Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз 24 то 30 май


ДАР ИН БАРНОМА
Ба сӯи ҳамдигар дасту оғӯши дӯстӣ боз кардани Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари кучактару заъифтари Осиёи Марказӣ. Раисиҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев ду рӯзи ҳафтаи гузаштаро дар Душанбе ба сар бурд.

Амрико аз Вена ва сафирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе ба зарурати тағйири қонуни интихоботи Тоҷикистон таъкид кардаанд.
Дар ин ҳафта баррасии ду тарҳи пешниҳодии ин қонун дар кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон оғоз шуд.


Ифтитоҳи нахустин гузаргоҳи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Чин. "Чеҳраи ин ҳафта" дар бораи оғози ҳаракати нақлиёт аз роҳи ағбаи Қулма аст, ки барои Тоҷикистон даричаи наверо ба ҷаҳон боз мекунад.

Ва намоиши се филми ҳунариву мустанад ва тасвирии "Тоҷикфилм" дар ҷашнворае дар шаҳри Маскав.
Нахустин намоиши байналмилалии филмҳои нави тоҷикӣ - пас аз 12 соли танаффус.


Бо гармтарин саломҳо ба ҷамъи шунавандагони азиз, Мирзои Салимпурам бо нашри навбатии маҷаллаи иттилоотиву таҳлилии "7 Рӯзи Тоҷикистон" ва бо бардоште чанд аз таҳаввулоти муҳими ин кишвар дар зарфи ҳафтае, ки гузашт. Аммо шурӯъ мекунем мисли ҳамеша - аз нигоҳи кӯтоҳе ба сархати ахбори як ҳафтаи гузашта аз сари мову шумо ва аз сари Тоҷикистон. Дар назди микрофон ҳамкори мо Хиромони Бақозода.

АХБОР

Президенти Қирғизистон Аскар Оқоев дар ин ҳафта сафари расмии дурӯзааш ба Тоҷикистонро анҷом дод. Руъасои ин ду ҷумҳурӣ дар Душанбе ба созишномаи дӯстиву ҳамкории дарозмуддат имзо гузашта, дар расми оғози рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон низ ширкат кардаанд. Аскар Оқоев дар мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов хостори таъсиси як консортсиум ҷиҳати танзими манобеъи оби Осиёи Марказӣ шудааст.

Раҳбари идораи Созмони Милал дар умури мубориза бо маводи мухаддир Антонио Марио Коста дар идомаи силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳафтаи гузашта аз Тоҷикистон ҳам дидан кард.
Оқои Коста дар мулоқот бо кормандони ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, хабари хуруҷи марзбонони рус аз марзи Афғонистон ӯро як андоза дар ташвиш гузошт, вале вай зарурати чунин иқдом дар роҳи таъмини истиқлолияти Тоҷикистонро дарк мекунад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов оқои Костаро итминони хотир додааст, ки давлати у ба ташаннуҷи вазъи қочоқи маводи мухаддир дар марз роҳ нахоҳад дод, вале дар ин росто ба кумакҳои бештари байналмилалӣ ниёз дорад.

Дар ин ҳафта баррасии ду тарҳи пешниҳодии қонуни интихоботи Тоҷикистон дар кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони ин кишвар оғоз шуд.
Яке аз ин тарҳҳоро ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва тарҳи дуввумро ҳизби коммунист якҷо бо намояндаи ҳизби наҳзати ислом ироа кардаанд.

Созмони амрикоии "Фридом Ҳаус" ё худ "Хонаи Озодӣ" дар гузориши наваш вазъи демократия дар кишварҳои ҷаҳонро ба баррасӣ гирифта, Тоҷикистонро аз ин лиҳоз дар байни 5 кишвари Осиёи Марказӣ баъди Қирғизистон дар мақоми дуввум гузошт.
"Фридом Ҳаус" талошҳои давлати Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо терроризму гаравгонгирӣ ва гурӯҳҳои роҳзанро таҳсин гуфта, аммо афзудааст, фасодкорӣ ва адами эътимод ба низоми иқтисодӣ ва ба давлати Тоҷикистон боиси аз ин кишвар канора ҷустани сармоягузорони хориҷӣ шудааст.
"Фридом Ҳаус" раъйпурсии тағйири Қонуни Асосии Тоҷикистон дар соли гузаштаро низ ба боди танқид кашида гуфтааст, президент Раҳмонов бо ин амал имкон ёфт давраи раҳбариаш ба ин кишварро то соли 2020 тамдид кунад.

Дар ин ҳафта расми ифтитоҳи нахустин гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Мурғоби марзи Тоҷикистону Чин доир шуд.
Ба ин тартиб, марзи мазкур барои равуои нақлиёт тавассути ағбаи Қулма боз мешавад.
Феълан равуои нақлиёт аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон метавонад танҳо то минтақаи Қошғари вилояти Шинҷон - Уйғури Чин сурат бигирад, вале дар оянда ба шоҳроҳи Қароқурум пайвастани ин масир дар назар дошта шудааст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ин ҳафтаи ба баррасии дубораи парвандаи қаллобии молии ширкати муҳрафурушии "Ҷамол-компания" оғоз кард.
Муҳаммадалӣ Юсуфов, сухангӯи Додгоҳи Олӣ мегӯяд: "Дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноӣ бо айбдории роҳбарони ширкати "Ҷамол-компания" Сиёев Ҷамшед, Тсой ва Камолов Зафар оғоз гардид. Шахсони номбурда бо моддаҳои 247, қисми 4, яъне қаллобӣ ва тасарруфи амволи ғайр, ба даст овардани амволи ғайр бо истифодаи боварӣ ба миқдори махсусан калон ва инчунин бо моддаи 260, яъне соҳибкории сохта ва таъсиси корхонаи тиҷоратӣ бидуни нияти анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ, ба мақсади ба даст овардани фоидаи амвол гунаҳкор дониста мешаванд."
Тафтишот мегуяд, ин корхона тайи чанд моҳи фаъолияташ 26 400 нафарро ба маблағи 71 милён сомонӣ, муодили 25 милён доллари амрикоӣ кулоҳ гузоштааст. Аз ин миён танҳо 8 500 кас тавонистаанд ба миқдори 8 милён сомонӣ сармояи дар тиҷорати мӯҳраи "Ҷамол-компания" гузоштаи худро пас гардонанд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар моҳи декабр раиси ширкати "Ҷамол" Ҷамшед Сиёевро ба 11 соли зиндон ва муовини у Зафар Камоловро ба 8 сол маҳкум карда буд.

Додгоҳи ноҳияи Ибни Синои Душанбе Бахтиёр ва Заррина Холовҳоро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи занони тоҷик ба зиндон маҳкум кард. Бахтиёр ба як сол ва Заррина ба 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст.
Додгоҳ мегуяд, ҳар ду маҳкумшуда дар ҳамроҳӣ бо холаи худ, ки то ҳол дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар мебарад, дар он кишвари арабӣ як фоҳишахона дуруст намуда, занону духтаронро ба қасди танфурушӣ аз Тоҷикистон ба он ҷо мебурдаанд.

Ва дар шаҳри Маскав ҷашнвораи филмҳои кишварҳои шӯравии собиқ баргузор шуд. Дар ин ҷашнвора синамогарони тоҷик барои бори аввал дар 12 соли охир бо се филми нав ширкат кардаанд. Умед Мирзоширинов филми ҳунариаш бо номи "Муҷассамаи Ишқ", Аловуддин Абдуллоев филми мустанади "Ҷӯгӣ" ва Бахтиёр Қаҳҳоров, ягона мултипликатори тоҷик филми тасвирии "Маркаб"-ро дар ҷашнвораи Маскав дар маърази тамошо гузоштаанд.

ПОЁНИ АХБОР
Як ҷаҳон ташаккур ба Хиромони Бақозода, ки сархати ахбори муҳими ҳафтаи гузаштаро барои мову шумо ёдоварӣ мекард. Ва акнун меравем думболи ҷузъиёти чанде аз онҳо.

