Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳсулоти саноатии Свердловск дар Душанбе


Дар Душанбе намоиши маҳсулоти саноатии вилояти Свердловски Русия боз шуд, ки дар он 25 корхонаи асосии ин вилоят, ба монанди "Уралгидромаш", "Уралвагон" ва дигарон ширкат карданд. Дар расми оғози намоиш сафири Русия дар Тоҷикистон Маским Пешков гуфт, бар замми тавлидоти ин корхонаҳо чанд барномаи муштараки иқтисодӣ миёни онон ва ширкатҳои Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
Дар намоиш анвои гуногуни техникаи кишоварзӣ, ба монанди трактору булдозерҳо, насос ё обкаш ва дигар таҷҳизоти обёрии замин, абзори нирӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шудаанд.
Ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов гуфт, барои бархурдорӣ аз намоишгоҳ саноатчиён ва соҳибкорони тоҷик аз ҳамаи вилоятҳои кишвар даъват шудаанд. Вай гуфт, шак надорад, ки намоишгоҳ ба густариши робитаҳои дутарафа мусоидат хоҳад кард. Охири моҳи ноябр дар Душанбе боз як намоиши саноатии Русия ва форуми иқтисодии дутарафа баргузор мешавад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG