Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз 26 июл то 1 август


Бо гармтарин саломҳо ба якояки шунавандагони азиз, Мирзои Салимпурам бо нашри навбатии маҷаллаи "7 Рузи Тоҷикистон" ва бо нигоҳе чанд ба таҳаввулоти муҳими ин кишвар дар зарфи як ҳафтае, ки гузашт.
Чанду чунии чанде аз ин таҳаввулоти муҳимро мо дар қисмати баъдии ин барнома ба баррасӣ хоҳем гирифт, вале феълан бо нигоҳе ба сархати ахбори муҳими ҳафтаи гузашта дар назди микрофон ҳамкорам Хиромони Бақозода.

АХБОР

Фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ироқу Афғонистон генерал Ҷон Абузайд дар ин ҳафта аз Тоҷикистон дидан ва бо раисиҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот намуд. Генерал Абузайд дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон дар пайи хуруҷи нируҳои марзбони рус ба кумаки ҷомиаи ҷаҳонӣ ва Амрико ниёз пайдо хоҳад кард. Ҷон Абузайд, ки силсиласафареро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом медод, ҳамчунин гуфтааст, ки дар ҷараёни ин сафар масъалаи ба Ироқ фиристодани нируҳо аз ин кишварҳо матраҳ набуд.

Комиссияи Аврупо дар ҳафтаи гузашта хабар дод, ки барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 350 000 евро кумак мекунад. Ин маблағ сарфи барномаҳои таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо оби ошомиданӣ хоҳад шуд. Селу боришоти шадиди ду ҳафтаи пеш боиси гилолудагии манобеъи оби поки пойтахти Тоҷикистон шудааст. Ва низ дар ҳамин ҳафта хуруҷи гази хлор дар истгоҳи тасфияи об мунҷар ба маҷруҳияти 4 корманди идораи обу корези шаҳри Душанбе шудааст.

Давлати Чин як кумаки нави билоиваз ба маблағи 50 милён юан, муодили 6 милён долларро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Қарордоди марбута зимни иҷлосияи навбатии комиссияи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар дар Пекин ба имзо расидааст. Гуфта мешавад, кумакҳои Чин сарфи барномаҳои коҳиши фақри аҳолии Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб 7 мавриди гирифтории мардум ба бемории сиёҳзахмро ошкор кардаанд.
Манбаъи сирояти ин беморӣ чорвои як сокини рустои Корези Болои ноҳияи Кулоб будааст.Гуфта мешавад, ин нафар гушти як гови беморашро дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кулоб ба фуруш задааст ва аз ин лиҳоз табибон эҳтимоли афзоиши шумори беморони сиёҳзахмро дар минтақа сарфи назар намекунанд.

Ширкати украинии "Градострой" мехоҳад дар Тоҷикистон манзилҳои нави бисёрқабата бунёд кунад. Одил Сангов, муовини раиси Утоқи Тиҷоративу Саноатии Тоҷикистон гуфт, сармоягузории ин барномаро низ ҷониби украинӣ анҷом медиҳад: "Ин нахустин қадами тоҷирони Украина ба бозори манзилсозии Тоҷикистон аст. Онҳо метавонанд аз сифр сар кунанд, яъне замин гирифта, манзил созанд ва баъдан манзилҳои сохташударо бо нархи бозор фурухта, пули худро баргардонанд." Қарор аст, дар авоили моҳи август як ҳайъати мутахассисони ширкати "Градострой" барои омухтани ҷузъиёти ин масъала ва таҳқиқи вазъи бозори манзил дар Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шавад.

Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар ин ҳафта ба хабаргузории "Интерфакс" гуфт, тафтиши парвандаҳои ҷиноии вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов ва ду бародари фармондеҳи кушташудаи Иттиҳоди пешини мухолифини тоҷик Ризвон Содиров то чанд рузи дигар ба поён хоҳад расид. Ёқуб Салимов ва бародарон Содировҳо бо дастури мақомоти Душанбе дар Русия боздошт ва аз он ҷо ба Тоҷикистон таҳвил шудаанд.Бобоҷон Бобохонов гуфт, Русия дар маҷмуъ тайи як соли гузашта 115 гумонбар ва 14 ҷинояткори хатарнокро ба Тоҷикистон супурда ва ҷониби Тоҷикистон дар ин муддат 14 нафарро ба Русия ихроҷ кардааст.

Дари осоишгоҳи "Хоҷаобигарм" баъди ду ҳафтаи таваққуф ба руи истироҳаткунандагон дубора боз мешавад. Муқим Ҳикматов, раиси шурои осоишгоҳҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, куллия иншооти поксозӣ ва роҳи мошингарди ба суи осоишгоҳи Хоҷаобигарм оҷилан тармим шудааст. Ҳамин манбаъ гуфт, дар мавсими имсола алакай 5 000 нафар аз хидмати осоишгоҳҳои Тоҷикистон, ба мисли "Хоҷаобигарм", "Обигарм", "Шоҳамбарӣ", "Уротеппа", "Қаротоғ" ва "Ҳавотоғ" истифода бурдаанд.

ПОЁНИ АХБОР


Як ҷаҳон ташаккур ба Хиромони Бақозода, ки сархати ахбори муҳими ин ҳафтаи Тоҷикистонро барои мову шумо ёдоварӣ мекард. Аммо акнун аз тафсилоти чанде аз онҳо суҳбат хоҳем кард ва нахуст аз тафсилоти сафари кутоҳи генерал Ҷон Абузайд ба Тоҷикистон.

Фармондеҳи ситоди марказии нируҳои артиши Амрико, ки фармондеҳии нируҳои он кишвар дар Ироқу Афғонистонро низ бар уҳда дорад, дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон баъди хуруҷи нируҳои марзбонии Русия дар роҳи ҳифзи марзҳояш бо Афғонистон ба кумаки ҷаҳон ва Амрико ниёз пайдо хоҳад кард.
Ҷон Абузайд, ки дар пайи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо хабарнигорон суҳбат мекард, дар ин робита гуфт: "Ба назар ман, дар байни Тоҷикистону Русия як қарордоди бисёр хуб дар бораи берун кашидани нируҳои марзбонӣ баста шудааст. Ман мутмаинам, ки мақомоти Тоҷикистон барои таҳкими ҳифозати марзҳои худ барномаҳои хубе дар даст доранд. Ва ба бовари ман, муштаракан бо кумаки ҷомиаи байналмилалӣ барои ҳалли масоили марзие, ба мисли қочоқи маводи мухаддир, кушиш хоҳанд кард. Ийолоти Муттаҳида бо Тоҷикистон равобити қавии дуҷониба дорад ва ин барои ҳар ду кишвар аз лиҳози амниятӣ як амри лозим аст. Ин масъала ба вижа дар ин қисмати ҷаҳон, ки бо масоили тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир рубаруст, басо муҳим ба назар мерасад. Амрико ҳамчун як кишвари мустақил равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо Русияву Итиҳоди Аврупо ва паймони НАТО-ро низ истиқбол мекунад. Ҳар фаъолияте, ки ба фоидаи муборизаи мо бо терроризму қочоқи маводи мухаддир бошад, ман фикр мекунам, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Амрико хуб аст."
Аммо тавре ба назар мерасад, Максим Пешков, сафири Русия дар Тоҷикистон бо чунин хушбинии генерал Абузайд чандон мувофиқ нест. Максим Пешков дар суҳбате, ки нашрияи русии "Красная Звезда", чопи Маскав, низ дар ҳафтаи гузашта нашр намуд, гуфтааст, кумакҳои Амрико ба кумитаи марзбонии Тоҷикистон ҳудуди 3 милён долларро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо хароҷоти Русия дар роҳи ҳифозати марзҳои ин кишвар бо Афғонистон ба маротиб камтар аст.
Оқои Пешков гуфтааст, у шубҳа дорад, ки кадом кишвари дигаре баробари Русия дар амри ҳифозати марзҳои Тоҷикистон саҳим шуда, асокири худро ба ин марз бифиристад ва ё сармояҳои бузургеро сарфи таъмини ҳифзи он марзҳо намояд.
Максим Пешков гуфтааст, дар сурати хуруҷи нируҳои марзбони рус давлати Тоҷикистон қодир нест ҳифозати марз бо Афғонистонро ба гунае ташкил кунад, ки феълан марзбонони рус доранд анҷом медиҳанд.
Ба ин далел, афзудааст оқои Пешков, Тоҷикистон бояд инро ҳам андеша карда бошад, ки баъди хуруҷи сарҳадбонони рус бо кадом пайомадҳо ва бо чӣ мушкилоте рубару хоҳад шуд.

--------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Дар ҳамин ҳол, Вошингтон аз як барномаи нави ироаи кумакҳои низомиаш ба артиши Тоҷикистонро хабар дода гуфтааст, ин барнома дар маҷмуъ 1 милёну 700 000 долларро дар бар хоҳад гирифт.
Қарордоди марбута байни сафорати Амрико дар Душанбе ва вазорати дифоъи Тоҷикистон рузи чоршанбеи ҳафтаи гузашта ба имзо расид.
Томас Армбрустер, кордори сафорати Амрико дар пайи имзои ин тавофуқ гуфт: "Ин қарордоде, ки имрӯз ба имзо расид, дар ихтиёри вазорати дифоъи Тоҷикистон вогузор кардани воситаҳои нави мухобиротӣ мутобиқи стандартҳои созмони НАТО-ро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин ҷиҳати омӯзиш додани усули истифодаи ин дастгоҳҳои мухобиротӣ як даври дуҳафтаинаи таълимӣ низ барои мутахассисони вазорати дифоъ доир хоҳад шуд."
Рамил Нодиров, фармондеҳи ситоди кулли артиши Тоҷикистон гуфт, қарордоди имзошуда танҳо қадами аввал дар роҳи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Амрикост: "Ин нахустин иқдом дар ҷиҳати амалӣ шудани барномаи кӯмак ба вазорати дифоъи Тоҷикистон аст, ки дар оянда инчунин омӯзиши забони инглисӣ додани мутахассисони вазорати дифоъ, омодасозии кадрҳои низомӣ, мусоидат ҷиҳати ширкати намояндагони идораи низомии Тоҷикистон дар форумҳои байналмилалиро пешбинӣ мекунад. Барномаи мазкур бар изофаи ин омӯзиши масоили амниятӣ ва мубориза бо терроризм ва таъмини таҷҳизоти муҳандисиро дар бар мегирад."

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Нашрияи амрикоии "Бизнис Булитин" дар шумораи навбатиаш ба вазъи содироти молу колои Амрико ба кишварҳои АвроОсиё ва аз ҷумла Осиёи Марказӣ пардохта навиштааст, дар соли 2003 содироти молҳои амрикоӣ ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ назар ба соли 2002 дар маҷмуъ беш аз 300 милён доллар коҳиш ёфта, 548 милён долларро ташкил додааст.
Ин нашрия менависад, тайи соли гузашта содироти Амрико ба Қазоқистон 436 милён доллар ва ба Туркманистон 13 милён доллар камтар шудааст. Аммо ба фарқ аз онҳо, содироти молҳои амрикоӣ ба се кишвари дигари минтақа дар ҳоли афзоиш будааст ва аз ҷумла Амрико содироташ ба Узбакистонро қариб 2 маротиба афзуда, ба 256 милён доллар расондааст.
Соли гузашта Тоҷикистон аз Амрико ба миқдори 50 милён доллар мол ворид кардааст, ки назар ба як соли пеш 50 дарсад ё худ 17 милён доллар бештар аст. Тоҷикистон бо ин мизони воридоти маҳсулоти амрикоӣ баъди Узбакистону Қазоқистон дар мақоми севвум ҷой гирифтааст, чунки ин рақам барои Қирғизистону Туркманистон камтар аз 40 милён доллар будааст.
Аммо "Бизнис Булитин" мегуяд, бахши бузурги содироти молҳои Амрико ба Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунон аз кумакҳои хайрия иборат аст.
Аз Ҷамшед Раҳмонбердиев, як иқтисодшиноси тоҷик, ки барои нашрияи амрикоии Бизнис Булитин низ кор мекунад, аввал аз ҳама пурсидам, ки дар равобити иқтисодии Тоҷикистону Амрико чӣ равандҳое феълан ҷараён доранд?
Ҷамшед Раҳмонбердиев гуфт: "Дар соҳоти иқтисодӣ раванди рушд, албатта, мушоҳида мешавад. Вуҷуди чанд корхонаи муштараке, ки алакай бомуваффақият фаъолият доранд, низ ба ин далолат мекунад.Зимнан чанд барномаи дигари ҳамкорӣ низ пеши дасти ман аст, ки дар маърази гуфтугуи тарафайн қарор доранд, вале ҳануз дар ҳоли иҷро гузошта нашудаанд. Ин лоиҳаҳо ду риштаи кишоварзӣ ва нақлиётро дар бар мегиранд."
Аммо, Ҷамшед, бубинед, аксаран чӣ дар маҳфилҳои давлатӣ ва чӣ дар маҳфилҳои ғайридавлатии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки Амрико равобиташ бо кишварҳое ба мисли Тоҷикистонро бо ироаи танҳо кумакҳои хайрия маҳдуд карда, ба сармоягузориҳои ҷиддиву мустақим ба иқтисоди чунин кишварҳо таваҷҷуҳи камтар нишон медиҳад...

Ҷ. Раҳмонбердиев: "Адами сармоягузориҳо аз суи Амрико, албатта, айби кадом як кишвар нест. Ин масъалаи тиҷорат аст ва барои худ бархурди муносиберо металабад. Тайи муддати кори худ ман дар ин ҷо ба ғайр аз зербинои қонунгузорӣ боз ба чанди мушкили дигаре ҳам рубару задам, ки дастрасӣ ба сармояҳои Амрикоро монеъ мешаванд. Мушкили аввал одоби тиҷорат аст, чунки дар Тоҷикистон ба сурати умум ҳануз ҳам бар он меъёрҳое амал намекунанд, ки дар Ғарб роиҷ бошанд. Ин ҳам дар ҷараёни музокироту мукотиботи ҷории тиҷоратӣ дахл дорад ва ҳам ба тарзу усули умумии пешбурди тиҷорат дар ин кишвар.
Он теъдоди ками корхонаҳое, ки дар ин ҷо фаъолият доранд, асосан бо мушкилоте амсоли камбуди маблағгузории барномаҳо, мизони пасти тахассус ва заъфи раҳбарӣ зимни қабули қарорҳо рубару мешаванд.
Чунин омилҳо монеъи рушди равобит мешаванд ва роҳи ҳалл пайдо кардани менеҷерҳоест, ки донишу ҷаҳонбинии муосир дошта, вазъи бозорҳои ҷаҳониро хуб омухта бошанд."

Ҷамшед Раҳмонбердиев ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон бо Амрико ба вижа дар ду соҳаи кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ метавонад ҳамкориҳои хубтаре ба роҳ гузоранд.Аммо у мегуяд, бо вуҷуди доштани қонунгузории пуримтиёзе дар риштаи ҷалби сармоя Тоҷикистон ба иллати надоштани менеҷерҳои хубу муталлеъ аз вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ибтикорро дар ин ришта ба кишварҳои дигар додааст.
Ва дар поёни суҳбат аз Ҷамшед Раҳмонбердиев ҳамчунин хоҳиш кардам, ки нашрияи "Бизнис Булитин"-ро барои шунавандагони мо муаррифӣ кунад. Оқои Раҳмонбердиев гуфт: "Механизми кори мо аз ҷамъоварии маълумоти оморӣ иборат нест, балки мо як маркази иттилоотиву машваратием, ки ба ширкатҳои амрикоӣ дар ҷиҳати густариши содироти моли онҳо мусоидат мекунад. Аммо барои ширкатҳои маҳалӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ, мо ба истилоф калиди тиҷорати онҳо бо Амрикоем."

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ахиран раҳбари пешину акнун бознишастаи департаменти дуввуми АвроОсиёи Сандуқи Ҷаҳонии Пул Ҷон Одлинг Смиро мушовири худ дар умури иқтисодӣ таъйин кард.
Бар асоси ин фармон, Ҷон Одлинг Сми ҳар сари шаш моҳ барои ду ҳафта ба Тоҷикистон омада, ба таҳқиқи масоили иқтисодии ин кишвар хоҳад пардохт.
Файзуллоҳ Холбобоев, мушовири аршади раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури ислоҳоти иқтисодӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳазинаи фаъолияти оқои Сми дар ин симати навро давлати Бритониё бар уҳда гирифтааст. У афзуд: "Ҷон Одлинг Сми ба сифати консултант ҳамроҳ бо тими иқтисодии ҳукумат кор хоҳад кард. У дар замони ҳукумати Маргарет Тетчер дар давлати Бритониё ба масоили ислоҳоти иқтисодӣ машғул буд ва мо мехоҳем таҷрибаи уро дар ин роҳ дар Тоҷикистон истифода намоем."
Ҷалби Ҷон Одлинг Сми ба умури ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон барои ин кишвар таҷрибаи нав аст ва у аввалин хориҷиест, ки ба сифати мушовир ё худ консултанти раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Коршиносони тоҷик ба сурати умум истихдоми корманди собиқи баландпояи Сандуқи Ҷаҳонии Пул аз суи президент Раҳмоновро амали мусбат мехонанд ва мегуянд, шояд ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳи бештари чунин созмонҳои муътабари молӣ ба мисли Сандуқи Ҷаҳонии Пул ба масоили иқтисодии Тоҷикистонро низ ба ҳадаф дошта бошад.
Аммо Аслам Муъминов, таҳлилгари тоҷик мегуяд, таъйиноти Ҷон Одлинг Сми ба норизоияти президент аз фаъолиятҳои тими иқтисодии ҳукумат низ ишора мекунад: "Мумкин аст, ки президент ба иқтисоддонҳои тоҷик бовар надорад ва ё сабаби дигари миушовири хориҷӣ гирифтанаш дар он бошад, ки ҷалби сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон бештар кунад. Ва ҳам шояд ин иқдоми президент барои он , ки таҷрубаи Ғарбро мушовири хориҷиаш дар иқтисоди Тоҷикистон ҷорӣ мекунад, мусбат бошад. Вале аз тарафи дигар, чӣ гуна метавон аз берун истода, ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон баҳо дод ва барои рафъи камбудиҳо чора ҷуст."
Ба ҳар сурат, фаъолияти Ҷон Одлинг Сми ба сифати мушовири иқтисодии президенти Тоҷикистон ҳануз амалан шуруъ нашуда ва, ба назари бештари коршиносон, фаъолияти уро дар ин симат фақат бо гузашти вақт, масалан баъди як соли дигар, мешавад натиҷагирӣ кард. Ин ҳам гуфтанист, ки қарордоди оқои Сми бо давлати Тоҷикистон низ феълан барои як сол баста шудааст.

--------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

ЧЕҲРАИ ҲАФТА.

Мо ин навбат ба сифати чеҳраи ҳафта боғбони дарвозиеро интихоб кардем, ки дар боғи дар камари куҳ руёндааш 24 навъи анҷир, 17 навъи хурмо, анвоъи мухталифи себро парвариш мекунад. Ҷамъи анвоъи меваҷот дар боғи Ғозибек Шодиев ҳудуди 2 000 будааст, вале, бар замми ин ҳама, у муваффақ шудааст аз як бутта ҳам помидору ҳам картошка руёнда, харбузаро ... бо каду пайванд диҳад. Ин ҳама дар камари куҳ ва он ҳам куҳи Дарвоз.
Ғозибек Шодиев қаҳрамони нашри навбатии гушаи "Чеҳраи Ҳафта" аст, ки ҳамкори мо Раҳматкарими Давлат пас дидани ин боғи ҳайратангез дар Дарвоз таҳия кардааст.

БОҒИ БЕҲАМТОИ БОҒБОНИ ДАРВОЗӢ

Як боғбони муваффақ воқеъ дар ноҳияи Дарвози Бадахшони Тоҷикистон дар пайи озмоиш ва таҷрибаҳои мустақилонаи хеш тайи даҳ соли охир дар бахши боғдорӣ ба дастовардҳои шигифтангез даст ёфтааст. Ғозибек Шодиев дар даҳ соли охир бар асари омӯзиши иқлими минтақаи Дарвоз ва имкони парвариши растаниҳои мухталиф дар он шароит ва муқоисаи он бо дигар манотиқ аз ҷумла муваффақ шудааст, ки аз 32 намуди анҷири мавҷуд дар ҷаҳон 24- тоашро дар боғи хеш мутобиқ сохта ба самар бирасонад.
То чанд соли пеш, мегӯяд оқои Ғозибек дар ин минтақа, танҳо ду намуди анҷир парвариш мешуд: "Аз ҳамин 24 навъе, ки гуфтем, 4 навъаш сорти селексионӣ аст, яъне ин навъҳо гул мекунанд, аммо ҳосил намедиҳанд, инҳо барои ба вуҷуд овардани навъи дигар бисёр самараи хуб доранд."

Аммо хурмо. Ғозибек дар ин минтақа ба унвони роиҷкунандаи парвариши хурмо низ шинохта мешавад. Ӯ, ки худ дар риштаи набототшиносӣ тахассус дорад, мегӯяд, дар ҳеҷ яке дигар боғҳои намунавии ҷумҳурӣ ҳатто наметавон масалан 18 намуди хурморо дар якҷоягӣ пайдо кард. Масалан дар бозорҳои Душанбе маркази Тоҷикистон танҳо се намуди хурмо дар мавсими он дида мешавад. Аммо дар боғи ин қаҳрамони мо ман ва хабарнигорони ҳамроҳам анвоеро аз хурмо мебинем, ки бароямон ҳайратовар аст, яке ба шакли бодиринг яке ба шакли банан, дигаре ба намуди мандарин ва аз дидагиҳои мо яке ҳам ба гунаи калаи марди кулоҳдор.
Аммо тавассути чӣ заҳмате ин кор ба ӯ даст додааст: "Аз ҳамин 24 навъи хурмо, ки дар дунё ҳаст, аз ҳамин 17 навъи хурморо ман паҳн кардаам. На танҳо дар Душанбе, балки дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистон 17 навъи хурмо вуҷуд надорад. Ман бо боварӣ мегӯям, зеро ман баъзеи онҳоро берун аз ҷумҳурӣ аз Туркманистон ва кишварҳои дигар дастрас кардем. Баъзе навъҳое дорем, ки умуман дар ҷумҳурӣ нест, баъзе навъҳоро гӯем, ки худамон баровардем, хато намекунем, дурага кардем, пайванд кардем. Дар ин ҷо фақат як намуди ёбоӣ ангури чинӣ ва ё ба ибораи дигарон челон буд, ки андозааш бисёр хурд аст."
Аммо себ. Ӯ номи аксари анвои себи боғашро ба забон меорад ва мегӯяд, ин номҳое мебошад, ки аслан Мичурин ба ин анвои себ гузошта аст. Аммо як себро хубонӣ ном мебарад ва ман аз ӯ мепурсам, ки оё таърихи ин номро ҳам медонад?
Ғозибек Шодиев қисса мекунад: "Ин як афсона барин то ҳозир омадааст. Кампире дар ҳавлиаш себ доштааст, вақте ки себ пайванд мекунанд, аз рӯи шунидаи ман вай илтимос мекунад, касе себашро пайванд намекунад. Ӯ мебинад ва худаш пайванд мекунад, пайванди кардааш мегирад. Вақте себаш ба ҳосил медарояд, себи он аз себҳои дигар тамоман фарқ мекунад. Бисёр себи маъруф мешавад ва ҳар касе барои пайвандгирӣ меравад, мегӯянд аз себи кампири Хубон биёред ва аз ин ҷо номи себи хубонӣ мебарояд ва то ҳозира мемонад."
Аз ин ҷиҳат, мегӯяд оқои Ғозибек, ӯ ҳамеша барои худ ва барои тамоми ҳамдиёронаш ба сурати бедареғ дар пайванд задани ниҳолҳо кӯмак кардааст.
Вале барои ман ҷолибтар аз дидани ҳудуди ду ҳазор намуди мева, помидоре буд, ки дар танаи картошка ва харбузае, ки ба каду пайванд зада буд: "Таҷрибаи пайванди картошкаву помидор вуҷуд дошт, лекин ин корро дар ҳамин ҷо ҳеҷ кас накарда буд. Ман ин корро барои он кардам, ки ҳавас пайдо шавад. Вақте ки вай мерасад аз боло помидор меканед аз зер картошка мегиред."
Ғозибек Шодиев мегӯяд, эҷоди боғ ва шароити кӯҳистон инчунин барои парвариши оруи асал низ мусоид мебошад. Ӯ бисту ҳашт сол ба парвариши занбӯри асал низ шуғл дорад. Мегӯянд агар якбора 100 занбӯри асал одамро бигазад, имкони мурдани у вуҷуд дорад, вале қаҳрамони мо мегӯяд: "Чӣ хеле ки занбӯри қуттӣ хест, аз сарам то поям ба баданам шишт. Ман одатан чӣ хеле ҳастам, ки бе ниқоб кор мекунам, вақте газиданд ва рафтанд, ман гуфтам, ки неши вайора аз бадани ман канед. Яке кам ҳаштод неш канданд, мумкин чанд таи дигараш газида бошад, лекин нешаш дар бадани ман намонда бошад. Чунон баданам дард кард, чунки агар бештар аз 100 ору одамро газад хатари мурданаш вуҷуд дорад, тоқат намекунад инсон. Оилаам (ҳамсарам) омад гуфт, ки рафта духтури маҳаллиро биёрам, гуфтам не, гуфтам мулло биёрӣ хубтарай. (механдад)"
Ӯ мӯътақид аст, ки дар шароити бисёр сангини иқтисодии имрӯз як тоҷик бидуни он ки ба Русия барои мардикорӣ биравад ва ё сарбози нирӯҳои русӣ бошад низ метавонад, таввасути заҳмати ҳалол шароити маишати хонаводаи худро таъмин кунад.
Оқои Ғозибек мегӯяд, дар эҷоди ин боғ ва анҷоми таҷрибаҳои амалӣ танҳо аз воситаҳои худӣ истифода карда ва аз куҷое кӯмак дарёфт накардааст. Барои шодобсозии боғе, ки дар доманакӯҳ эҷод шудааст, аз дурии 1000 метр тавассути шикофтани дили кӯҳ ҷӯй кофта шудааст: "Хайр, ана ҳамин мавзеъе, ки ман хона кардам, як мавзеъе буд, ки бобоҳомон ҳатто дар ҳамин ҷа хона накарда буданд. Як сабабаш танқисии обу кам будани хоку..."
Аммо касби аслии қаҳрамони мо омӯзгорист. Вай мегӯяд, бо 30 сомонӣ маоши моҳонаи муаллимӣ наметавонад, рӯзгори хонаводаашро таъмин кунад. Агар боғаш набошад. Аммо ба мисли ҳамаи муаллимони дигари деҳа пешниҳод кардаанд, ки агар узвияти Ҳизби Халқӣ-Демократиро, ки ҳизби ҳоким аст, напазирад, бояд муаллимиро низ тарк кунад. Оқои Ғозибек мегӯяд, ин ба истилоҳ ба ҷои кӯмаки ҳукумат ба як муаллими деҳот аст. Ӯ мегӯяд бештар аз Ленин доҳии пролетарҳои ҷаҳон миннатпазир аст, ки дар соли 1919 пардохти молиёт аз парвариши занбӯри асалро лағв кард ва то кунун ин декрети Ленин дар Тоҷикистон қувваи қонунро дорад.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Дарвоз.

--------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Дар ҳоле, ки то шуруъи Олимпиадаи Афин ҳамагӣ камтар аз ду ҳафтаи дигар фурсат мондааст, дар ин ҳафта дар Душанбе пеш аз эъзоми тими олимпии Тоҷикистон ба Бозиҳои Афин анҷумани навбатии Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон баргузор ва Ғаффор Мирзоевро барои боз як давраи чорсола раис интихоб намуд.
Аммо Ғаффор Мирзоев, ки пеш аз дубора интихоб шуданаш ба ин симат дар бораи натоиҷи фаъолиятҳои кумитаи олимпӣ гузориш медод, гуфт, натоиҷи воқеъии фаъолияти онҳо дар ҳамин Олимпиадаи Афин маълум хоҳанд шуд.
Дар анҷумани Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон зимнан аз тими олимпии ин кишвар низ истиқбол шуд. Тоҷикистонро дар бозиҳои Афин 9 варзишгар - Гулсара Додобоева дар дави марафонӣ, Юсуф Абдусаломов, Шомил Алиев, Наталя Иванова ва Лидия Карамчакова дар гуштии тарзи озод, Наргис Набиева дар камонварӣ, Шералӣ Достиев дар муштзанӣ, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Сергей Бабиков дар навъи варзиши тирандозӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Хайриниссо Мавлонова, муовини сарвазири Тоҷикистон дар анҷумани Кумитаи Миллии Олимпии кишвар гуфт, ки ҳама аҳли Тоҷикистон дар рузҳои Олимпиада аз варзишгарони худ мухлисӣ хоҳанд кард ва мехоҳанд парчами Тоҷикистон дар Афин ба шарафи ҳар кадоми онҳо афрохта шавад.
Либоси варзишии тими олимпии Тоҷикистонро ширкати маъруфи олмонии "Пума" духтааст ва Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон барои пирузӣ дар бозиҳои Афин барои ҳар варзишгаре, ки қаҳрамони ин бозиҳо мешавад, ба маблағи 50 000 доллар ҷоиза муқаррар кардааст.
Барои ҷойи дуввум 30 000 ва барои ҷойи севвум ва нишони биринҷии ин бозиҳо 20 000 доллар дода хоҳад шуд.
Ва аммо орзуи ҳар варзишгар аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ албатта пирузӣ ва танҳо пирузист.
Ва мо низ бо орзуи пирузӣ барои ҳамаи варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо ва бо орзуи сарбаландии ҳамаи шумо мерасем ба поёни нашри навбатӣ аз маҷаллаи "7 Рузи Тоҷикистон".
Ман, Мирзои Салимпур дар ҳамин ҷо бо шумо худоҳофизӣ мекунам. То ҳафтаи дигар ва то "7 Рузи дигари Тоҷикистон" худо нигаҳбон ва рузу рузгор барои ҳамаи шумо хуш.
XS
SM
MD
LG