Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамоли украинӣ ба Осиёи Марказӣ мерасад?


Мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ гуфт, баъд аз ҳодисаҳои Украина фишори ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба созмонҳои байнулмилалии муқими ин кишварҳо афзойиш хоҳад ёфт. Дейвид Люис афзуд, пас аз инқилоби садбаргҳои Гурҷистон бархе аз ниҳодҳои байнулмилалӣ дар Ӯзбакистон баста шуданд ва акнун баъд аз рӯйдодҳои Украина дар Қирғизистон ва Тоҷикистон нисбати онҳо садоҳои таҳдидомез баланд мешаванд.
Люис ҳамчунин гуфт, барои ҳукуматҳо осонтар мешавад, ки бо иттиҳоми "хизмат ба Ғарб" ба сарони оппозисюн ҳамла кунанд ва ҳама гуна талабҳои демократияро ба низоъҳои геополитикӣ нисбат диҳанд. Вай гуфт, "дар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтарин ширкати оппозисюн дар қудрат манъ аст, матбуоти мустақил ба навъе вуҷуд дорад ва интихоботҳо нимаозод мебошанд".
Ахиран додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар нишасти хабарӣ дар робита бо ҳабси раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, гуфт, бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ ба он сармоягузорӣ мекунанд, ки Тоҷикистонро ба соли 1992, яъне хушунатҳои дохилӣ баргардонанд. Ва ҳукумати Қирғизистон рӯзи чоршанбе тарҳи қонунеро ба порлумон пешниҳод кард, ки ҷамъомад ва намоишҳои оммавиро дар назди биноҳои муҳими давлатӣ манъ мекунад.
XS
SM
MD
LG