Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони кишварҳои узви ЕСО дар Душанбе


Сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва ё ЕСО натоиҷи кори ҳаштумин иҷлоси ин созмон дар Душанберо созанда ва муҳим арзёбӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси ҷадиди Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ зимни як нишасти хабарӣ гуфт, роҳбарони кишварҳои узви ЕСО бар зарурати сармоягузории ин созмон дар тарҳҳои муҳими иқтисодии минтақа ба хусус бахшҳои энержӣ, саноеъ, нақлиёт ва мухобирот таъкид карданд.
Оқои Раҳмонов ҳамчунин гуфт, ки дар нишасти роҳбарони кишварҳои узви EСО роҷеъ ба таҳкими амнияти минтақа ва бар зарурати таҳияи як созишномаи тиҷорати миёни кишварҳо таъкид шуда ва ҳамзамон аз ҳамаи онҳо даъват шудааст, ҳарчӣ зудтар дар таҳия ва қабули ин санад иқдом кунанд.

Ба гуфтаи раиси Шурои роҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар заминаи ин созишнома ташкили як минтақаи бози тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон то соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмонов ба сифати мизбон ва раиси ин нишаст ҳамчунин ташкили Сандуқи кӯмаки молии кишварҳои узви ЕСО барои бозсозии Афғонистонро аз дастовардҳои дигари иҷлоси Душанбе арзёбӣ кард.
Вай гуфт: "Акнун ин ҳисоб нав кушода шуд. Доир ба ҳиссаи ҳар як кишвар ба Афғонистон, Тоҷикистон аз он ҷумла мо пули сеюмро бунёд карда истодаем дар қисмати шимоли Афғонистон ба Бадахшони Афғонистон ва Бадахшони Тоҷикистон. Пули чаҳорум пули бузургтарин дар Шерхон - бандар, ки Тоҷикистонро бо Кобул пайваст мекунад, ба маблағи чилупанч миллион доллар аз ҷониби амрикоихо шурӯъ шудааст."

Асхат Оразбой, намоянда аз давлати Қазоқистон, ки дар ин нишаст ба вазифаи дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисод баргузида шуд, гуфт, Покистон нахустин кишвари узви ЕСО аст, ки аз ироаи кӯмаки панҷ миллион долларӣ барои бозсозии Афғонистон эълом доштааст. Оқои Оразбай ҳамзамон таъкид кард, ки созмони мазкур ниҳодест, ки усулан масоили иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавиро дар ин замина асоси кори худ қарор додааст: "Масоиле, ки марбути терроризм аст, масоиле, ки ба мавзӯоти низомӣ рабт дорад, дар рӯзномаи кори созмони мо ҷой надорад. Аз ин хотир мо танҳо масоили иқтисодӣ ва мушкилоти рушди иқтисоди кишварҳои узвро асоси кори худ қарор додаем."

Ва аммо дар Эъломияи Душанбе, ки аз сӯи роҳбарони кишварҳои узви созмон дар ин нишаст қабул шуд, ҷиҳати таъмини шароити мусоид ва муносиби иқтисодӣ дар минтака аз ниҳодҳои зиддахли кишварҳои узв даъват шудааст, то дар роҳи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, шустушӯи пул ва ҷиноёти байналмилалӣ фаъолиятҳои худро ҳамоҳанг кунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
Ҳосили нишасти созмони ЕСО
Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мелангад?
XS
SM
MD
LG