САРГУЗАШТҲОИ ОҚОЕВ ДАР ТОҶИКИСТОН

Раисиҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев дар ҳафтаи гузашта сафари расмии дурӯзааш ба Тоҷикистонро анҷом дод. Аскар Оқоев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Душанбе ба 8 созишномаи байнидавлатӣ имзо гузоштанд, ки муҳимтаринаш тавре аз ахбор ҳам шунидед, созишномаи дӯстиву ҳамкории дарозмуддат байни ду кишвар аст.
Аскар Оқоев дар як нишасти муштараки хабарӣ дар пайи мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов дар Душанбе гуфт, Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кишвари кучактару заъифтари минтақа ҳастанд, бояд дар арсаҳои байналмилалӣ бо кор гирифтан аз танготангии бештар аз ҳамдигар ҳимоят кунанд.
Эмомалӣ Раҳмонов, мизбони ин мулоқот низ ба зарурати бардоштани ҳама саддҳои маснуъӣ аз роҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва аз роҳи равобити минтақавӣ таъкид кард ва гуфт, ки онҳо хостори роҳандозии чунин равобити ҳасана нафақат дар сатҳи Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми паҳнои шӯравии собиқанд.
Сафари Аскар Оқоев ба Тоҷикистон дар остонаи нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алма-Ато сурат гирифт ва ғолибан ҳамсон кардани мавзеъгирии ин ду кишвар дар қиболи масоили минтақавӣ низ дар ҷараёни дидор ва гуфтугӯҳои ӯ бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе аз мавзӯъҳои муҳим будааст.
Аз ҷумла дар мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, президенти Қирғизистон таъсиси як консортсиуми минтақавӣ ба манзури танзими манобеъи Осиёи Марказиро пешниҳод кард. Аскар Оқоев дар ин робита гуфт: "Ҳадафи аслии мо танзиму тақсими дуруст ва сарфакоронаи захоири обист. Аз ин рӯ, мо мехоҳем мавқеъи худро бо кишварҳои ҳамсоя, бо кишварҳои поёноб, ки аз ин захоир барои зироъат ва нӯшидан истифода мекунанд, ҳамоҳанг кунем. "
Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишваре, ки дар саргаҳи манобеъи аслии оби Осиёи Марказӣ истодаанд, аз пеш ҳам дар масъалаи об бо ҳамсоякишварҳои поёноби худ - Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистон вориди баҳсу ҳатто танишҳое шудаанд. Дар ин масъала ба вижа Қирғизистон истодагарии зиёд дошт ва ҳатто мехост оберо, ки саргаҳаш дар Қирғизистон ҳаст, ба он кишварҳо ҳамчун мол муаррифӣ кунад ва ё дар ивази об он кишварҳои дорои манобеъи саршори энержӣ ба кишварҳои саргаҳи об дар мавриди харидуфурӯши газу нафту барқ шароити пуримтиёзтаре фароҳам оранд.
Айни мушкилро Тоҷикистон дорад, ки ҳар сари чанд вақт дар роҳи воридоти газу нируи барқ Узбакистон бештар ва Қазоқистону Туркманистон камтар барояш мушкилот эҷод мекунанд. Баҳси ин масъала дар гузашта ҳам чандин бор ба минбари нишастҳои байналмилаливу минтақавӣ кашида шуд ва аз ҷумла дар анҷумани Бунёди Наҷоти Арал, ки дар соли гузашта низ дар Душанбе доир шуд, руъасои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин бобат хеле боҳарорат баҳс кардаанд.
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон аммо гуфта буд, обе, ки барои зироат истифода мешавад, ба сари худ мол нест ва мол танҳо оби ошомиданӣ аст. Ҳамтои қазоқи вай Нурсултон Назарбоев дар он нишаст боз ҳам тундтар сухан ронда гуфт, агар Қирғизистон тавонад маҷрои рудхонаҳояш ба суи ҳамсоякишварҳоро бубандад, бигзор иқдом кунад: "Масъалаи пардохт барои об ва фуруши он вуҷуд надорад ва мо барои истифодаи об ҳеҷ гуна ҳаққе пардохт карданӣ нестем. Агар Қирғизистон тавони онро дошта бошад, ки маҷрои Сирдарёро барои 20 сол ба суи мо бубандад, бигзор иқдом кунад. Бубинем, ки муваффақ мешавад ё на."
Дар ҳақиқат, иқдом кардан дар ин масъала танҳо ба саъйу хоҳиши кишварҳо вобаста нест, балки Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба иллати мушкилоти молӣ ва адами обанборҳои бузургу васоили дигари фишору таъсир қобил ба танзими масоили оби минтақа нестанд. Ва тавре ҳам ки дида мешавад, Тошканду Остона тавони воқеъии кишварҳои саргаҳи об, балки нотавонии онҳо дар ин масъаларо хуб донистаанд.
Ҳарчанд сохтмони чунин обанборҳо ва ниругоҳҳои ҷадид дар меҳвари сиёсатҳои иқтисодии ҳам Бишкеку ҳам Душанбе қарор гирифтааст, боз ҳам мушкилоти молист, ки иҷрои ин барномаҳоро барои ин ду кишвар дасти кам дар шароити кунунӣ даст намедиҳад.
Исмоил Раҳматов, коршиноси тоҷик мегуяд, танҳо кумакҳои саршори байналмилалӣ метавонист Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин роҳ муваффақ гардонад: "Бо назардошти ин ки ҳар ду кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле заъиф ҳастанд, аз ин хотир ман фикр мекунам, ки ҳал намудани масъалаи об ба ин ду кишвар танҳо бо кӯмаки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милал, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё муяссар мешавад. Танҳо дар ҳамин ҳолат онҳо метавонанд, барои таъсири сиёсии худ обро ҳамчун манбаъи фишор истифода намоянд ва дар ин маврид назари ду кишвар яксон аст."
Муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар гузашта, албатта, холӣ аз чолишҳо набудааст. Ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба вилояти Бодканди Қирғизистон дар севу чор соли пеш ва танишҳои марзӣ дар минтақаи Исфара, ки ҳанӯз аз даврони шӯравӣ идома доранд, рахнаҳое дар ин муносибот ворид карда буд, вале Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегуяд, равобити Душанбеву Бишкек дар ҳоли густариш буда, танҳо масъалаи ҳалношуда байни ин ду кишвар дар ҳоли ҳозир таъйини навори марзӣ дар манотиқи баҳсӣ аст. Аммо масъала ҳам, ба ақидаи оқои Насриддинов, ҳаллшуданист: "Мушкилот гуфтан мумкин аст, ки мушкилоти техникӣ аст, чунки мутахассисони ҳар ду ҷониб имрӯз ба омӯхтани ҳуҷҷатҳои бисёр, ки асосан ҳуҷҷатҳои солҳои 1924 - 1929 вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Узбакистон ҷудо шуд, машғуланд. Ба ғайр аз ин (комиссия) ба кори амалии муайян кардани сарҳади давлатӣ сар мекунад."
Салоҳиддин Насриддинов мегуяд, кори таъйин ва аломатгузории марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон ғолибан то моҳи сентябр ба поён омада, бо ҳамин танҳо мушкили бозмонда дар роҳи равобити онҳо аз байн бурда хоҳад шуд.
Ба ҳар сурат, ба назари маҳфилҳои ҳам Душанбеву ҳам Бишкек, Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили дуҷонибаву минтақавӣ ва байналмилалӣ назар ба ихтилофот муштаракот бештар доранд ва бартарӣ додан ба ин муштаракот ҳатман заминаи эҷоди ҳамкории хубу ҳасана ва дарозмуддатро дар байни онҳо фароҳам хоҳад сохт. Ҳамкорӣ бар асоси усуле, ки созишномаи имзошудаи ҳамкориву дӯстии дарозмуддати байни Тоҷикистону Қирғизистон муқаррар кардааст.

ЧЕҲРАИ ҲАФТА

Рузи душанбеи гузашта дар минтақаи марзии Мурғоб расми ифтитоҳи нахустин гузаргоҳ дар сарҳади Тоҷикистону Чин баргузор ва ба ин тартиб равуои нақлиёт тавассути марзи мазкур аз роҳи ағбаи Қулма расман оғоз шуд.
Роҳи Кӯлоб - Қулма, ки дар оянда бояд ба шоҳроҳи Қароқурум низ бипайвандад, дар тӯли тамоми даҳ соли сохтмонаш як масири аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим ва ҳатто стротегӣ муаррифӣ мешуд.
Давлати Тоҷикистон, ки хусусан дар солҳои аввали баъди суқути Шӯравӣ чандин борҳо дар муҳосираи нақлиётии ҳамсоякишвари Узбакистон қарор гирифта буд, бунёди ин масирро як алтернатива ба вобастагии худ аз роҳҳои Узбакистон медонист ва аз ин ҷост, ки ҷиҳати ҷалби сармоя ба сохтмони роҳи Кӯлоб-Қулма назар ба ҳар барномаи дигари иқтисодиаш бартарӣ медод.
Вале ин роҳи ҷо-ҷо мумфаршу ҷо-ҷо ҳамчунон хокӣ билохира ба гарданаи Қулма расид ва ҳарчанд дар рузи аввали боз шудани марзи Тоҷикистону Чин барои равуои нақлиёт кадом васоите аз ин марз убур накард, умеду интизороте ҳамоно побарҷост, ки бо гузашти андак вақт ҳаракати нақлиёт дар ин масир фаъол ва як кори оддӣ хоҳад шуд.
Ҳамкори мо дар Душанбе Раҳматкарими Давлат хабари боз шудани ағбаи Қулма ва марзи Тоҷикистону Чин барои равуои нақлиётро қаҳрамони нашри навбатии "Чеҳраи Ҳафта" интихоб кардааст ва ман ҳам навбати суханро медиҳам ба Раҳматкарим.

ҚУЛМА - ДАРИЧАИ НАВИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАҲОН
Гузаргоҳи Қулма - Қароқурум танҳо гузаргоҳи байналмилалӣ ва роҳи тиҷоратиесст, ки Тоҷикистон аз замони касби истиқлолият то кунун барои худ боз мекунад. Барномаи ифтитоҳи ин роҳ, ки Тоҷикистонро тавассути шарқи ин кишвар бо Ҷумҳурии Чин пайваст мекунад, аз даҳ соли пеш оғоз шуда ва дар соли 1997 ба нақшаи роҳҳои байналмилалии ЭКО ворид шуд ва тавассути мусоидати худи кшивари Чин ва Тоҷикистон акунун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Боз шудани як гузаргоҳи дигари байналмилалӣ дар шароите, ки умдатарин роҳи убуру мурури Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон аст ва тайи солҳои охир бо баҳонаҳои мухталиф ва гоҳо бидуни ҳеҷ баҳонае ин роҳ аз суи мақомоти он кишвар ба руи Тоҷикистон баста ва боз мешавад, аз орзуҳои деринаи мардуми Тоҷикистон будааст. Аскар Оқоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, ки ду рузи пеш аз Тоҷикистон дидан мекард, низ ифтитоҳи ин роҳ барои Тоҷикистонро табрик гуфт ва афзуд, дар шароите, ки ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бунбаст қарор доштанд, боз шудани ин роҳ бар маънои раҳоии Тоҷикистон аз ин бунбаст мебошад. Билофосила бо ифтитоҳи гузаргоҳи Қулма ва воридоти молу маводи мавриди ниёзи мардум, гуфта мешавад, дар бозорҳои Бадахшони Тоҷикистон қиматҳо то 50 дарсад ва ҳатто бештар аз он пойин рафтааст.
Аммо Исмоил Раҳматов, коршиноси маркази таҳқиқоти стротегии Тоҷикистон мегуяд, фурсати зиёде зарур аст, ки Тоҷикистон битавонад ин ҷодаро ба ҷуз аз истифода барои ниёзмандиҳои дохилии худ ба як роҳи байналмилалӣ ва ёдоваре аз Шоҳроҳи Абрешим, ки даъво мешавад чунин бошад, табдил кунад. Зеро ҳануз қисмати зиёди ин роҳ, ки аз маркази Тоҷикистон то марзи Чин 500 километр тул дорад, пухтакорӣ нашуда аст. Дар ҳоли ҳозир сохтмони роҳи Душанбе - Хоруғ - Мурғоб - Қулма дар чанд мавзеъ дар ҳоли эҳдос аст ва ҳукумати кишвар саргарми ҷалби сармоягузорон ба манзури сохтмони қисматҳои боқимондаи дурударози ин роҳ аст.
Аммо ба ақидаи соҳибназарон, густариши муносибатҳо бо Чин дар айни ҳол метавонад пайомади дигаре низ ба дунбол дошта бошад. Қабл аз ҳар чиз, мегуянд ин коршиносон, Чин аз даъвои марзие, ки бо Шуравии пешин дошт, ҳанӯз даст бар надоштааст. Масъалаи дигар ҳам ҷараёноти демографист ва афзоиши рузафзуни нуфуси Чин аст.
Вале дар дохили ҷомиаи Тоҷикистон ва хусусан дар доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории ин кишвар низ нигарониҳое буруз карда, ки гуё бо боз шудани роҳҳо тоҷирони чиноӣ ворид шуда, бозорҳои Тоҷикистонро тасарруф хоҳанд кард. Ин нигарониҳо ношӣ аз пайдо шудани нахустин тоҷирони чиноӣ дар ин кишвар аст.
Аммо ин танҳо гуруҳҳо дар ҷомиаи Тоҷикистон нестанд, ки нагаронӣ дошта бошанд, балки бархе кишварҳо ва қудратҳои фароминтақавӣ низ, ба назари коршиносон, зиёд моил ба густариши нуфуз ва муносиботи Чин бо кишвархои минтақа ва Тоҷикистон намебошанд.
Аз ин хотир, мегуянд коршиносон, имкон дорад анҷоми сохтмони роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ - Қулма, ки ҳазинаҳои ҳангуфте ва ба сармоягузории кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ бастагӣ дорад, ба тӯл бианҷомад.
Аммо бо ин ҳама вуҷуд, ба назари таҳлилгарон, ба рағми нигарониҳо аз густариши нуфузи рузафзуни Чин дар минтақа таҳти таъсири ин кишвар қарор гирифтани бозорҳои Тоҷикистон дар шароити феълӣ як амри ногузир аст.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе.

