӣ ва мухобиравии навоҳии ҷанубии кишвар дар вилояти Хатлон мебошад ва маблағи пешбинишуда ба барномаи мазкур чаҳор миллиону дусад ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур як бахши қарзҳои хориҷии давлати Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд мебошад.
Тавфиқ Абдулҳай Ато намояндаи ширкати "Телдиго" бар ин назар аст, ки масъулини Бонки Осиёии Рушд ба ин далел, ки маблағро барои татбиқи барнома ба Тоҷикистон онҳо медиҳанд, ба таври ғайриқонунӣ ба як ширкати мавсум ба "Алстон"-и Фаронса шароитро барои иштирок дар тендер фароҳам кардааанд. Ин дар ҳолест, ки меафзояд оқои Тавфиқ ширкати Алстон дар ҳоли ҳозир дучори мушкилоти молӣ шуда, амалан фаъолият намекунад. Масъули дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе Казуко Матамуро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар иртибот ба даъвои намояндаи ширкати "Сименс" изҳори назар накард, вале гуфт: "Дафтари Бонки Осиёии Рушд аз ҷараёни баргузории ин тендер маълумоти кофӣ надорад. Ва агар ширкати "Сименс" кадом як даъвое дорад, метавонад онро бо маркази бонк ҳаллу фасл кунад."
Аммо Шоҳин Одинаев, сардори Маркази татбиқи лоиҳаҳои ширкати собиқи "Барқи тоҷик", ки ҳоло дар итоати вазорати энергетикаи Тоҷикистон қарор дорад, гуфт, иддаои намояндаи ширкати "Сименс" беасос ва нодуруст мебошад. Оқои Одинаев гуфт, ҳарчанд онҳо бо ирсоли як нома аз Бонки Осиёии Рушд хостори иштироки ширкати "Сименс" дар тендери мазкур шудаанд, аммо воқеият ин аст, ки масъулини он пешниҳодот ва асноди носанҷида ва носаҳеҳро ироа кардаанд: "Мо ягон даъво надорем. Тендер дар асоси ҳамон ҳуҷҷатгузорие, ки Бонки Осиёии Рушд барои мо пешниҳод кардааст, баргузор мешавад. Барои мо муҳим ҳамон проседура аст, ки мувофиқи ҳамон кор мекунем, мо аз он баромада наметавонем. Тендер шаффоф баргузор шуд."
Оқои Одинаев ҳамзамон иддаоҳои дигари ширкати "Сименс"-ро дар робита ба таққалубкориҳо дар баргузории тендери мазкур такзиб кард. Вай гуфт, ин озмун бо ҳузури як камиссиюни мураккаб аз намояндаҳои ҳама ниҳодҳои марбутаи ҳукумати Тоҷикистон, департаментҳои зиддахли Бонки Осиёии Рушд доир мешавад.
Аммо Тавфиқ Абдулҳай, рахбари ширкати "Телдиго" дар Душанбе ва намояндаи ширкати "Сименс" ба хабарнигорон гуфт, вай мехоҳад мақомоти масъули Тоҷикистон бори дигар ба шаффофияти баргузори тендери мазкур ва бахусус аз баранда шудани ширкати фаронсавии "Алстон", ки дар ҳоли ҳозир муфлис эълон шудаст, таваҷҷӯҳ кунанд. Оқои Тавфиқ мегӯяд, новобаста аз муносибати мақомоти Тоҷикистон ба ин қазия, ӯ тасмим гирифтааст, Бонки Осиёи Рушдро барои ба таври ғайриқонунӣ баргузор кардани тендери мазкур ба додгоҳ бикашад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG