Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон дар бораи Муҳаммадрузӣ Искандаров


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Додситони кулли Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи ин кишварро дар як идда аз ҷиноёт ба мисли фасоди молӣ, ришват, тороҷи маблағ ва амволи давлатӣ гунаҳкор кардааст. Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон бо интишори як мақолаи муфассал зери унвони "Вазъи воқеӣ тамоман дигар аст" дар шумораи ахири "Ҷумҳурият" нашрияи расмии ҳукумати кишвар ширкати давлатии "Тоҷикгаз" тайи замони раҳбарии Муҳаммадрузӣ Искандаровро дар нақзи муқаррарот, сирқати маблағу амвол ва муомилоти ғайриқонунӣ дар фурӯши газ муттаҳам донистааст. Аз ҷумла дар ин мақола омадааст, ки собиқ роҳбари ин корхона Муҳаммадрузӣ Искандаров бо зери по гузоштани муқаррароти мавҷуд ва бар хилофи манофеи корхона аз муомилоти мукаррари шубҳанок кор гирифта, заминаро барои талаву тороҷи амвол ва маблағи идораи давлатӣ фароҳам сохтааст.

Дар ҷои дигари ин мақола омадааст, ки Муҳаммадрузӣ Искандаров ба хотири ба амал баровардани мақсадҳои ҷинояткоронаи худ, ки бевосита ба дуздии моликияти давлатӣ равона шуда буданд, ба вазифаҳои масъули сохторҳои "Тоҷикгаз" танҳо нафарони ба роҳбарият содиқро таъйин кардааст.
Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки вай дар робита ба мақолаи нашркардааш чизе илова карданӣ нест, вале ҳамзамон ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир рад кард.: "Аз он газет пурратар дар куҷо нависам, ман хостам ҳақиқати ҳолро мардум журналистҳо ҳама фаҳмад, ҳақиқати ҳолро. То кая вай тӯҳмату бӯҳтон карда, мегардад, ай ҳақиқат дур рафта, чӣ дар бораи афв, чӣ дар бораи дело. Даҳҳо делаҳо ҳаст, 26 дело ҳаст, лекин ҳоли конкретна (мушаххасан) дар ҳаққи вай нест. Ман ягон кораш надорам, ҳоле биёяд ватанаш омадан гирад."

Аммо дар мақолаи додситони кулл ҳамчунин аз парвандаи дар се соли қабли алайҳи Искандаров, ки вобаста ба истифода ва нигаҳдории силоҳҳои ғайриқонунӣ дар манзили зист ва ҳамчунин бо худ гардонидани муҳофизони ғайриқонунӣ ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид мешавад, ки боздошти таҳқиқи он далели комилан қатъ кардани бозрасиро надорад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик нашри мақолаи мазкурро вобаста ба фаъолиятҳои ахири Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва дар мавқеи ошкори алайҳи ҳукумат қарор гирифтани роҳбарияти он мебинанд.

Шокирҷон Ҳакимов - коршиноси тоҷик бар ин назараст, ки узвияти Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффофу демократӣ ва интиқодоти вай аз сиёсатҳои раҳбарияти кишвар боиси афзоиши нуфузи ин ҳизб ва роҳбари вай дар ҷомеаи кишвар шудааст. Вай мегӯяд, роҳбарияти кишвар таҳаммули рушди як чеҳраи дигари сиёсӣ дар кишварро дар баробари раиси ҷумҳур надорад: "Яке аз ҳадафҳои асосӣ ва стратегӣ аз чопи чунин мақола дар он аст, ки воқеан аз бозгашти Муҳаммадрузӣ Искандаров ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад ва ба ҳамин восита фаъолияти ҲДТ ба сифати як созмони сиёсӣ, ки дар интихоботҳои қарибулвуқӯи ҳам парламент ва ҳам президент мехост, мустақиман ширкат карда, андешаҳояшро баён дорад, халалдор хоҳад шуд."

Вале дар мақолаи додситони кулл омадааст, ки бархе аз намояндаҳои собиқи мухолифин, ки бо далоили мушаххас ва ноӯҳдабароӣ аз масъулияти давлатӣ барканор шудаанд, худро ба сифати ҷабрдида ҷилва медиҳанд. Ба гуфтаи оқои Бобохонов нашри ин матлаб ҳеҷ гуна ҳадафи сиёсӣ надошта ва дар заминаи маводи тафтишот иншо шудааст. Дар ҳамин ҳол бархе аз масъулини Ҳизби демократии Тоҷикистон чопи ин мақоларо аз қисматҳои ҷудогонаи барномаҳои қаблазинтихоботии ҳукумати кишвар ба зидди мухолифин арзёбӣ карданд.
Раҳматулло Валиев дабири масъули ҲДТ дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, додситони кулл бо нашри як матлаби мушобеҳе фаъолияти ширкати "Барқи Тоҷик" як ниҳоди дигари зери назорати вазорати энержии кишварро шадидан интиқод кард. Аммо баъди гузашти як фурсати кӯтоҳ раиси ин ширкат бо фармони раиси ҷумҳур вазири энергетикаи Тоҷикистон таъйин гардид.

Ба ақидаи оқои Валиев, нашри ин мақола дар заминаи сиёсӣ сурат гирифтааст: "Ҳадаф аз чопи ин мақола ин як маъракаи пеш аз интихоботӣ аст. Ва Искандаров як лидери сиёсӣ ва шахсиятҳои Тоҷикистон аст, ки мехоҳад, дар интихоботҳои Тоҷикистон ҳам дар парламент ва ҳам дар президентӣ номзадии худро гузорад ва ҳадаф аз байн бурдани ҳамин шахсият аст." Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик тайи замони раҳбарӣ дар ширкати "Тоҷикгаз" дар соли 2000 тавассути додситонӣ мавриди бозҷӯӣ ва тафтиш қарор гирифта буд. Дар он замон дахолати мустақими президент ӯро аз идомаи бозҷӯии мақомоти тафтишот раҳо карда буд. Вале дар ду моҳи пеш, қабл аз як рӯзи мусофирати вай ба Маскав додситонии кулл ӯро дубора даъват ва тайи ҳашт соат ба сифати раиси пешини идораи "Тоҷикгаз" ва шоҳиди яке аз афроди боздоштшуда аз ин ширкат мавриди бозҷӯӣ қарор дод.
XS
SM
MD
LG