БАҲСИ ҚОНУНИ ИНТИХОБОТ ДАР МАҶЛИС
Дар ин ҳафта кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба баррасии ду тарҳи Қонуни интихоботи ин кишвар билохира шуруъ карданд.
Яке аз ин тарҳҳоро ҳизби халқӣ-демократӣ ва тарҳи дуввумро ҳизби коммунист якҷо бо намояндаи ҳизби наҳзати ислом дар парлумон пешниҳод кардаанд, вале ба маҳзи назорати ҳаштод дарсади парлумонро дар даст доштани ҳизби халқӣ - демократӣ интизор меравад, ки бахши ағлаби қонуни ояндаи интихобот бар пояи тарҳи пешинҳодии ҳизби ҳоким сохта хоҳад шуд.
Ҳануз пеш аз шуруъи баҳси ин қонун, Дуглас Давидсон, намояндаи Амрико дар САҲА дар шаҳри Вена парлумони Тоҷикистонро ба тағйири қонунҳои интихоботии ин кишвар даъват кард ва гуфт, қабули қонуни нави интихобот ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун кишваре хоҳад афзуд, ки плюрализми сиёсиро дар қаламраваш таъмин кардааст.
Ба ақидаи оқои Давидсон, бо вуруди тағйирот қонунгузории интихоботии Тоҷикистон бо меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ мутобиқати бештар пайдо хоҳад кард.
Аммо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва ба хусус аҳзоби мухолифи давлат мегуянд, ҳатто дар тарҳҳои пешинҳодшуда ба баррасии парлумон ҳам таноқузоте бо меъёрҳои байналмилалӣ мушоҳида мешавад.
Эвелин Паксли, сафири Канада, ки дар раъси як ҳайъати сафирони САҲА дар ин ҳафта ислоҳоти қонуни интихоботи Тоҷикистонро дар як мулоқот бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Душанбе муҳокима мекард, низ гуфтааст, дафтари ҳуқуқи башари ин созмон чунин ихтилофотро дар тарҳи нави қонуни интихоботи Тоҷикистон пайдо ва эродҳои худро ба мақомоти Душанбе ироа кардааст.
Эвелин Паксли мегуяд: "Бархе эродҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ дар мавриди таноқузоти лоиҳаи ҷадиди қонуни интихобот бо эродҳои САҲА мутобиқат дорад. Ва мо ба ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон тавсия додем, ки эродҳои САҲА- ро ҳангоми баррасии тарҳи ниҳоии ин қонун ба эътибор бигиранд."
Муҳиддини Кабирӣ, муовини раиси ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон гуфт, ки онҳо дар ин мулоқот нигаронии худ дар бораи шароити ҳангуфти тарҳи қонуни интихоботро ба сафирони САҲА расонида, хостори мушорикати он созмон дар роҳи ҳалли ин баҳси аҳзоб бо давлати Тоҷикистон шудаанд.
Аммо ба фарқ аз ҳайъати сафирони САҲА ва намояндагони аҳзоби мухолифин, Давлаталӣ Давлатов, муовини раиси ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва аз муаллифони тарҳи нави қонуни интихоботи Тоҷикистон, тарҳи онҳо бар асоси таҷрубаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳия шудаву муғойирате бо асноди байналмилалӣ надорад.
Як эроди умдаи мухолифин роҷеъ ба он банди тарҳи қонуни интихобот аст, ки дар баҳои ширкат дар интихобот барои ҳар номзади инфиродӣ пардохтани маблағи муодили 1500 ҳадди ақали маош ва барои аҳзоби сиёсӣ 33 000 ҳадди ақали маошро муқаррар мекунад. Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сусиёл-демократи Тоҷикистон мегуяд, таъйини чунин шароит боиси аз ширкат дар интихобот имтиноъ ҷустани 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон хоҳанд шуд.
Вале Бурҳонуддин Ризоев, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳизби халқӣ-демократӣ, боз ҳам пештар рафта мегуяд, ҳатто банди марбут ба масъалаи пардохти пули интихобот ҳам аз омухтани таҷрубаи кишварҳои пешрафта ба даст омадааст.
Оқои Ризоев мегуяд: "Дар аксари кишварҳои ҷаҳони мутараққӣ на фақат проссеси баргузории интихоботи парламент ҳатто барои гузаронидани интихоботи президенту дигар низ маблағ муайян карда шудааст. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, мо ҳам барои дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ гузаронидани интихобот зина ба зина ба ҳамин роҳ рафтан пешниҳод кардем, ки гузаронидани интихоботи парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тарафи вакили пешниҳодмешуда ва ҳизбҳои сиёсӣ маблағ гузошта шавад."
Аммо намояндагони аҳзоби мухолиф мегуянд, дар ҳеҷ кадоми он кишварҳои пешрафта 80 дарсади аҳолӣ, мисле ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар пойини хатти фақр ба сар намебарад.
Абдуалӣ Тоҳиров, намояндаи маркази САҲА дар Душанбе низ ба ҳамин назар аст: "Дар лоиҳае, ки аз тарафи фраксияи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ пешниҳод шудааст, қисмати молиявӣ ба бисёр меъёрҳо мувофиқат намекунад. Хусусан барои шароити имрӯзаи Тоҷикистону тоҷикистониён. Алъон, ки камбизоатӣ дар мо вуҷуд дорад, барои ҳамин намояндагони аҳзоби сиёсӣ, намояндагони дигари қишрҳои сиёсӣ имкони молии иштирок дар интихоботро надоранд. Барои ҳамин ин модда хуб мешуд, дар қонун ба инобат гирифта нашавад."
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш дар як моҳи пеш аъзои парлумон даъват карда буд, зимни пардохтан ба баҳси қонуни интихобот намояндагони аҳзоби сиёсиро низ ба Маҷлиси Намояндагон даъват кунанд.
Аммо баҳси ин қонун дар кумитаҳои Маҷлис бидуни даъвати аҳзоби сиёсӣ оғоз шудааст ва намояндагони аҳзоби мухолиф низ ба хабаринигори мо дар Душанбе гуфтаанд, дар ҳоле, ки тасмими ниҳоии парлумон дар ин масъала аз пеш маълум шудааст, ширкати онҳо дар баҳсҳои парлумонӣ чандон аҳамият ва маънӣ нахоҳад дошт.

"ҶӮГӢ" БО "МАРКАБ"-У "МУҶАССАМАИ ИШҚ" ДАР МАСКАВ

Дар ин ҳафта дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ҷашнвораи навбатии филмҳо аз кишварҳои муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик доир шуд. Аз 15 кишвари шуравии собиқ дар ҷашнвораи имсола танҳо синамогарони туркман ширкат надоштаанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши ҳунарӣ ин навбат якбора се филм - филми ҳунарии "Муҷассамаи Ишқ"-и коргардон Умеди Мирзоширин, филми мустанади "Ҷӯгӣ"-и Аловуддин Абдуллоев ва филми тасвирии "Маркаб", моли коргардон Бахтиёр Қаҳҳоров намояндагӣ мекард.
Саъдуллоҳ Раҳимов, муҳаққиқ дар риштаи синамои тоҷик ва аз ширкаткунандагон ҷашнвораи Маскав мегуяд, бори нахуст пас аз як фосилаи тулонӣ бо дастовардҳои кишварҳои шуравии собиқ дар ҳаимн ҷашнвора ошно шуд ва барояш пешрафтҳои масалан синамои узбак дар ин 12 соли гузашта ҳайратангез менамоянд. Ва аммо дар мавриди муаррифии филми Муҷассамаи Ишқ, танҳо филми ҳунарии тоҷикӣ дар ҷашнвораи Маскав Саъдуллоҳ Раҳимов гуфт: "Филм пас аз даҳсолаи сукут аваллин филми ҳунарӣ дар синамогарии тоҷик аст. Дар он сухан аз ишқи бачагӣ ва бузургсолӣ меравад ва дигар ҳаводис дар атрофи он мечарханд."
Филми дигар аз Тоҷикистонро Аловуддин Абдуллоев, коргардони театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов аз шаҳри Қурғонтеппа руи навор овардааст. У мегуяд, филми "Ҷугӣ" аз рузгору ривоятҳои рузгори қавми ҷугии сокини ноҳияи Колхозободи водии Вахш ҳикоят мекунад: "Рӯзгори ҷӯгиҳои Тоҷикистон бори аввал аст, ки руйи навор меояд. Онҳо худро «мугат» меноманд. Мо ҳам дар аввал хостем филмро «Мугат» ном бигузорем, аммо ба далели ин, ки ин мардум дар Тоҷикистон аслан бо номи «ҷӯгӣ» маъруф ҳастанд ,«Ҷӯгӣ» гуфтем. Дар таҳияи филм аз повести «Ҷӯгӣ»-и Сорбон истифода шудааст."
Бахтиёр Қаҳҳоров, коргардони дигари тоҷик ва муаллифи филми тасвирии "Маркаб" мегуяд, мутаассифона, дар ҳоли ҳозир у ягона коргардони филмҳои тасвирӣ дар Тоҷикистон аст ва ин филми даҳдақиқаиро аз 15 000 расму тасвир ва аз хотироти ширини даврони кудакии худ офаридааст: "Ман ҳарчанд зодаи Душанбе ҳастам, аммо ба деҳа ба зиёрати бобоям зиёд мерафтам ва филм як навъ парвози хаёли ҳамон боздидҳост."
Саъдуллоҳ Раҳимов мегуяд, синамои тоҷик дар тули солҳои гузашта аз замони суқути Шуравӣ тавоноии дар гузашта доштаашро хеле аз даст дод ва он намунаҳое, ки дар ҷашнвораи Маскав ба маърази тамошо гузошта шуданд, аввалин намунаҳои дубора руи по шудани синамои миллӣ аст.
Синамошиноси тоҷик мегуяд, синамои тоҷик акнун дубора раҳгардон шудаву худо кунад, ки то ҷашнвораҳои баъдӣ намунаҳои беҳтару қобили муқоиса ва сабқат бо филмҳои кишварҳои дигари минтақаро ба вуҷуд орад.

Бо умеди расидан ба чунин рузе, ки мусоҳиби мо Саъдуллоҳ Раҳимов орзуяшро мекунад ва бо умеди рузи хушу ҳафтаи хуштаре барои ҳамаи шумо, мерасем ба поёни нашри навбатии маҷаллаи "7 Рузи Тоҷикистон".
Ман, Мирзои Салимпур, масъули муаррифии ин барнома дар ҳамин ҷо бо шумо худоҳофизӣ мекунам.
То ҳафтаи дигар ва то "7 Рузи дигари Тоҷикистон". Худо нигаҳбони ҳамаи шумо.
XS
SM
MD
LG