Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони ришвахор, номаи дарднок ба Раҳмонов, садои оби тоза


РИШВАТСИТОНӢ ДАР ФУРУДГОҲУ ИСТГОҲИ РОҲИ ОҲАН

«Нақлиёт» - нашрияи вазорати роҳи Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Рустам Азизов - сардори бахши назорати умумии додситонии нақлиёти ин кишвар мавзӯи тахаллуфи қонун тавассути кормандони назоратгоҳҳои сарҳадӣ дар терминали роҳи оҳан ва фурудгоҳи шаҳри Душанбе, аз ҷумла чиптаҷаллобӣ ва ришватситониро ба баррасӣ гирифтааст. Нашрияи мазкур аз қавли мусоҳиби худ навиштааст, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар пайи иқдомоти додситонии нақлиётӣ 22 нафар кормандони Роҳи оҳан ва фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои чиптаҷаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дар ин робита 8 нафар аз масъулин аз кор ихроҷ гардидаанд. Намояндаи додситонии нақлиётии Тоҷикистон ба хабарнигори нашрияи «Нақлиёт» ҳамчунин гуфтааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон барои тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ дар баробари 6 нафар корманди мақомоти гумрук парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба навиштаи «Нақлиёт», маҳз бо айби чунин афрод дар ҳамин давраи соли ҷорӣ 12 ҳолати кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз тариқи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба қайд гирифта шудааст.

НОМАИ ДАРДНОК БА УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОНОВ

«Нерӯи Сухан» номаи саркушодаи гурӯҳе аз сокинони деҳоти кишварро унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расонидааст. Муаллифони номаи саркушода бо матраҳ намудани мушкили мардум дар таъмини барқ дар деҳот ва навоҳии Тоҷикистон навиштаанд, ки то ба кай мардум ба хусус дар фасли зимистон аз камбуди барқ азоб мекашанд. Ба навиштаи онҳо, ҷаҳониён аз дастовардҳои ҳайратангези оламшумули хеш мефахранду аз осмон ситора мечинанд, аммо мо бошем, рӯ ба чароғи хирасӯзи бобоӣ овардаем. Дили мардум аз зиндагӣ хунук шудааст, дар ин торикистон ҷоҳилият хурофот ва ғайбат авҷ гирифтааст. Оё ин бесарусомониҳоро анҷоме дар пеш аст? - пурсидаанд муалифони номаи саркушода, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Дар замони мо навиштаанд, муаллифон касонеро, ки норасоиҳоро дида, садо баланд мекунанд, бад мебинанд, бо суханҳои таҳқиромези оппозитсия, иғвогар ва хоин дашном медиҳанд, аммо ин ба назари муаллифони матлаби «Нерӯи Сухан» мисли он аст, ки кӯдаки гурусна гиря дораду модари сангдил мегӯяд: "дамата гир"

"ШАБАКАИ ОБТАЪМИНКУНИИ ДУШАНБЕРО ЗУД ТАРМИМ КУНЕД"

Нашрияи русизабони «Азия-Плюс» навиштааст, ки дар мулоқоти ахири шаҳрдори Душанбе бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ тавофуқ ҳосил шудааст, ки шабакаи обрасонии пойтахти Тоҷикистон пеш аз мӯҳлати қаблан таъйин шуда, то охири соли 2005 мелодӣ бозсозӣ гардад. Бозсозии шабакаҳои обрасонии шаҳри Душанбе, ки қарор аст, бо кӯмаки молии Бонки Ҷаҳонӣ сурат бигирад, имкон медиҳад, сокинони шаҳри Душанбе ба оби тозаи ошомиданӣ дар тамоми нуқоти шаҳр таъмин гарданд.
XS
SM
MD
LG